Парчами давлатӣ барои мардуми шарафманди Тоҷикистон ҳамчун рамзи ватандорӣ, нангу номус, худшиносиву худогоҳӣ ва ваҳдати миллӣ хизмат мекунад ва ба мо дар ҷодаи ободониву созандагии сарзамини аҷдодиамон рӯҳу илҳоми тоза мебахшад.
Эмомалӣ Раҳмон
Парчам яке аз рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар бобати Парчами давлатӣ қонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул шудаанд. Ин санадҳо имкони истифодаи барҷастаи Парчами давлатиро дар ҳамаи муассисаҳои давлатӣ ва корхонаҳо фароҳам меорад. Инчунин, арҷгузории расмӣ ифтихори миллӣ ва рамзи ватандории шаҳрвандони Тоҷикистонро ифода мекунад.
Парчам ҳамчун рамзи давлатӣ, пеш аз ҳама, нишонаи давлати ташаккулёфтаи комилҳуқуқи тоҷикон мебошад. Имрӯз он нишонаҳое, ки дар Парчами мо дида мешаванд, ифодагари тавоноии кишвар ва давлатдории тоҷикон аст, ки мардуми сарбаланди мо зери партави Парчами давлатӣ пирӯзии диёри хешро мебинад.
Парчами давлатӣ дар баробари дигар рамзҳои миллӣ мақому мартабаи махсусе чун рамзи садоқат, рафоқат ва фахру ҳувиятро дорост, ки таҷассумгари ифтихору номуси ватандорист.
Бешубҳа, шукӯҳу шаҳомати Парчами давлатӣ дар зеҳни мардуми мо ҳисси ифтихори миллиро баланд бардошта, муҳаббати ҳар тоҷику тоҷикистониро нисбат ба Ватан афзун мегардонад.
Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дӯстиву бародарии ҳамаи миллату халқиятҳои он ба шумор меравад. Ин рамзи давлатӣ шаҳрвандонро ба зиндагии ором, сулҳу осоиш ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд.
Воқеан, Парчам дар фаъолияти давлатдорӣ, аз ҷумла, дар чорабиниҳои расмию ғайрирасмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, ҳамчунин, дар муносибатҳои байналмилалӣ ва дар ҳаёти ҳаррӯзаи ҳар як фарди ҷомеаи Тоҷикистон мавқеъ ва нақши хоси худро доро мебошад.
Таҷрибаи гузаштаи парчамдории миллати тоҷик, агар аз як тараф, боиси ифтихори халқи тоҷик бошад, аз сӯи дигар, асоси ҳастӣ ва пойдории давлатдории ин миллати соҳибтамаддун аст.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки имрӯз ҳамчун рамзи миллӣ шинохта шудааст, таърихи қадима дорад, сарчашмаҳои хеле зиёди фарҳангӣ дар иртибот ба омода кардани он истифода шудаанд. Дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар вазъияти бениҳоят ҳассоси ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, дар Қасри Арбоби ноҳияи Бобоҷон Ғафуров баргузор гардид, Парчами кунунии Тоҷикистон мавриди қабул қарор гирифт.
Рамзҳо хеле муқаддас мешаванд ва дар баробари ин он аломату рангҳое, ки дар Парчами давлатии Тоҷикистон интихоб шудаанд, ҳар кадоме мазмуну муҳтавои амиқ доранд, ки дар онҳо, агар аз як тараф гузаштаи кишвари мо, яъне принсипи таърихӣ ба эътибор гирифта шуда бошад, аз тарафи дигар, меросбарии арзишҳои фарҳангию ахлоқӣ, маънавию илмӣ, ки дар гузашта буд ва мо то ба имрӯз онро идома дода истодаем, ифода ёфтаанд.
Бо ҳама ифтихору имтиҳони таърихӣ, аз он шукрона дорем, ки Парчами мо рамзи ҳувияту ҳушёрист, ки барои таҷассуми таҷрибаи давлатдории миллӣ ва ваҳдату бунёдкорӣ заминаи бузурге эҷод менамояд. Парчам дар ҳар давру замон ва дар ҳар давлату ҷомеа муаррифгари миллату давлат аст. Парчам маҳз дар таъриху тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик мақоми арзандаро доро буда, имрӯз як ҷузъи муҳими таърих ва фарҳанги миллати тамаддунсози тоҷик ба шумор меравад. Аз ин рӯ, эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол вазифаи ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа аст.
Ифтихор аз Парчами кишвар, ин ифтихори миллати куҳанбунёд аст, ки дар тули асрҳо ба кашмакашиҳои таърихӣ нигоҳ накарда, ҳамчун рамзи миллати соҳибтамаддун боқӣ мондааст, зеро имтиҳони ин эҳё ва шинохти нави Парчами давлатӣ, ҳамчун хотираи арзишманди фарҳангу тамаддун ва нишони соҳибдавлатию мустақилияти миллати тоҷик аст.
Имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи миллат ва нишон аз кишвари соҳибистиқлол ва мавҷудияти давлати комилҳуқуқе бо номи Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.
Бигзор Парчами давлатӣ болои сари миллату давлати тоҷикон парафшону бахтовар бошад!
Орифҷон Олимзода,
сардори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб