• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Омӯзиши такмилдиҳӣ дар мавзуи “Барномаи Роҳнамоии пеш аз сафар барои муҳоҷирони меҳнатӣ”

Migration Service by Migration Service
01.04.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Омӯзиши такмилдиҳӣ дар мавзуи “Барномаи Роҳнамоии пеш аз сафар барои муҳоҷирони меҳнатӣ”
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Бо ташаббуси Созмони байналмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон (СБМ), рӯзи 31 март ва 1 апрели соли 2026 омӯзиши такмилдиҳӣ барои баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи касбии кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират ва зерсохтори он дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, инчунин МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” ва МД “Агентии бо кор таъминкунӣ ба хориҷа” дар мавзуи “Барномаи Роҳнамоии пеш аз сафар барои муҳоҷирони меҳнатӣ” баргузор гардид.

Пеш аз оғози чорабинӣ бо сухани ифтитоҳӣ Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо баромад намуда, қайд карданд, ки Созмони байналмилалии муҳоҷират  (СБМ) тасмим гирифтааст, ки барои мутахассисони соҳа машғулияти омӯзиширо аз рӯи барномаи омодагии пеш аз сафари муҳоҷирон баргузор намояд. Албатта, ин иқдом қобили дастгирӣ буда, ҷиҳати бештар пайдо намудани маълумот ва такмили ихтисоси онҳо такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Ҳадафи асосии барнома такмили малакаи кормандон мебошад, ки ба муҳоҷирони эҳтимолӣ Роҳнамоии пеш аз сафарро барои муҳоҷирати бехатар ва бо маълумоти кофӣ дар саросари Тоҷикистон пешниҳод мекунанд. Омӯзиши такмилӣ барои кормандони пештар омӯхташуда (ё нав) аз Агентии бо кор таъминкунӣ дар хориҷа, ҳамчунин марказҳои машваратӣ, ки дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ ҷойгир шудаанд, гузаронида мешавад. Омӯзиш ба тақвияти малакаҳои фасилитатории кормандон ва навсозии донишҳои онҳо оид ба маводи омодагии пеш аз сафар-PDO, ки ба муҳоҷират ба Давлати Қатар, Иморати Муттаҳидаи Араб, Туркия, Ҷопон ва Қазоқистон марбут аст, равона мегардад.

Муҳоҷирати меҳнатӣ як падидаи муҳими иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ки теъдоди зиёди шаҳрвандон барои ҷустуҷӯи имкониятҳои корӣ дар хориҷи кишвар равона шудаанд. Қисмати зиёди аҳолии синни кории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷ, асосан ба Федератсияи Россия, барои кор муҳоҷирати меҳнатӣ мекунанд, ки ин маҳдуд будани имкониятҳои кории дохилӣ рабт дорад. Бо вуҷуди ин, вобастагии қавӣ ба як кишвари маҳалли ниёз (Федератсияи Россия) чандин хатарҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ба вуҷуд меорад, аз ҷумла: Ҳассосият ба тағйирот дар сиёсати кишвари маҳалли ниёз (Федератсияи Россия), муқобилият бо истифодаи ғайриқонунии меҳнат ва набудани ҳимояи ҳуқуқӣ, тағйирёбии ҷараёни интиқолҳои пулӣ ва маҳдуд будани имкониятҳои корӣ барои муҳоҷирони баргашта.         

Дар ҳамин замина, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон диверсификатсияи кишварҳои мақсади муҳоҷирати меҳнатиро ҳамчун афзалияти миллӣ ҳисоб мекунад. Ин ҳадаф дар Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030 низ инъикос ёфтааст. Барномаи Диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатӣ мақсад дорад вобастагии Тоҷикистон ба як бозори меҳнатиро коҳиш дода, имкониятҳои муҳоҷират ба дигар кишварҳои мақсадиро васеъ намояд.

Иштирокчиён дар ҷараёни мизи муддавар фурсати баррасии мисолҳои амалӣ, мубодилаи таҷриба ва гирифтани машваратҳои муфидро пайдо карданд.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Мо бояд ҳамеша зидди ин хатари глобалии ҷаҳон мубориза барем

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.