Наврӯз аз зумраи идҳое мебошад, ки онро мардуми тоҷик дар қатори дигар халқу миллатҳо бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил менамояд. Наврӯзро соли нави мардуми ориёитабор маънидод намуда, Наврӯз ҳар сол бо муҳаббату самимият пешвоз гирифта мешавад. Наврӯз маънии “рӯзи нав” – ро дошта, дар ибтидои соли нави хуршедӣ таҷлил мегардад. Он ҷашни фарорасии баҳори нозанину зиндашавии табиат, оғози кишту кор ва айёми баробаршавии шабу рӯз аст.
Наврӯз ҷашни бостонии қавмҳои ориёинажод буда, сарчашмаҳои таърихӣ ин иди суннатии мо аз давраҳои хеле қадим ҷашн гирифта мешавад. Ҷашни Наврӯз то ба давраи дини Зардуштӣ ҳам таҷлил гардида, иди баҳору шукуфоӣ ва зиндашавии табиат мебошад. Фалсафаи Наврӯз нафақат зиндашавии табиат, балки як воқеияти зиндагӣ аст, ки дар ҳамин рӯз таҳаввулоти бузурге ба вуҷуд меояду табиат эҳё мешавад. Ба гуфти бузургони гузаштаамон, Наврӯз ҷавоншавии табиат аст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо шарофати Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзишҳои зиёди миллии моро аз нав эҳё намуданд, ки дар миёни онҳо Наврӯз ҷойгоҳи хос дорад. Дар Тоҷикистон баъди расмиву давлатӣ гардидани ин ҷашн ҳамасола тамоми сокинони кишвар, аз хурд то бузург, ба таҷлили Наврӯз бо руҳбаландии хос омодагӣ мегиранд. Имрӯзҳо хурду бузурги кишвар интизори истиқболи Наврӯз мебошанд.
Наврӯз яке аз ҷашнҳои бостонии сарзамини Мовароуннаҳру Хуросони бузург буда, аз давраҳои пайдоишаш то ба имрӯз мақому манзалати худро на танҳо ҳифз намудааст, балки бо шарофати истиқлолият ба он арзишҳои милливу фарҳангӣ ҳамроҳ гардидааст. Тоҷикон, аз давраҳои бостонӣ ба ин ҷашни накӯиву рӯшноӣ эътимоду эътиқод доштанд. Бо баракати Истиқлоли давлатӣ, сулҳу суботи комил Наврӯз воқеан ба ҷашни мардумӣ табдил ёфт. Рукнҳои он дар Тоҷикистон устувор гардида, моро водор месозад, ки ба қадри ин ойини ниёгон расида бошем ва бештару зиёдтар арзишҳои волои наврӯзиро тарғибу ташвиқ намоем.
Бо бедор шудани табиат дар баҳорон Наврӯз ё Соли нави хуршедӣ фаро мерасад. Наврӯзи хуҷастапай бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тибқи қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ ҷашни байналмилалӣ эълон гардид. Имрӯз бо шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои муаззами миллат чунин шароиту имконият ба халқи тоҷик насиб гардидааст. Мо бояд ба қадри ин ҷашни миллӣ бирасем.
Наврӯз ҷашни бузурги бедоршавии табиат ва баробаршавии шабу рӯз мебошад, ки ҳазорсолаҳо боз ҳамчун ҷашни пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо, некӣ бар бадӣ ва оғозӣ хилқати инсону табиат дар байни мардуми Эрону Афғонистон, Тоҷикистон ва кишварҳои дигар таҷлил карда мешавад. Пеш аз фаро расидани Наврӯз мардум расму оинҳои гулгардонӣ, суманакпазӣ, ҷуфтбаророн ва ғайраро бо мақсаду ниятҳои нек иҷро мекарданд. Суманак – як навъи таоми мавсимию маросимии мардуми тоҷикон буда, дар арафаи ҷашни Наврӯз пухта мешавад.
Маҳз тавассути хизматҳои шоистаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Наврӯзи бостонии мо ҷаҳонӣ гардид. Фазилатҳои Наврӯз ободкориву тозакорӣ, навандешиву навсозӣ, мубарро сохтани зоҳиру ботин ва андешаву афкор аст, ки башарият ба он арҷ гузоштааст.Ҷаҳонишавии Наврӯз пеш аз ҳама эътирофи дастовардҳои миллати соҳибтаъриху соҳибтамаддуни тоҷик буда, рамзи худшиносиву ифтихори миллӣ, ваҳдату ҳамдилӣ, пайванди наслҳо, эҳёи табиат, ҷашни офариниш, шодиву нишот ва пирӯзии рӯшанӣ бар зулмат маҳсуб меёбад.
Барои ҷаҳонишавии Наврӯз саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят бузург аст. Дар давраи истиқлоли давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯз шукуҳу таҷаллои тоза пайдо намуд ва мо тоҷикон ин ҷашнро ҳамчун мероси муқаддастарини ниёгонамон ва ҷашни покию зебоӣ дар фазои истиқлолу ваҳдат бо шукргузорӣ бошукуҳ таҷлил менамоем.
Абдушаҳидов Ҳумоюн,
Сардори Раёсати ҳуқуқ, кадр ва корҳои махсуси Хадамоти муҳоҷират