• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Обшавии босуръати пиряхҳо, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад

Migration Service by Migration Service
13.06.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Обшавии босуръати пиряхҳо, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Мушоҳидаҳои бисёрсола нишон медиҳанд, ки дар сатҳи Замин гармшавии глобалӣ ба назар мерасад, ки ин ба ҳолати захираҳои табиӣ аз қабили кӯлҳо, обанборҳо, дарёҳо ва пиряхҳо таъсири манфии бевоситаи худро расонида истодааст ва таъсири ин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ васеъ мушоҳида мегардад, чунки Тоҷикистон яке аз давлатҳое ба шумор меравад, ки дорои захираҳои обии фаровон аст.

Вобаста ба ҳолати кунунии пиряхҳои кишвар қайд намудан зарур аст, ки айни замон онҳо дар ҳолати таназзулёбӣ қарор дошта, сарҳади забонаи як қатор пиряхҳои азими кишвар оқибнишинӣ намуда, ҳаҷмашон кам гардидааст. Инчунин баъзе аз пиряхҳои ҳаҷми хурд дошта дар ҷумҳурӣ ва ҷаҳон, бинобар сабаби тағйирёбии иқлим ва баланд шудани ҳарорати ҳаво пурра аз байн рафтаанд.

Ҳамин аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи даҳсолаҳои охир дар тамоми баромадҳои хеш дар арсаи байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба тағйирёбии иқлим ва гармшавии глобалӣ, ки таъсири он бевосита ба захираҳои табиӣ мерасад, изҳори назар менамояд.

Барои мардуми шарафманди Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ифтихор аст, ки дар Иҷлосияи 77-уми Конфронси ҷонибҳои Конвенсияи қолабии СММ доир ба тағйирёбии иқлим, ки санаи 14 декабри соли 2022 баргузор гардид, пешниҳоди навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тарафдории 153 давлатҳои аъзо дастгирӣ ёфт.

Мояи ифтихор аст, ки дар асоси ин қатънома пешниҳодҳои ироашудаи Президенти кишвар аз ҷониби кишварҳои узви СММ дастгирӣ ёфтанд, аз ҷумла: Эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, Дар назди СММ таъсис додани Фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ ба ҳифзи пиряхҳо.

Бо намояндагии 60 – мамлакати љањон ва 2200 нафар мењмонони хориљи ва дохили дар Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо аз 29 то 31 май соли 2025 дар шањри Душанбе иштирок ва баромадњо карданд.

Боиси қайд аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлол гардидани худ ба масъалаҳои мубрами ҷаҳонӣ, ки барои беҳтар гардидани ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва беҳдоштию экологии мардуми сайёра равона карда шудаанд, эътибори ҷиддӣ дода, дар ҳаллу фасли онҳо тадбирҳои мушаххас пешниҳод кардааст. Масъалаи истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, махсусан масъалаҳои истифодаи самараноки захираҳои обӣ, дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ ва ҳолати беҳдоштӣ аз чунин ташаббусҳо ба ҳисоб мераванд.

Инак, пешниҳоди мазкур ташаббуси панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки барои дар амал татбиқ намудани он дар СММ Қатъномаи махсус қабул гардидааст. Ба ҳамагон маълум аст, ки мувофиқи қатъномаҳои аз тарафи СММ қабулгардида, бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2003 “Соли байналмилалии оби тоза”, солҳои 2005 – 2015 Даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт”, соли 2013 Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об ва ниҳоят солҳои 2018 – 2028 Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” эълон гардиданд.

Ҳамин тариқ, дар тӯли зиёда аз ду даҳсола Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим ва об дар ҷаҳон ҳамчун давлати пешоҳанг ва ташаббускор пазируфта шудааст.

Пиряхҳо на фақат захиракунандаи об, балки танзимкунандаи намӣ низ мебошанд: онҳо тағйирёбии масрафи дарёҳоро танзим намуда, зариби пасту баландшавии ҷараёнро паст мекунанд, ки ин барои тамоми соҳаҳои иқтисодиёт мусоид мебошад. Мутахассион бар он ақидаанд, ки об шудани пиряхҳои Тоҷикистон, таъсири манфӣ дошта, он ба сатҳи иқтисодиёт ва ба соҳаҳои гуногуни кишвар метавонад, зарба занад.

Дар ин маврид Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ борҳо нигаронӣ намуда, соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи пешвоёни Эътилофи обу иқлим қайд карда буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад.

Наботов Насим,

Сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

Previous Post

Корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни сокинони Ҷамоати деҳоти Зиракӣ шаҳри Кӯлоб

Next Post

Муқовимати дастаҷамъона бар зидди терроризм

Next Post
Муқовимати дастаҷамъона бар зидди терроризм

Муқовимати дастаҷамъона бар зидди терроризм

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.