Бо ибтикори бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Темурмалик бо мақсади омӯзиш ва шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти судманд бо сокинони деҳаи Сартез Ҷамоати деҳоти Кушктеппа баргузор гардид.
Баромадкунандагон таъкид намуданд, ки Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун санади муҳими стратегӣ ва барномаи роҳнамо барои таъмини зиндагии шоистаи мардум, таҳкими пояҳои давлатдорӣ, рушду тавсеаи иқтисодиву иҷтимоӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва устувории ваҳдату суботи сиёсӣ хизмат менамояд.
Ҳамчунин иброз гардид, ки таҳлили Паёми навбатии Пешвои миллат нишон медиҳад, ки беҳбуди сатҳу сифати зиндагии мардум, таъмини амнияту суботи кишвар ва рушди ҳамаҷонибаи соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, тандурустӣ, кишоварзӣ, роҳу нақлиёт ва коммуникатсия дар меҳвари сиёсати давлатӣ қарор доранд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳия Баҳодур Сафаров марбут ба муҳоҷирати қонунӣ ва бехатар, қоидаҳои будубош дар Федератсияи Россия, бастани шартномаҳои меҳнатӣ ва риояи кардани қоидаҳои бехатарии меҳнатӣ суханронӣ намуд. Таъкид шуд, ки шуғли расмӣ барои ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирон аҳамияти хоса дорад.
Ҳозирин ҳамчунин дар бораи таҳдидҳо вобаста ба ҷалби муҳоҷирон ба гурӯҳҳои радикалӣ, террористӣ ва ҷиноятӣ огоҳонида шуданд. Илова бар ин, таваҷҷуҳи ҳозирин ба масъалаҳои тандурустӣ ҷалб карда шуд. Аз ҷумла, маълумот дар бораи бемориҳои вирусӣ, махсусан ВИЧ/СПИД ва сил пешниҳод гардид. Таъкид шуд, ки риояи меъёрҳои беҳдоштӣ ва нигоҳубини саломатӣ омили муҳими пешгирии ин бемориҳо мебошад.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҳамаи иштирокчиён имконият пайдо карданд, ки саволҳои худро пешниҳод намуда, ҷавобҳои зарурӣ дарёфт намоянд.
Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

