• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Паём аҳамияти тарбияи кӯдак дар ҷомеаи муосир

Migration Service by Migration Service
13.01.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Паём аҳамияти тарбияи кӯдак дар ҷомеаи муосир
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Дар шароити имрӯзаи рушди ҷомеа ва равандҳои босуръати ҷаҳонишавӣ масъалаи тарбияи фарзанд ба яке аз самтҳои калидии сиёсати иҷтимоии давлат мебошад. Тарбияи насли наврас на танҳо вазифаи оила ё муассисаҳои таълимӣ, балки масъулияти умумиҷамъиятӣ буда, бевосита ба амнияти иҷтимоӣ, суботи сиёсӣ ва рушди устувори давлат иртибот дорад. Аз ин рӯ, дар маркази таваҷҷуҳи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккули насли солим, худогоҳ, қонунпазир ва дорои арзишҳои миллӣ қарор дорад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи тарбияи фарзанд ҳамчун омили муҳими рушди ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, масъулияти падару модарон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеаро дар ин раванд таъкид намуданд. Муроҷиати Сарвари давлат бори дигар нишон медиҳад, ки бе тарбияи дуруст ва ҳамаҷонибаи кӯдакон наметавон ҷомеаи солим ва давлатдории устувор бунёд кард.

Тарбияи фарзанд раванди мураккаб ва бисёрҷабҳа мебошад, ки дар он интиқоли дониш танҳо як ҷузъи он ба ҳисоб меравад. Дар баробари донишомӯзӣ, ташаккули ҷаҳонбинӣ, арзишҳои ахлоқӣ, ҳисси масъулият, эҳтиром ба қонун ва фарҳанги миллӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Таҷрибаи ҷаҳонӣ собит месозад, ки кишварҳое ба пешрафти устувор ноил мегарданд, ки ба тарбияи шаҳрвандони ҷавон ҳамчун сармояи стратегӣ муносибат мекунанд.

Оила ҳамчун нахустин муҳити иҷтимоишавии кӯдак нақши калидӣ дар ташаккули шахсияти ӯ мебозад. Маҳз дар оила кӯдак бо меъёрҳои рафтор, муносибат ба меҳнат, эҳтиром ба калонсолон ва арзишҳои маънавӣ ошно мегардад. Рафтору гуфтори падару модар барои фарзанд намунаи ибрат буда, муҳити солими маънавии оила метавонад заминаи рушди ҷисмонӣ, равонӣ ва ахлоқии кӯдакро таъмин намояд. Дар шароити муҳоҷирати меҳнатӣ низ нигоҳ доштани робитаи мустаҳками оилавӣ ва назорати тарбияи фарзанд аҳамияти хосса пайдо мекунад.

Муассисаҳои таълимӣ ҳамчун зинаи муҳими тарбияи иҷтимоӣ вазифадоранд, ки дар ҳамоҳангӣ бо оила на танҳо дониши илмӣ, балки ҳисси худшиносӣ, ватандӯстӣ ва масъулияти шаҳрвандиро дар зеҳни наврасон ташаккул диҳанд. Мактаб бояд муҳите бошад, ки дар он эҳтиром ба қонун, тартиботи ҷамъиятӣ ва арзишҳои миллӣ ҷойгоҳи устувор дошта бошанд.

Нақши занону бонувон, бахусус модарон, дар тарбияи фарзандон дар ҷомеаи тоҷик мақоми вижа дорад. Модар ҳамчун аввалин мураббӣ дар ташаккули хислатҳои ахлоқӣ, одоби муошират ва ҷаҳонбинии кӯдак таъсири амиқ мерасонад. Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд, ки занону бонувон бояд дар тарбияи фарзандон дар рӯҳияи илмдӯстӣ, касбомӯзӣ, эҳтиром ба қонун, суннату анъанаҳои миллӣ ва сарфаю сариштакорӣ саҳми бештар гузоранд. Ин равиш ба ҳифзи фарҳанги миллӣ ва пешгирии зуҳуроти номатлуб дар ҷомеа мусоидат мекунад.

Дар ин замина, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак”, заминаи мустаҳками ҳуқуқиро фароҳам оварда, уҳдадориҳои падару модар ва ҷомеаро дар самти таъмини рушди ҳамаҷонибаи кӯдак муайян намудааст. Риояи талаботи қонун ба ташаккули шахсияти қонунпазир, масъулиятшинос ва фаъоли иҷтимоӣ мусоидат менамояд.

Ҳамзамон, дар шароити муосир масъалаи муҳоҷират низ ба раванди тарбияи фарзанд таъсири муайян мерасонад. Аз ин рӯ, тамоми мақомотҳои амалкунанда дар баробари иҷрои вазифаҳои хизматӣ, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таҳкими масъулияти падару модар ва ҳифзи манфиатҳои кӯдакон корҳои фаҳмондадиҳиро пайваста ба роҳ мемонанд. Ҳадаф аз ин тадбирҳо таъмини муҳити солим барои рушду камолоти насли наврас мебошад.

Дар маҷмӯъ, тарбияи фарзанд масъалаи стратегӣ буда, танҳо дар сурати ҳамгироии кӯшишҳои оила, муассисаҳои таълимӣ, ҷомеа ва сохторҳои давлатӣ метавонад самараи дилхоҳ диҳад. Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти ҳаётан муҳим доштани ин масъаларо барои рушди устувори давлат ва ҷомеа бори дигар таъкид менамоянд. Тарбияи насли босавод, ватандӯст, қонунпазир ва дорои ҷаҳонбинии миллӣ кафили суботи иҷтимоӣ, амнияти миллӣ ва пешрафти минбаъдаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Алимардонов Ф.,

Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Қубодиён

Previous Post

Суҳбату вохуриҳо бо шаҳрвандон дар “Фурудгоҳи байналмилалии Кулоб”

Next Post

Мақому манзалати зан дар Паёми Пешвои миллат

Next Post
Мақому манзалати зан дар Паёми Пешвои миллат

Мақому манзалати зан дар Паёми Пешвои миллат

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.