Омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар замони муосир яке аз самтҳои авзалиятноки соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ ба ҳисоб меравад. Зеро ҷараёни ҷаҳонишавӣ таъсири амиқи худро дар ин самт гузошта, марҳила ба марҳила аз шаҳрвандон – муҳоҷирони меҳнатӣ донистани забони хориҷиро тақозо менамояд.
Зарурати омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар мадди назари давлату ҳукумат буда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар Паёмҳои худ ба Маҷлиси Миллӣ ва намояндагони Маҷлиси намояндагон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати забондонии ҷавонон дастуру супоришҳои мушахас медиҳад.
Бояд тазаккур дод, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми Хадамоти муҳоҷират МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ ва Бохтар амал мекунанд. Дар ин Марказҳо омӯзиши забонҳои англисӣ ва кореягӣ хуб ба роҳ монда шудааст.
Забон воситаи муомилот ва муоширати одамон аст. Донистани ин ё он забон ба кас имконият медиҳад, ки аз бурду бохт, имконияту вазъият ва камбудию талаботҳои рӯзмарраи ҳаёт огоҳ гардад. Донистани забони ғайр донистани воқеияти ҳаёти миллати дигар ва кулли дигаргуниҳои олам аст.
Забони хориҷиро шумораи зиёди мардум ҳамчун як воситаи алоқа дар роҳи ноил гаштан ба мақсадҳои худ мешуморанд, аммо танҳо чунин шакли хулосабарорӣ дуруст нест. Забони хориҷӣ инчунин, метавонад чун пуле бошад, ки ду соҳилро ба ҳамдигар мепайвандад, яъне ду халқро ба ҳам ошно месозад, ки ин низ яке аз мақсад ва ҳадафҳои Пешвои миллат ба шумор меравад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар ҳар Паёму баромадҳояшон ба масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуда, вазифадор намудаанд, ки ҳамгоми ҷомеаи ҷаҳонӣ бошем. Аз ин лиҳоз, ҳар як ҷавони миллатамон вазифадор аст, ки забон омӯзад ва ҳамқадами замона бошад. Инсон ҳамон вақт ҳамқадами замона шуда метавонад, ки аз фарҳангу маданияти худ огоҳ бошад. Зеро дар умум фарҳанг дарбаргирандаи ҳамаи паҳлӯҳои муҳими ҳаёти иҷтимоӣ ба ҳисоб меравад, ки аз бар кардани он, дарк карда фаҳмидани он, яке аз сарчашмаҳо дар авҷи камолоти инсон арзёбӣ карда мешавад. Доираи фарҳанг маҳдуд нест, вақте ки инсон донандаи забонҳои хориҷӣ мебошад, барои ӯ ҳамаи дарҳо дар роҳи огоҳ шудан на танҳо аз фарҳангу маданияти худ, балки аз фарҳанги халқу миллати дигар низ кушода аст.
Аз ин лиҳоз, дар назди МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагӣ пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” курсҳои ройгони омӯзиши забони англисӣ ва куриёӣ ташкил карда шудааст.
Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират