Имрӯз терроризм ва экстремизм дар тамоми минтақаҳои гуногуни дунё паҳн гардидааст, ки мақсад ва ҳадафи онҳо вайрон намудани суботи сиёсӣ ва ҷомеа аст.
Амалиётгарони терроризму экстремизм кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки ба оромию осоиштагии кишвар халал ворид созанд. Вазъи имрӯзаи бамиёномада ҳар яки моро водор месозад, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем, баҳри ҳифзи сулҳу суботи ҷомеа, оромиву осудагии кишвар корҳои мушаххасро ба сомон расонем. Ин амалҳои худро на дар гуфтор, балки дар амал низ татбиқ намоем.
Терроризм ва ифротгароӣ яке аз зуҳуроти номатлуб дар замони имрӯза ба шумор рафта, он боиси ба миён омадани оқибатҳои нохуш–таҳдид ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ мебошад.
Солҳои охир доир ба афзудан ва густариши экстремизм, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлуб зиёд ҳарф мезанем, ки ин боиси нигаронист. Терроризм як навъ сиёсат, идеология ё амали иборат аз таҳдид, зӯроварӣ, фишороварӣ ба шахсони алоҳида, ҷомеа, ҳокимият, институтҳои ҳокимиятӣ, давлат ва низоми идоракунии он ба ҳисоб рафта, баҳри расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, идеологӣ, геополитикӣ ва имкониятҳои гуногуни тарҳрезишуда равона гардидааст.
Мушоҳидаҳо собит менамоянд, ки амалҳои террористӣ, пеш аз ҳама, зидди давлат равона гардида, вазифаи аввалиндараҷаи он ин зери итоати худ даровардани давлат, сохторҳои он, тамоми ҷомеа буда, иҷборан аз онҳо талаби иҷрои хоҳишҳои худ ва сарпарастонашонро менамоянд.
Имрӯз моро зарур аст, ки байни ҷавонон бисёртар кор кунем, аҳли ҷомеаро ҳушдор созем, ки бори дигар ба кори таълиму тарбия, пурсамар гузаштани вақти хонандагон, ҷалби онон ба маҳфилҳои гуногуни нафърасон мусоидат созем. Пайваста талош варзем, то фарҳанги динию миллиамонро боло бардорем. Наслҳои ҷавони ояндаро тавре тарбия намоем, ки фирефтаи ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ нашаванд ва барои пойдору мустаҳкам нигоҳ доштани манфиатҳои миллӣ, сулҳу суботи кишвар, ваҳдату Истиқлоли Ватани азизамон масъулиятшинос бошанд.
Волидонро мебояд, ки ҳисси дӯст доштани Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллию давлатӣ, ҳимояи марзу буми Ватани азизамонро дар саргаҳи андешаҳои тафаккури миллии фарзандон қарор дода, ба ифодаи нақши зан ва модари босавод дар тарбияи насли худогоҳу хештаншинос масъулияти худро иҷро намоянд. Зеро дӯст доштани Ватан, соҳиби ифтихори миллӣ будан, хештаншиносу меҳанпарвар будан барои ҳар як шаҳрванд саодати бузург аст. Барои ояндаи кишвари худ заҳмат кашидану талош варзидан низ боиси ифтихормандӣ ва шарафмандии ҳар сокини кишвар ба ҳисоб меравад.
Наботов Насим,
Сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе