Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират аз шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ даъват менамояд, ки дар кишвари қабулкунандаи қувваи корӣ – Федератсияи Россия бояд қоидаҳои онро риоя намуда, нисбати худ ва ояндаи худ дурандеш бошед.
Ба иттилои Шумо мерасонем, ки шумо ба Федератсияи Россия ҳамчун шаҳрванди хориҷӣ бо мақсади дарёфти ҷойи кор ворид шудаеду бояд тартиботи дохилии кишвари хориҷиро риоя намоед. Дар хотир дошта бошед, ки шумо ҳамчун шаҳрванди хориҷӣ муваққатан дар Федератсияи Россия кору фаъолият ва зиндагӣ менамоеду боз дубора ба кишвари азизамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол бармегардед.
Намояндагӣ ба шумо тавсия медиҳад, ки дар ҳолатҳои берун аз корӣ ба китобхона, театр, намоишгоҳҳо, осорхонаҳо ва ҷойҳои маданиву фарҳангии ҳудуди ҷойи зисти худ рафта, фарҳанг, забон, таърих ва осори пурғании халқи Россияро аз худа намуда, барои ташаккули мадании ҷаҳонбинии худ талош намоед. Инчунин, шумо метавонед аз марказҳои маданиву фарҳангӣ, касбомӯзиву ҳунаромӯзӣ, донишгоҳу донишкадаҳоии олӣ, мактабҳои махсусгардонидашуда барои баланд бардоштани дараҷаи тахассусии худ истифода баред. Иловар бар ин, шумо метавонед ба шуъбаҳои ғоибона, фосилавии донишгоҳҳои олии Федератсияи Россия дохил шуда, барои беҳтар намудани сатҳи саводнокии хеш талош намоед. Дар ҳолати надоштани имкон метавонед курсҳо ва барномаҳои мазкурро ба таври ройгон аз воситаҳои ахбори омма – шабакаҳои иҷтимоӣ, аз қабили Ютубканал, Инстаграмм, Фейсбук, Телеграмм ва Вконтакте дастрас намоед. Ҳамзамон, дар иртибот ба ин ба шумо тавсия дода мешад, ки шабакаҳои иҷтимоиро самарнок истифода намуда, аз тамошои ролику барномаҳои характери ифротиву иртиҷоидошта ва ғайриманфиатнок худдорӣ намуда, қимматарин арзиши инсониӣ – вақти худро сарфа накунед.
Берун аз соатҳои корӣ, ки майли дилхушӣ доред ва мехоҳед ба сайёҳати мавзеҳҳои тамошобоб биравед, пас бояд нисбати атрофиён боэҳтиром бошед, ба сару либос, муйлаб, риш, муносибат ва рафтори худ аҳамияти ҷиддӣ дода, дар кӯчаву хиёбонҳо, нақлиётҳои ҷамъиятӣ, метро, боғу гулгаштҳо, осорхонаву театру кинотеатру марказҳои савдо ва бозорҳо бо садои баланд суҳбат накарда, нисбати калонсолон ва атрофиён эҳтироми хоса намоед, зеро сокинони муқимӣ дар симои шумо тамоми халқи шарифи Тоҷикистонро баҳо медиҳад. Дар хотир дошта бошед, ки шумо ворисони садҳо фарзандони баруманди миллати тоҷикед, ки онҳо дар ташаккули мадании олам нақши ногузир доранд.
Агар дар марказҳои дилхӯшӣ шароб нушидед ва ё хоҳиши тамоку кашидан доред пас бояд донед, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ нушидан ва истифода бурдани онҳо манъ мебошад. Ҳамзамон, пас аз шаробнӯшӣ бояд нисбати атрофиён соҳибэҳтиром бошеду ба ҳайёти орому осудаи сокинони маҳаллӣ халал ворид накунед.
Ба шумо тавсия дода мешавад, ки агар шумо муйлаб ва риш мондаед тибқи қоидаҳои шариати Ислом бояд ҳар рӯз онро тозаю покиза нигоҳ дореду тарзе онро нигоҳубин намоед, ки атрофиён аз шумо тарс надошта бошанд. Намозро дар ҷойҳои ҷамъиятие, ки қонунгузории Федератсияи Россия муайян намудааст, адо намоед. Дар ҷойҳое, ки хондани намоз манъ карда шудааст бояд дар он ҷой намоз находед.
Зарур аст, ки қоидаҳои мазкурро барои эҳтироми тарафайн, яъне муносибати сокинони муқимӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ риоя намоем. Дар хотир дошта бошем, ки ҳар яки мо тамоми миллати тоҷикро дар хориҷи кишвар муаррифӣ менамоем.
Намояндагӣ ба иттилои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар қаламрави Федератсияи Россия кор ва фаъолият менамояд, мерасонад, ки дар ҳолати пайдо гардидани савол ва ё мушкилот метавонанд ба Намояндагӣ муроҷиат намоянд.
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират
ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират