Дар толори Колеҷҷи тиббии Ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик ҷиҳати расонидани муҳтавои Паёми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” мулоқоти судманди аъзои гурӯҳи кории Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Темурмалик бо омӯзгорон, донишҷӯён, фаъолон, сокинон, муҳоҷирони ба ватан бозгашта ва аъзои оилаи онҳо доир гардид.
Дар чорабинии мазкур қайд карда шуд, ки дар Паёмҳои худ Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон одатан самтҳои асосии рушди кишвар ва инчунин вазифаҳоеро, ки бояд барои расидан ба ҳадафҳои гузошташуда ҳал карда шаванд, қайд мекунанд. Ҳамин тариқ, Паём ба муайян кардани самтҳои афзалиятноки рушд кумак мекунад ва барои кори минбаъдаи тамоми ташкилоту идораҳо роҳнамо мегардад.
Дар идома таъкид шуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон як падидаи нави сиёсии замони истиқлол буда, санади сарнавиштсоз, раҳнамо ва қутбнамои инкишофи ҷомеа мебошад, ки самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар, нақшаву барномаҳои рушди устувори минбаъдаи онро дар тамоми самту соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат фаро мегирад ва вазифа, мақсаду маром, роҳу воситаҳои амалиро барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ муайян ва мушаххас менамояд.
Ҳамзамон, дар вохӯрӣ вобаста ба иҷроиши талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф, пешгирии наврасон аз ҷинояту ҷинояткорӣ, пешгирӣ аз амалҳои хусусияти коррупсионидошта ва як қатор санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ изҳори назар карда шуд.
Таъкид гардид, ки соҳаи маориф дар ояндасозии давлату миллат нақши созгор дорад. Аз ин лиҳоз, омӯзгоронро зарур аст, ки дар дарсҳои асосӣ ва тарбиявӣ ба кӯдакону наврасон эҳтиром ба қонун ва зарурати иҷроиши қонунҳо, дӯст доштан ва ҳимояи марзу буми ватан, даст назадан ба амалҳои ҷинояткорона, саҳмгузорӣ дар ободонию пешрафти кишвар бояд пурзӯр карда шавад.
Инчунин, дар баромади худ намояндаи Хадамоти муҳоҷират ба иштирокчён, доир ба тағйироту иловаҳо ба қонунгузории Федератсияи Россия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, будубоши шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давлати номбурда, омодагӣ пеш аз сафар, бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ дар Федератсияи Россия, пешниҳоди Сертификат оид ба донистани забони русӣ, таъриху тамаддун ва асосҳои қонунгузории ин кишвар (тарзи супоридани имтиҳонҳо), доштани касби мувофиқ ва ҳуҷҷати тасдиқкунандаи он, корти муҳоҷирӣ, дар қайди муҳоҷирӣ истодан, гирифтани Патент, тартиби дар қайди ҷойи истиқомат гузоштани шаҳрвандони хориҷа, тарзи бастани шартномаи меҳнатӣ, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корфармо ва коргар фаҳмонида шуд.
Дар анҷоми чорабинӣ таъкид гардид, ки вазифаи аслии мо васеъ намудани доираи ҷаҳонбинии ҷавонон аст, то онҳо ба доми хурофотпарастон, террористону ифротгароён наафтода, ҳамчун ҷавонони ватандӯсти асил ба воя расанд, барои ҳимояи Ватан ҳамеша омода ва ифтихор аз Тоҷикистон дошта бошанд. Ҷавонони мо бояд дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум саҳми арзанда гузошта, пеши роҳи қонунвайронкуниҳоро бигиранд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон