28 декабри соли 2024 Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, ки зимни он масъалаҳои мубрами ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Маврид ба зикр аст, ки Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунгузор ва намояндагии кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ пешниҳод гардид.
Ёдовар мешавем, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ, таъмини рушди иқтисод, саноат, энергетика, нақлиёту коммуникатсия, амният, тартиботи ҳуқуқӣ, тандурустӣ, фарҳанг, илм, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, ҷавонон, варзиш, сайёҳиро муайян карда, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузошт.
Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун ҳуҷҷати муҳими барномавӣ, сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ шинохта шуда, ифодакунандаи нуқтаи назари Сарвари давлат ба рушду таҳкими соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат арзёбӣ мегардад. Воқеан, Паём муҳимтарин барномаи дорои хусусияти созанда ва сафарбаркунанда буда, оғози ҳама гуна фаъолияти бунёдкорӣ дар он ифода меёбад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии ҷавонон ва таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ диққати махсус дода, пешниҳодҳои ҷавононро баҳри инкишофи Ватани азизамон доимо дастгирӣ менамоянд ва бунёди шароити мусоиди кору фаъолиятро барои ҷавонон пайваста таъмин месозанд.
Таъкидҳои Сарвари маҳбуби кишвар доир ба вазъи кунунии ҷаҳон моро водор месозад, ки бояд беш аз ҳар вақти дигар зираку ҳушёр бошем, давлатдории миллии худ ва манфиатҳои давлату миллатамонро ҳимоя намоем, амнияти давлат ва ҷомеа, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро ҳамчун пояи устувори давлати соҳибихтиёрамон ҳифз кунем. Ҳар яки мо бояд шукрона кунем, ки соҳиби Ватани озод ва давлати соҳибистиқлол ҳастем ва Тоҷикистони азизи моро, ки дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ баробари тамоми кишварҳои мутамаддину пешрафта як овоз дорад, имрӯз дар дунё на танҳо мешиносанд, балки ташаббусҳои онро ба хотири ҳалли мушкилоти сайёра ҷонибдорӣ ва эътироф мекунанд.
Орифҷон Олимзода,
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб