Чӣ тавре ки ба ҳамагон маълум аст, санаи 28-уми декабри соли 2024 дар бинои парлумони кишвар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ба таври мустақим ироа гардид. Тамоми сокинони кишвар бо як самимияти хосса ва дилгармии беандоза дастаҷамъона Паёмро шуниданд ва эҳсос карданд, ки он бевосита раҳкушо ва раҳнамоест барои зиндагии шоистаи мардум.
Маврид ба зикр аст, ки Паёми Президенти мамлакат ба мақоми олии қонунгузор ва намояндагии кишвар дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ пешниҳод гардид.
Ёдовар мешавем, ки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ, таъмини рушди иқтисод, саноат, энергетика, нақлиёту коммуникатсия, амният, тартиботи ҳуқуқӣ, тандурустӣ, фарҳанг, илм, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, ҷавонон, варзиш, сайёҳиро муайян карда, дар назди масъулин вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун ҳуҷҷати муҳими барномавӣ, сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ шинохта шуда, ифодакунандаи нуқтаи назари Сарвари давлат ба рушду таҳкими соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат арзёбӣ мегардад. Воқеан, Паём муҳимтарин барномаи дорои хусусияти созанда ва сафарбаркунанда буда, оғози ҳама гуна фаъолияти бунёдкорӣ дар он ифода меёбад.
Зимни ироаи Паёми имсола Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо самимият иброз доштанд, кӣ “Мо бояд мисли ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, онро соҳибӣ кунем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, аз тоҷик будани худ ифтихор намоем ва доим дар фикри фарзандони худ, хушбахтиву осоиши онҳо, ободии Ватан, миллат ва давлати хеш бошем”.
Сарвари давлатамон, ки худ аз миёни мардум бархостаанд ва бо мушкилоту ранҷҳои мардум ошноии наздик доранд, беш аз ҳар нафари дигар ҳолати мардумро дарк намуда, дар паҳлӯи онҳо буданро рисолати аслии роҳбарии худ медонанд.
Маврид ба зикр аст, ки тӯли 33 сол мешавад, ки миллати сарбаланди тоҷик соҳиби давлати озоду соҳибихтиёр буда, дар фазои Ватани маҳбубамон хуршеди истиқлол партавафшонӣ мекунад ва бо нурҳои ҳаётбахши худ дилу нияти бунёдкорона ва манзилу маъво, имрӯзу фардоямонро мунаввар месозад.
Дар ин замина, мардуми шарифи кишвар иди фархундаи миллӣ – ҷашни бузурги 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар саросари Ватани азизамон – Тоҷикистони биҳиштосо бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил менамоянд ва ин яке аз нуктаҳои муҳими Паём ба ҳисоб мерафт. Воқеан, тайи чанд соли охир бо раҳнамоиву ҳидоятҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирҳои ҳамешагии Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба истиқболи ин иди фархунда корҳои созандагӣ тақвият ёфтанд ва сарфи назар аз мушкилоти иқтисодӣ ободкориҳо вусъати тоза касб карданд ва бо ҷидду ҷаҳди дастаҷамъона Ватани маҳбубамон намои тоза гирифта, шукуфотар гардид. Ва чун ҳамешагӣ, Сарвари давлат ин дастовардҳоро натиҷаи заҳмати содиқонаи сокинони шарафманди мамлакат арзёбӣ карданд, зеро Пешвои маҳбуб ба хайрхоҳӣ ва меҳнатдӯстии мардуми хеш бовар доранд.
Ҳамзамон, Пешвои миллат ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини амнияти миллӣ, манфиати давлату ҷомеа, волоияти қонун, оид ба ҳушёриву зиракии сиёсӣ, мубориза ба терроризму экстремизм, такмили қонунгузорӣ дар ин самт дастурҳои мушаххас доданд.
Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки баҳри амалии дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши муассири хешро гузорем. То дар оянда насли ояндадору ояндасозро тарбия намоем.
Илова бар ин, зимни ироаи Паёми имсола Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо самимият иброз доштанд, кӣ “Бовар дорам, ки бонувону занон ва модарону духтарони азизи мо дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла сару либос ва ойинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд”.
Бояд гуфт, ки таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намудани Ҳукумати кишвар аст, ки бонувон ба чунин дастовардҳои бемисл сазовор шуданд. Бинобар ин, бонувонро мебояд, ки ба қадри ҳамаи ғамхориҳои Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расида, минбаъд низ дар рушди босуботи кишвар саҳми арзандаи худро гузоранд.
Умед дорем, ки дар оянда низ мардуми сарбаланди Тоҷикистон бо дарки баланди масъулият дар атрофи сиёсати бунёдкоронаи Роҳбари хирадманди худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарҷамъу муттаҳид гардида, дар раванди бунёди ҷомеаи демократию мутамаддин саҳми арзандаи худро мегузорем. Мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз хурд то калон бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ он дастуру супоришҳое, ки Пешвои муаззами миллат дар Паёми имсолаашон ироа намуданд, сармашқи фаъолияти кори худ қарор дода, ҷиҳати татбиқи он дар ҳама соҳаҳои ҷомеа талош меварзем.
Сарфи назар аз мушкилоти ҷойдошта бо азму иродаи устувору матонати ватандӯстона ва бо ҳузури мубораки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи баланди маънавию фарҳангӣ ва бо шукӯҳи ҷаҳонӣ дар асоси қарори Созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ баргузор гардидани ҷашнҳои таърихии миллати тоҷик ҳамчун рӯйдодҳои хубу хотирмони соли 2024 маҳсуб ёфт. Ин тадбирҳои шоиста дар замони ниҳоят печидаи авзои ҷаҳонӣ аз соҳибтамаддуниву соҳибфарҳангӣ ва арҷгузориву эҳтироми мардуми шарифи тоҷик ба таъриху гузаштаи пурифтихори худ шаҳодат дод.
Аз ин лиҳоз, мо ҷавонони саодатманди диёр бо шукргузорӣ аз чунин фазои ободу озод, аз ин хоки сарзамини биҳиштосо, аз неъматҳои гаронбаҳои ваҳдату Истиқлоли миллӣ, бо пуштибонӣ аз сиёсати пешгирифтаи дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ифодаи ифтихори миллӣ дар роҳи бунёд ва эҳёи давлати навин, ваҳдату ҳамбастагии саросарӣ, ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ талошу ташаббусҳои беназирро устуворона ва озодона пеша намуда истодаем.
Мо ҷавонони даврони истиқлол ба фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории самимии хешро барои дастгирии ҳамаҷонибаашон нисбати мо ҷавонон изҳори сипос намуда, ҳифзи озодиву Истиқлоли кишвари азизамон ва манфиатҳои милливу давлатиро вазифаи асосии худ шуморида, нерӯи созандаи худро ба кишвари ободу пешрафта Тоҷикистони биҳиштосо равона месозем.
Махсусан, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии ҷавонон ва таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ диққати махсус дода, пешниҳодҳои ҷавононро баҳри инкишофи Ватани азизамон доимо дастгирӣ менамоянд ва бунёди шароити мусоиди кору фаъолиятро барои ҷавонон пайваста таъмин месозанд.
Дар умум гуфтан ҷоиз аст, ки тамоми заҳматҳои Пешвои миллат дар самти ҷавонон бисёр арзанда арзёбӣ гардида, барои мақоми хоса пайдо кардани сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми беназир гузоштаанд.
Мо ҷавонон дар қатори дигар ҷавонони кишвар худро воқеан давомдиҳандагони ҳадафҳои олии кишвар пиндошта, мактаби бузурги ватандӯстии Пешвои миллатро сабақи бузурги зиндагӣ интихоб намудем ва пайравони асили Пешвои миллатем.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, ки “Мо ифтихор дорем, ки ҷавононамон нисбат ба Ватан меҳру муҳаббати самимӣ доранд, Ватанро сидқан дӯст медоранд, ба арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ арҷ мегузоранд иродаи мустаҳкам доранд ва сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати мамлакатро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси худшиносиву худогоҳӣ дастгирӣ мекунанд”.
Мо ҷавонон, бояд ҷавобан ба ғамхориҳои доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, барои пешрафти Ватани азизамон Тоҷикистони биҳиштосо саҳмгузор бошем.
Хулоса, миллати сарбаланди тоҷик пайгирона аз сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзи озодиву Истиқлоли кишвари азизамон ва манфиатҳои милливу давлатӣ нерӯи созандаи худро баҳри ободиву тараққиёти Тоҷикистони азизамон равона месозанд.
Орифҷон Олимзода,
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб