Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола бозгӯи натиҷаҳо ва муваффақиятҳои беназири Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаи дурахшони ояндаи мамлакат аст. Имсол низ ин Паёми пурмӯҳтаво ба мардуми Тоҷикистон ироа гардид ва дарки он масъулияти ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст. Чуноне дар Паём ироа гардид: “Соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ гардид”.
Воқеан соли 2025 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастовардҳои назаррас ноил гардид, ки он аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ низ нек пазируфта шуд.
Ин Паёмҳо на танҳо ҳуҷҷатҳои сиёсӣ, балки роҳнамои ҳақиқӣ барои рушди устувори кишвар мебошанд, ки дар онҳо таҳлили дақиқи вазъияти кунунӣ, мушкилот ва имкониятҳои оянда дарҷ гардидаанд. Онҳо ҳамчун ҳуҷҷати стратегӣ, ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро фаро гирифта, барои ҳар як шаҳрванд ва масъулин вазифаҳои мушаххас муайян мекунанд.
Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчун ҳуҷҷати муҳими барномавӣ, сиёсию ҳуқуқӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ шинохта шуда, ифодакунандаи нуқтаи назари Сарвари давлат ба рушду таҳкими соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат арзёбӣ мегардад. Воқеан, Паём муҳимтарин барномаи дорои хусусияти созанда ва сафарбаркунанда буда, оғози ҳама гуна фаъолияти бунёдкорӣ дар он ифода меёбад.
Дар ин ҳуҷҷат, Сарвари давлат на танҳо натиҷаҳои дастовардҳои соли гузаштаро ҷамъбаст мекунад, балки ҳадафҳои стратегӣ барои солҳои ояндаро муайян месозад, ки ба рушди иқтисодӣ, беҳдошти иҷтимоӣ ва таҳкими амният нигаронида шудаанд.
Инҷо таваҷҷӯҳи хонандаи азизро ба яке аз рӯйдодҳои тақдирсози соли 2025, ки Пешвои миллат ироа намуданд ҷалб менамоем. Дар ин масъалаи бисёр ҳаётан муҳим барои ҳар як мамлакат ҷиҳати оммафаҳм гардидани матлаб бе ҷумлабандиҳои мураккаб месазад ибрози андеша намуд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём қайд намуданд, ки: “Дигар рӯйдоди таърихӣ – ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мебошад. Ҳамчунин, шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳади давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ аз ҷониби сарони давлатҳо ба имзо расид, ки барои рушди минтақа ва идомаи ҳамкориҳои судманд заминаи мустаҳками ҳуқуқиро фароҳам месозанд”.
Воқеан, дар соли 2025 ин руйдоде буд, ки орзуву ормони ду давлат Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон амалӣ гардид. Солҳои тӯлонӣ ин масъалае буд, ки ҳалли он барои ҳарду мамлакат муҳим ба ҳисоб мерафт. Пеш аз ҳама таҷрибаи сулҳофарии Пешвои миллат, эҳтироми ҳамсоядории ду кишвари соҳибтамаддун боис гардид ин руйдоди таърихӣ ба амал ояд. Сулҳу дӯстӣ, ба роҳ мондани муносибати сулҳпарварона боиси пешрафти ҳар мамлакат аст. Чуноне, ки аз иттилои расонаҳо ба мо маълум аст нофаҳмиҳои муваққатие, ки дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон ба амал омаданд метавонистанд оқибатҳои нохуш дошта бошанд.
Оиди нофаҳмиҳое ки дар сарҳад ба амал омаданд истода намегузарем, танҳо мехоҳем ба он таваҷҷӯҳ намоем, ки сулҳу Ваҳдат ва дӯстиву ягонагӣ чи қадар гавҳари ноёб барои рушду пешрафт ва осоиши мардум аст. Зеро агар Ваҳдат, сулҳ ва осоиш набошад амалинамоии ҳадафҳои стратегии мамлакат ғайриимкон мегардад. Хушбахтона хиради азалӣ, таҷрибаи ду кишвари ба ҳам дӯст боис гардид, ки масъалаи сарҳад ҳаллу фасл гардида муносибатҳои тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва дигар робитаҳо бозам густариш ёбанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд ки: “Бо истифода аз фурсат, мехоҳам ба падару модарон, омӯзгорон ва аҳли ҷомеа муроҷиат карда, бори дигар таъкид намоям, ки ба масъалаи нигоҳубин ва таълиму тарбияи дурусти фарзандон бо камоли масъулият муносибат намоянд”. Мо бояд дар хотир дошта бошем, ки ояндаи давлату миллат аз насли босаводу донишманд, соҳибкасбу соҳибҳунар, соҳибмаърифату соҳибфарҳанг, дур аз таассубу хурофот, ватандӯсту ватанпараст ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ вобастагии амиқ дорад. Месазад, ки ин таъкидҳоро дарк намуда баҳри дар амал татбиқ намудани онҳо пайваста талош намоем. Зеро дур аз таасубу хурофот будан кафолати ояндаи дурахшон аст.
Дар маҷмуъ ироаи Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ тамоми масъалаҳоро дар бар гирифта, дурнамои рушд ва бозсозиро дар кишвар барои фардо муайян месозад. Ин ҳуҷҷат на танҳо ҷамъбасти дастовардҳо, балки роҳнамои амалӣ барои ҳамаи сохторҳои давлатӣ ва ҷомеа аст, ки ҳадафҳои мушаххасро барои солҳои 2026-2030 муқаррар мекунад. Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки барои самаранокии фаъолияти худ дастурҳои ҳадафмандонаи Пешвои миллатро дар самти рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Ватани азизамон сармашқи кори худ қарор дода, бо рӯҳияи баланди миллӣ, шукргузориву ифтихор аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва фарҳангу тамаддуни беш аз шашҳазорсолаи тоҷикон барои боз ҳам ободу пешрафта гардонидани Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон ва баланд бардоштани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ кӯшишу талош намоем.
Хайридинзода Исфандиёр,
Сардори раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон

