Наврӯз ҷашни эҳёи олами хуфта, бедории табиат, оғози корҳои кишоварзӣ мебошад, ки паёмовари фасли баҳор, навшавии сол, омадани фасли гармо ба шумор меравад.
Созмони миллали муттаҳид 21-уми мартро ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз эътироф намудааст. Ҳамчунин ҷашни Наврӯз ба руйхати мероси ғайримоддии башарии ЮНЕСКО дохил шудааст. Бузургвор Умари Хайём дар хусуси Наврӯз ҳамчун падидаи муқаддас, пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, сароғози ҷунбишу рӯиш, эҳёи табиат, бисёр некӯ гуфтааст: “Ҳар кӣ Рӯзи Наврӯз ҷашн кунад ва ба хуррамӣ пайвандад, то Наврӯзи дигар умр дар шодиву хуррамӣ гузаронад”.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ таъкид намудаанд: “Дар фарҳанги мардуми мо ҷашни фархундаи Наврӯз ниҳоят азизу арҷманд буда, махсусан ба шарофати соҳибистиқлолӣ ба таври оммавӣ, бо иштироки хурду бузурги мардум доир мегардад. Ин ҷашни умумимиллӣ барои халқи мо мероси таърихӣ ба шумор меравад, зеро он аз гузаштагони дурамон ба ёдгор мондааст. Боиси ифтихор аст, ки дар поку беолоиш ва бегазанд ба насли имрӯз расонидани ин суннати бисёр гиромии таърихӣ саҳми фарзандони фарзонаи миллати тоҷик беназир мебошад”.
Наврӯзи Аҷам. Иди воқеан миллӣ ва аҷдодӣ, ба хонадони ҳар яки Шумо муборак бошад. Шукр, ки Худованд ману Шуморо ба Наврӯзи Нав расонид ва умед дорам, ки боз ба Наврӯзи дигар мерасонад. Дар хонадонатон саломати ба аҳли оилаатон ва наздиконатон тансиҳатию хушбахтӣ хоҳонем.
Маҷидова Нуқра,
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Рушон