• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Наврӯз – ҷашни миллӣ ва мероси таърихӣ

Migration Service by Migration Service
14.03.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Наврӯз – ҷашни миллӣ ва мероси таърихӣ
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Наврӯз яке аз ҷашнҳои қадимаи мардуми ориёитабор буда, аз қадимулайём дар қатори дигар идҳои мардуми тоҷикзабон, аз ҷумла Меҳргон, Сада ва Тиргон бо як шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешуд. Мафҳуми калимаи Наврӯз аз калимаи тоҷикӣ гирифта шуда, маънои “рӯзи нав”, “тоза”, ”рӯзи нахустин” буда, ин таҷлилу тантанаи иди баҳор ва сароғози соли нав аст, ки он ифодагари эҳёи табиат, бедоршавии набототу ҳайвонот мебошад.

Он ба рӯзи аввали солшумории шамсӣ ё 21-уми марти солшумории мелодӣ рост меояд. Ин ҷашн таърихи зиёда аз сеҳазорсола дорад, ки аз қадимтарин ва куҳантарин иди мардуми ориёитабор ба шумор меравад. Наврӯз таърихи хеле қадима дорад. Аксарияти сарчашмаҳои таърихӣ пайдоиши онро дар давраи ҳукмронии шоҳ  Ҷамшед нисбат медиҳанд. Аз ҷумла, Ҳаким Фирдавсӣ дар яке аз бобҳои оғози “Шоҳнома” овардааст, ки Ҷамшед баъд аз поён бахшидани корҳои бузург дар даврони ҳукмронии хеш бо ёрии фарри каёнӣ тахте сохт ва онро бо дурру гавҳар биёрост ва чун нахустин бор девҳо, ки дар итоати Ҷамшед буданд, тахтро ба дӯш гирифта, аз замин боло шуданд, нури офтоб ба чеҳраи Ҷамшед ва бар тахти ӯ метобид ва инъикос шуда дурахш мекард. Мардум ин ҳодисаро дида, ба ҳайрат афтоданд ва он рӯзро “рӯзи нав” номиданд, ки он ба рӯзи 1-уми моҳи ҳамал (21-уми март) рост меомад. Аз ҳамин сабаб, дар адабиёт ва ривоятҳову устураҳои таърихӣ шоҳ Ҷамшедро асосгузори Наврӯз номидаанд. Наврӯз дар фарҳанги мо тоҷикон рӯзи нав, рӯзи шодӣ, рӯзи бахшиши гуноҳҳои якдигар, рӯзи оштӣ аст. Тамоми мавҷудоти зинда дар ин вақт дубора эҳё мешаванд.

Омад-омади ин ҷашни бузурги аҷдодиро миллати тоҷик имрӯзҳо бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн мегиранд. Наврӯз дорои хусусиятҳои ба худ хос мебошад. Одамон пеш аз ид хонаҳояшонро тоза менамоянд ва занҳо ба пӯхтани таомҳои миллӣ машғул мешаванд. Яке аз таомҳои миллӣ Суманак мебошад, ки он ифодагари ин ҷашн аст. Дар рӯзи ид одамон бо либосҳои идона вориди ҷашнгоҳ мешаванд ва дастархони идона ташкил медиҳанд. Занҳо хони идонаро бо нозу неъматҳои “ҳафт сину ҳафт шин” оро медиҳанд. Бачаҳо бошанд, ба ҳаргуна бозиҳо машғул мешаванд. Ҳамин тавр, имрӯзҳо ин ҷашни аҷдодӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои  кишварамон бо як шукӯҳи хоса ҷашн гирифта мешавад.

Барои ҷаҳонишавии Наврӯз саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят бузург мебошад. Бо талошҳои ҳамаҷонибаи Пешвои миллат аз 30-юми сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ғайримоддии фарҳанги башарият дохил карда шуд ва 19-уми феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64-ум аз ҷониби Маҷмааи Умумии СММ Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон карда шуда, дар саросари ҷаҳон бо як шаҳомат таҷлил мегардад.

Дар давраи истиқлоли давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз шукӯҳу таҷаллои тоза пайдо намуд ва мо тоҷикон ин ҷашнро ҳамчун мероси муқаддастарини ниёгонамон ва ҷашни покию зебоӣ дар фазои истиқлолу ваҳдат бо шукргузорӣ бошукӯҳ таҷлил менамоем.

Базми гул дар чамани Наврӯз аст,

Даври гул-гулфикани Наврӯз аст,

То ба гардун сухани Наврӯз аст,

Тоҷикистон ватани Наврӯз аст.

Каримов Имомалӣ,

Мутухассиси пешбари бахши муҳоҷирати дохилӣ ва экологии Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд

Previous Post

Ба хатмкунандагон Сертификати забони англисӣ супорида шуд

Next Post

Терроризм ва экстремизм – омили даҳшатнок

Next Post
Мушкилоти глобалии замон

Терроризм ва экстремизм – омили даҳшатнок

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.