26-уми январи соли равон дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Муҳоҷир”- и Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати натиҷагирӣ намудан аз фаъолияти солонаи ташкилоти ибтидоӣ дар соли 2023 ва вазифаҳо барои соли 2024 маҷлиси умумӣ баргузор гардид.
Дар кори маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Каримзода Нилуфар Раҳмоналӣ, мудири шуъбаи ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Ҳомидзода Насим ва муовини сардори Хадамоти муҳоҷират Шарифзода Маҳмадсалим Пир ширкат варзиданд.
Вобаста ба баррасии рӯзномаи маҷлис, нахуст ҳисоботи Раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ “Муҳоҷир”- и Хадамоти муҳоҷират – Нодирзода Иматшо оид ба фаъолияти ташкилот дар соли 2023 шунида шуд. Аз ҷумла, қайд карда шуд, ки ташкилоти ибтидоии ҲХДТ “Муҳоҷир”-и Хадамоти муҳоҷират ҳамкории худро бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демокртаии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур хуб ба роҳ монда аст.
Дар Хадамоти муҳоҷират ҷашнҳои расмӣ, Рӯзи Артиши миллӣ, Рӯзи модар – 8 Март, Иди байналмилалии Наврӯз, Ваҳдати миллӣ, Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи 16 Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 10 декабр Рузи таъсисёбии ҲХДТ ва дигар ҷашнҳо бо баргузории маҷлисҳои тантанавӣ ва иштироки васеи кормандон ҷашн гирифта шуд, ки дар баргузории иду ҷашнҳо ба аъзоёни Ташкилоти ибтидоии ҲХДТ “Муҳоҷир”- и дар Хадамоти муҳоҷират аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур бо Ифтихорнома, Сипоснома ва Раҳматнома барои эҳтиром, арҷгузорӣ ва саҳми арзанда доштан дар иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбарияти ҳизб қадрдони карда шуданд.
Ташкилоти ибтидоии “Муҳоҷир” дар асоси нақшаи чорабиниҳо оид ба баргузории мулоқоту вохӯриҳои ташкилоти ибтидоии “Муҳоҷир” ҷиҳати дар амал татбиқ намудани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни аъзоёни ҳизб мулоқоту вохӯриҳо баргузор намуд. Дар мулоқоту вохӯриҳои мазкур намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, вакилони мардумӣ ва гуруҳҳои таблиғотии назди Кумита иштирок намуда, нуқтаҳои асосии Паёмро ба кормандон ва аъзоёни ҳизб расониданд.
Бо мақсади иҷроиши барқияи электронии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе аз 03.02.2023 таҳти № 09 ва нақша – чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур оиди ба роҳ мондани корҳои таблиғу ташвиқ ва ҷалби сокинони бешуғл аз ноҳияҳои шаҳри Душанбе ҷиҳати фаро гирифтан ба кор дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи НБО “Роғун” дар ҳамдастӣ бо ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Муҳоҷир”-и Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии судманд баргузор гардид.
Аз ҷумла, 31- уми марти соли 2023 дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур барои ишғоли ҷойҳои кории холӣ дар ширкатҳои сохтмонии ҶСК “НБО Роғун” дар ҳудуди кӯчаи Нисор Муҳаммади ноҳияи Шоҳмансур ярмаркаи ҷойҳои кории холиро ташкил намуданд.
Зимни баргузории ярмаркаи мазкур аз ҷониби масъулин ба корҷӯён маълумот оид ба ҷойҳои кории холӣ дар бахшҳои гуногуни Ҷамъияти саҳомии кушодаи “НБО Роғун” пешниҳод гардид. Барои сафарбар намудан ба кор 41 нафар муроҷиат намуданд, ки аз ҷониби намояндагони сохторҳои марбута номнавис карда шуданд.
Бояд гуфт, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Муҳоҷир”-и Хадамоти муҳоҷират дар якҷоягӣ бо Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур бо мақсади сафарбар намудани сокинони бешуғл ба ҷойҳои кории холӣ дар НБО “Роғун” тадбирҳои заруриро амалӣ намуда ва минбаъд низ тасмим гирифтааст, ки ташкил ва баргузории чунин ярмаркаҳои ҷойҳои кории холиро бо фарогири аксияҳои тарғиботӣ, нашри эълонҳо дар саҳифаҳои иҷтимоӣ ва доир намудани корҳои иттилоотӣ-маърифатиро миёни сокинон ба роҳ монад.
20 ноябри соли равон дар назди бинои Сирки давлатии пойтахт бо ибтикори Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои зертобеъи он дар ҳамбастагӣ бо дафтари Намояндагии МД “Маркази сершуғли муҳоҷират”- и шаҳри Москва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КИ ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ярмаркаи ҷойҳои холии корӣ ва вазифаҳои озод доир шуд. Ин чорабини муҳим дар доираи эълон гардидани солҳои 2022-2026 “Солҳои рушди саноат” ва нақшаи муштараки Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҷиҳати ҷалби ҳарчи бештари аҳолии бекор – шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар ширкатҳои истеҳсолӣ ва сохтмонии Федератсияи Россия, инчунин дар корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ва НБО “Роғун” мебошад.
Дар ярмаркаи мазкур, зиёда аз 5000 ҷойи холии корӣ, аз ҷумла 2000 ҷойи корӣ дар Федератсияи Россия ва боқимондаи он дар дохилӣ кишвар ба шаҳрвандон пешниҳод гардид.
Ҳамзамон, дар ҷараёни ярмарка аз ҷониби ташкилкунандагон ба иштирокчиёни ярмарка буклетҳо ба миқдори зиёда аз 200 нусха ва корҳои иттилоотӣ-фаҳмондадиҳӣ оид ба ҷалби шаҳрвандон барои кор дар ширкатҳои сохтмонии Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи Неругоҳи Барқи Обии «Роғун» ба роҳ монда, маслиҳатҳои муфид дода шуд, – афзуд Нодирзода И.
Дар ин радиф, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Каримзода Нилуфар Раҳмоналӣ, мудири шуъбаи ҷавонони КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Ҳомидзода Насим ва муовини сардори Раёсати муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ Хадамоти муҳоҷират Маҳмадуллозода Хайриддин доир ба нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 28 декабри соли 2023, инчунин, доир ба нақш ва мақоми ҲХДТ дар роҳи ташаккули давлатдории тоҷикон баромад намуданд.
Зимнан, зикр гардид, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун созмони боэътимоди сиёсии мардумӣ таҳти роҳбарии Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ барои устувориву пойдории сулҳ ва ободии Ватан кӯшиш ба харҷ дода, ҳадафи асосиаш низ дар роҳи устуворсозии ваҳдату ягонагӣ ва таъмини ояндаи неки кишвар равона гардидааст.
Мавриди зикр аст, ки ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Муҳоҷир” минбаъд низ дар асоси дастуру супоришҳои сохторҳои болоии ҳизб ва нақшаи кории худ фаъолияташро ба роҳ монда оид ба масъалаҳои ҳизбӣ, зиёд намудани сафи аъзои ҳизб ва дигар масъалаҳои сиёсӣ кӯшиш менамояд.
Дар фарҷоми маҷлис як қатор фаъолони ҳизбӣ бо ифтихорномаву сипосномаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур сарфароз гардонида шуданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират