Наврӯз яке аз писандидатарин идҳои миллии мардуми ориёитабори Машриқзамин мебошад, ки бо анъанаҳои башардӯстонаву созандаи худ – некӯкорӣ, хуррамиву хушҳолӣ, покдиливу ҳусният ва эҳтироми якдигар аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун дастоварди нодири тамаддуни инсонӣ пазируфта шуда, машҳури олам шудааст. Бузургони илму адаби мо мақом ва ҷойгоҳи ҷашни Наврӯзро дар масири ободкориву созандагӣ, якдиливу якмаромӣ, сарҷамъиву иттиҳод хеле шоиста унвон кардаанд.
Маҳз ҷавҳари созандагиву таҳаммулгароӣ, инсонмеҳварии Наврӯзи фархундапай буд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои хеш зикр доштанд, ки “Наврӯз аз муборактарин ҷашнҳои миллии мо, тоҷикон ва дигар мардуми ҳавзаи Наврӯз аст, ки аз замонҳои қадим то имрӯз бо ғояҳои олии башардӯстона – дӯстиву ҳамкорӣ, созандагиву ободкорӣ, инсондӯстиву хайрхоҳӣ ва шукргузорӣ аз зебоиву неъматҳои табиат мардумро гирди ҳам меорад”.
Наврӯз, ки дорои сифати умумибашарӣ ва ғояи гуманитарӣ мебошад, ҳамчун омили бунёди ваҳдатовар дар олами инсонӣ хидмат кардааст ва имрӯз рисолати худро боз ҳам дучанд иҷро месозад. Ҳамин буд, ки дар моҳи сентябри соли 2009 ЮНЕСКО – муассисаи илмиву фарҳангии Созмони Милал Наврӯзро дар феҳристи мероси фарҳанги башарӣ ворид ва моҳи феврали соли 2010 Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Иҷлосияи 64-уми худ қарореро ба тавсиб расонид, ки минбаъд 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз таҷлил мешавад, ки дар ин ҷода саъю талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беҳамтост.
Ҷашни Наврӯз, ҳамчун мероси ғайримодии миллати бостониамон, гувоҳи зиндаи таърихи шашҳазорсолаи халқи тоҷику форс мебошад. Вазифаи муҳимтарини мо, ворисони ин мероси бузург эҳёи арзишҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ барои баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву хештаншиносии мардум, хусусан наврасону ҷавонон, мебошад. Ба шарофати соҳибихтиёрӣ мо арзишҳои бостонӣ ва расму оинҳои неки миллиамонро эҳё карда, онҳоро ба хотири баланд бардоштани худогоҳиву худшиносии ҳамватанамон ва муаррифии шоистаи халқи куҳанбунёдамон дар арсаи ҷаҳон рушд дода истодаем, ки “Наврӯз”, “Тиргон”, “Меҳргон”, “Сада”, “Шашмақом” ва “Фалак” аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Наврӯз аз соли нави мелодӣ, ки иди тақвимӣ аст, фарқ менамояд. Наврӯзро табиат тӯҳфа кардааст ва ба ягон ҳодисот, ки таърихи инсоният, ҷашнҳои миллӣ, мазҳабӣ ва қавмӣ равобите надорад. Аз ин ҷост, ки вай сифати умумӣ дошта, ба иди тамоми олами инсонӣ табдил ёфтааст.
Донишманди бузург Абӯрайҳони Берунӣ мегӯяд, ки Худованд дар рӯзи Наврӯз нуру рӯшноиро офарид ва баъзе муаллифони дигар дар онанд, ки Наврӯз рӯзест, ки фалак ба гардиш оғоз намудааст. Боиси тааҷҷуб нест, ки ҳатто Абӯрайҳони Берунӣ ва Умари Хаём бар ин ситораҳои осмони ҳафтуми илмҳои дақиқ ҳангоми маънидод кардани пайдоиши Наврӯз ба забони устура ва ривояти динӣ ҳарф зада, таърихи онро аз аҳди Каюмарс, яъне аз худи офариниши одам сар кардаанд.
Баъзе аз мутафаккирони тоҷику форс мегӯянд, ки Наврӯз беш аз таърихи шашҳазорсола дошта, он дар аҳди шоҳони каёнӣ ва пеш аз зуҳури Зардушт ва китоби “Авасто” пайдо шуда, аслан ва табиатан ба дину мазҳаб иртибот надоштааст. Барои намуна Абӯалӣ ибни Сино, Абулқосими Фирдавсӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Умари Хайём, Ҳофизи Шерозӣ ва дигар бузургони илму адаби тоҷику форс дар бораи Наврӯз маълумот додаанд.
Шукрона мекунем, ки баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ таҳти роҳнамоии хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо тавонистем волотарин суннатҳо ва шукуҳмандтарин тантанаҳои наврӯзиро дар аҳди Курушу Доро, Исмоили Сомонӣ ва Борбаду Рӯдакӣ роиҷ будан идома дода, дар навбати худ мазмуну муҳтавои тоза бахшем ва Наврӯзро дубора эҳё намоем.
Зеро, Наврӯз аз замони пайдоиши худ то имрӯз дар ҳаёти маънавии мардуми мо нақши бузург бозида дар тамоми таърихи мавҷудияти хеш рамзи худшиносиву худогоҳӣ, иттиҳоду ҳамбастагии халқҳо, якдиливу якмаромӣ ва созандагию бунёдкориро ифода менамояд.
Хайридинзода Исфандиёр,
Сардори Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон