Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санади расмӣ ва муҳими барномавӣ буда, ойинаи равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии кишвар ва барномаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳо, қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯйи ояндаи дурахшон мебошад. Ин аст, ки тамоми мардуми тоҷик беш аз пеш ба ин санади муҳиму арзишманд рӯй оварда, мазмуну моҳияти онро сармашқи кор ва зиндагии доимии хеш қарор медиҳанд.
Дар Паёми хеш Пешвои миллат ба таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустию ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, илму маориф, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот, устувор гардонидани пояҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои тахсилот, ҷалби истеъдодҳои ҷавон ба омӯзиши технологияи муосир, забономӯзӣ ва корҳои эҷодиву техникӣ вазифаи муҳимтарини соҳаи илму маориф аст.
Пешвои миллат барҳақ таъкид намуданд, ки авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаро тақозо менамояд. Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад.
Тарбияи инсони сазовори ҷомеаи имрӯза басо мураккаб буда, дар Паём Пешвои миллат зикр намуданд, ки дар ҳамаи қисмҳои ҳаёти ҷамъият бо дастгирии Ҳукумати мамлакат муҳити ахлоқии ба ташаккули шоистаи насли наврас, насли нави ояндасоз, ба пешрафти ҷаҳони муосир мувофиқаткунанда муҳайё карда шуд ва шуда истодааст. Акнун бояд ба сифат аҳамият диҳем: “Рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад. Дар навбати худ, рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад”.
Мо ҳар як фарди солимфикрро зарур аст, ки аз рӯи ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат амал карда, фарзандон – насли нави ояндасозро бо одобу ахлоқи ҳамида ба воя расонем ва дар руҳияи ватандӯстию ифтихори миллӣ, Ваҳдату ягонагӣ ба амалҳои ободкорию бунёдкорӣ раҳнамун намуда, ҷашни 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистони азизамонро сазовор пешвоз гирем.
Барҳақ Пешвои миллат таъкид намуданд: “Ҳисси баланди масъулият дар назди гузашта ва имрӯзу ояндаи Ватан ва миллат ҳар яки моро водор месозад, ки ба хотири ободиву оромии кишвари азизамон бо тамоми ҳастӣ талош варзем, содиқонаву аҳлона заҳмат кашем, дар ҳифзи манфиатҳои милливу давлатиамон доим зираку ҳушёр бошем, то қарзи худро дар назди ватан ва халқи Тоҷикистон ба таври сазовор адо намоем”.
Дар маҷмӯъ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 санади мукаммал, таҳлилӣ ва роҳнамо мебошад, ки дар он ҳамаи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ ба ҳам пайваста ва дар робитаи мантиқӣ баррасӣ шудаанд. Ин Паём нишон медиҳад, ки Тоҷикистон бо роҳбарии Пешвои миллат бо қадамҳои устувор ба сӯи давлати муосир, иҷтимоӣ ва рақобатпазир ҳаракат дорад ва рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва инфрасохториро ҳамчун як маҷмӯи ягона мебинад.
Комрони Ғафурҷон,
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Тоҷикобод

