Дар доираи Нақшаи чорабиниҳо оид ба таблиғу ташвиқи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз 28 декабри соли 2024 дар Ҷамоати деҳоти Водхуди ноҳияи Ванҷ бо иштироки намояндагони бахши Хадамоти муҳоҷират ва Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии ноҳия ва сокинони ҷамоат вохӯрии судманд доир гардид.
Зимни суханрониҳо гуфта шуд, ки Паёми Пешвои миллат роҳнамои ояндасози миллати тоҷик мебошад, зеро дар он самтҳои рушди Тоҷикистон дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, тандурустӣ, илму маориф, сайёҳӣ ва муносибатҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор гирифтанд.
Чунин вохӯриву суҳбатҳо оид ба шарҳу тавзеи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони вилоят мунтазам баргузор хоҳад гардид.
Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар ВМКБ