Санаи 17 январи соли равон, дар синфхонаи МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе озмуни ҷойи холии корӣ дар ширкати сохтумонии “United Business Clubs, Bulgaria” (Ҷумҳурии Булғория) дар шакли видеоконфронс баргузор гардид.
Тавре аз Марказ иттилоъ доданд, иштирокчиён аз таҷирибаи кории худ дар рафти озмун маълумот пешниҳод намуданд. Марҳилаи дуюми озмун аз нишон додани таҷрибаи худ сурат мегирад.
Ширкати мазкур ба шаҳвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон кор дар самти сохтумониро бо музди маоши аз 700 евро боло бо ҷойи зисти ройгон ва як вақт хӯрока пешниҳод менамояд.
Баъд аз марҳилаҳои омодасозӣ шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба Ҷумҳурии Булғория сафарбар мегарданд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират