Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатии хешро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар» санаи 16 декабри соли 2025 ироа намуданд, ки он роҳнамо ба ояндаи дурахшон, ҳидоят дар роҳи созандагию бунёдкорӣ ва сармашқи кору фаъолияти ҳар тоҷику тоҷикистонӣ мебошад.
Зеро дар ҳар Паёми худ Ҷаноби Олӣ вобаста ба самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар, рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, инкишофи ҷомеаи мутамаддини тоҷик, баланд бардоштани эҳсоси ватандўстию хештаншиносии мардум, ҷалби насли ояндасози миллат ба донишу касбу ҳунаромўзӣ ва дигар самтҳои афзалиятнок ибрози назар намуда, барои рушди устувори кишвар ва баланд гардидани вазъи некўаҳволии мардум пешниҳоду дастурҳои мушаххас ироа менамоянд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола чунин таъкид доштанд: «Тоҷикистон кишвари дорои захираҳои зиёди қувваи корӣ буда, афзоиши он дар давоми даҳ соли охир ду фоизи солона, яъне беш аз 880 ҳазор нафарро ташкил додааст».
Ҳар сол дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди кишвар зиёда аз 200 ҳазор ҷойи кории нав таъсис дода шуда, беш аз 150 ҳазор нафар хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ба бозори меҳнат ворид мегарданд.
Аз ин лиҳоз, аз ҷониби Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва дигар сохторҳои марбута ҷиҳати амалӣ гардонидани сиёсати давлат дар самти мусоидат ба шуғли аҳолӣ бояд чораҳои судманд андешида шаванд».
Воқеан, ин таъкидҳои муҳтарам Ҷаноби Олӣ заруру саривақтӣ буда, ҳар як корманди соҳаро водор месозад, ки ҳарчи беҳтару бештар дар ин самт фаъолият намуда, баҳри ҷалби аҳолии кишвар ба шуғли муносиб, бо кафолатҳои меҳнатӣ таъмин намудани ҳар як корманд, ба ҳисоб гирифтани қувваи корӣ, инчунин, баланд бардоштани ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони кишвар, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафарбар мешаванд, тамоми заҳмату кўшиши хешро равона намоянд.
Албатта, дар баробари бо шуғли муносиб фаро гирифтани сокинони қобили меҳнат дар дохили кишвар, инчунин муташаккилона сафарбар намудани шаҳрвандони Тоҷикистон ба муҳоҷирати меҳнатӣ мавқеи муҳимро дар бозори меҳнат касб менамояд. Бинобар ин, моро зарур аст, ки баҳри ҳарчи бештар ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ байни аҳолӣ тадбирҳои муҳиму таъхирнопазир андешида, масъалаҳои гуногунсамти муҳоҷират ва муҳоҷирати бехатарро дар меҳвари асосии фаъолияти хеш қарор диҳем.
Зеро ҳар як кору пайкори муҳоҷири меҳнатӣ дар хориҷи кишвар симои на танҳо як шахс, балки як миллатро бозгӯ намуда, нигоҳ доштани обрӯю нуфузи ин миллати аҷдодиро тақозо менамояд.
Қобили зикр аст, ки яке аз масъалаҳои мубрами имрӯза ин масъалаи гуногунсамти муҳоҷират (диверсификация) мебошад, ки вобаста ба талаботи ҷомеа, омӯзиши бозори меҳнати кишварҳои хориҷӣ ва бо ҷойи корӣ таъмин намудани муҳоҷирони меҳнатӣ чораҳои мушаххас роҳандозӣ мешаванд.
Имрӯзҳо аксари захираи қувваи кории мо дар кишварҳои хориҷӣ, ба монанди Федератсияи Россия, Давлати Қатар, Арабистони Саудӣ, Ҷумҳурии Корея, Британияи Кабир ва дигар кишварҳои Аврупо истифода мешавад, ки муҳоҷирони меҳнатӣ тавассути Хадамоти муҳоҷират, Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа ва ширкатҳои интиқолдиҳандаи қувваи корӣ муташаккилона сафарбар шудаанд.
Дар робита ба ин, ҳар як тадбире, ки дар ин самт роҳандозӣ мешавад, пеш аз ҳама, барои расидан ба ҳадафи асосӣ – таъмин намудани муҳоҷирати бехатар ва фаъолияти меҳнатии қонунии шаҳрвандон дар хориҷи кишвар мебошад.
Тавре Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатӣ таъкид доштанд: “Баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад ва дар ин ҷода минбаъд низ тамоми тадбирҳои зарурӣ андешида мешаванд”.
Бинобар ин, моро зарур аст, ки ҷавобан ба ҳама ғамхорию дастгириҳои Ҳукумати мамлакат содиқонаю софдилона ва фарзандона барои халқу Ватан хизмат намоем.
Нодирзода Иматшо – сардори
Хадамоти муҳоҷирати
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

