Яке аз мушкилоти асосие, ки имрўз ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла, сокинони кишвари моро ба ташвиш овардааст, паҳншавии зуҳуроти терроризм ва экстремизм, бахусус, ба ин гуна гурўҳҳои ифротгаро гаравидани ҷавонону ноболиғон мебошад.
Гуфтан ҷоиз аст, ки падидаҳое чун экстремизм ва терроризм аз ҷиҳати бунёдӣ он қадар нав нестанд. Маънои аслии экстремизм ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андеша ва амали тундравона, аз ҳадди андоза гузаштан мебошад.
Бояд зикр намуд, ки имрўз ягон давлате, ки аз терроризм ва экстремизм ҷабр надида бошад, нест. Танҳо чунин амалҳои ифротӣ дар манотиқи мухталиф ба таври гуногун зуҳур менамояд. Талаботи аъзои ин гурўҳҳо аз меъёрҳои ҳуқуқи конститутсионӣ, динӣ, ахлоқӣ, инсондўстӣ, меҳанпарастӣ, умуман, аз арзишҳои умумибашарӣ берун аст.
Ҳадафҳои гурўҳҳои тундгаро ва ифротӣ ба маҳв намудани роҳбарони сиёсӣ, шахсиятҳое, ки барои ҳаллу фасли муаммоҳои зиндагии ҷомеа мавқеи махсус доранд, ба ҷамъият, давлатҳои ҷудогона равона гардидааст, ки ин ба оромиву субот, умуман, ҷомеаи башарӣ хатари ҷиддӣ дорад.
Аз нуқтаи назари рисолати инсонӣ ҳар як фарди соҳибақл, соҳибмаърифат, ҳар сокини сайёраи замин ба қадри сулҳу салоҳ, оромию осудагӣ бояд расад ва онро ба фарзандони хеш, умуман, насли инсоният пойдор гузошта тавонад.
Наботов Насим,
Сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе