• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Осоиштагӣ аз амният аст

Migration Service by Migration Service
30.04.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
РОҲНАМОИ МУҲОҶИР:ТАЪМИНОТИ ИТТИЛООТӢ МУҲИМ АСТ!
306
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на кам аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Мубориза бо ин амали номатлуб фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини Ислом иртиботе надорад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, ки аз ин ваҳшонияти асримиёнагӣ пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд.

Дар шинохти террористу экстремист назарот ва шарҳу тафсир гуногунанд, вале дар баёни ин ки террорист кист, шарҳи беҳтаре аз гуфтаҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки пайваста таъкид мекунанд, наметавон ёфт: “Террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад”. Оре, террорист мавҷуди беҳувиятест, ки аз шуур, огоҳӣ, дарки маънои зиндагӣ ва дигар эҳсосу отифаи инсонӣ маҳрум буда, хатар, ваҳшоният ва зарари он, ҳатто аз хунхортарин ва бераҳмтарин ҳайвон низ бадтар аст. Яъне, террористро на танҳо наметавон инсон номид, балки ҳайвон шумурдани он низ тавҳин бар олами вуҳуш аст. Ифротиён ҷаллодони дастомӯзи аҳриман ҳастанд, ки бо даҳшатҳову ваҳшатҳо ба ҷойи зиндагӣ дар рӯйи замин тухми нифоқу нафрат ва марг мекоранд. Террорист мавҷуди маъюбу махуфу сиёҳи сарзамини ҷоҳилӣ аст, ки ҳар амалу рафтори хашини ӯ дар сиёҳтарин сафҳаи дафтари таърих аз худ нишон мегузорад.

Мусаллам аст, ки кишвари азизи мо – Тоҷикистон чун давлати соҳибистиқлолу озод наметавонад аз таҳдиду хатарҳои ин зуҳурот дар канор бошад. Бо дарки амиқ аз хатару таҳдидҳои терроризму ифротгароӣ барои суботу оромии сайёра Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳо ва мулоқоту вохӯриҳои худ дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон борҳо изҳори назар карданд. Аз ҷумла, Пешвои миллат таъкид карданд: “Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башар хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст”. Ҳамзамон, дар Тоҷикистон барои муҳайё кардани заминаҳои мубориза бо ҳама шаклҳои терроризму экстремизм қонуну стратегия ва консепсияҳои зиёде амал менамоянд, ки ҳама барои мутамарказу қавӣ кардани мубориза ва ҳамаҷониба маҳдуд кардани фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ равона шудаанд. Новобаста аз ин, чолишҳои дохиливу хориҷӣ ва воқеияти ҷаҳонӣ муосир гувоҳанд, ки ҳанӯз ҳам мавридҳои зиёди пайвастани шаҳрвандони кишвари мо ба сафи гурӯҳу ҳаракатҳои иртиҷоиву террористӣ ба чашм мерасанд.

Чунин гурӯҳҳои ташкилёфта ҳамчун силоҳи муборизаи геополитикӣ ва ҳамчун нерӯи тарғибгари сиёсӣ низомӣ барои давлат, миллат, фарҳанг, тамаддун, арзишҳои инсонӣ хатари ҷиддии ҳаётӣ пеш меоваранд.

Пас, мубориза бо ин «вабои аср», мубориза барои ҳаёт ва осоиштагии тамоми сайёра мебошад.

Абдуллоев Некрӯз,
мудири бахши робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Фаъолияти меҳнатӣ дар ширкати сохтмонии “Stone Design” Ҷумҳурии Черногория

Next Post

Мулоқоти судманд бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар Фурудгоҳи Душанбе

Next Post

Мулоқоти судманд бо муҳоҷирони меҳнатӣ дар Фурудгоҳи Душанбе

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.