Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 як ҳуҷҷати мукаммали сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ буда роҳнамои рушди минбаъдаи кишвар ба ҳисоб меравад. Паём на танҳо дастовардҳоро ҷамъбаст мекунад, балки бо муайян намудани вазифаҳои мушаххас барои ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеа дурнамои равшани ояндаро нишон медиҳад. Мазмун ва муҳтавои Паём гувоҳи он аст, ки Тоҷикистон роҳи рушди устувор, таҳкими давлатдорӣ ва беҳбудии зиндагии мардумро устуворона идома медиҳад.
Қайд гардид, ки ҷанбаҳои маънавӣ ва тарбиявии Паём низ аҳамияти хоса доранд. Президенти кишвар Пешвои миллат ба масъалаи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва нақши шаҳрвандон дар ободии Ватан таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карданд. Ва аз ташаббусҳои мардумӣ дар бунёди мактабҳо, роҳҳо ва иншооти иҷтимоӣ ёдовар шуда, чунин иқдомҳоро нишонаи баланди шуури шаҳрвандӣ арзёбӣ намуданд. Ба таъкиди Роҳбари давлат: “Ободии Ватан вазифаи танҳо давлат нест, балки масъулияти ҳар як шаҳрванди худогоҳ мебошад”. Ин андеша нақши ҷомеаро дар рушди давлат таъкид мекунад ва муносибати ҳамкории давлат ва мардумро нишон медиҳад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба таъмини рушди соҳаҳои иқтисоду саноат, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, занон, ҷавонон, варзишу сайёҳӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, баланд бардоштани мақоми қонун ва таъмин намудани волоияти он ва пешбурди самараноки сиёсати хориҷӣ вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Ҷорӣ кардани зеҳни сунъӣ дар ҷомеаро аз муваффақиятҳои кишвар шумурд ва зарурати рӯзмарраи онро иброз дошт. Маърифати ҳуқуқӣ низ аз ҷумлаи масоили рӯз аст, ки қувват бахшидан ба ин ҷанбаро сарвари давлат таъкид кард.
Яке аз мавзуъоти марказии Паём вобаста ба мушкилоти барқ буд, ки сабаби онро Ҷаноби Олӣ дар зиёд шудани аҳолӣ ва дар ин росто афзун гаштани талабот ба неруи барқ, таҷдиди неругоҳҳо ва афзоиши корхонаҳои саноатӣ шуморид ва тавсия дод, ки аҳолӣ дар ин самт бояд ба сариштакорӣ ва дуруст истифодабарии неруи барқ диққат диҳад. Дар анҷоми ин мавзуъ Сарвари давлат хабари дар моҳи сентябри соли 2027 пурра аз мушкилоти неруи барқ баромадани Тоҷикистонро ба мардум расониданд. Ҳамзамон, дар баробари дигар самтҳои ҳаёти ҷомеа, масъалаи марҳала ба марҳала баланд бардоштани мақом ва манзилати занон, фароҳам овардани шароити муносиби фаъолият ва баробарҳуқуқи онҳо дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дар меҳвари Паёми Сарвари давлат қарор гирифтааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба заковати азалӣ ва неруи созандаи занони оқилу фарзонаи тоҷик ҳамеша такя менамоянд, зеро онҳо дар баробари ба ҷо овардани рисолати аслии худ, – таҳкиму устувор гардонидани хонадон, тарбияи шоистаи фарзандони бонангу номус, худшиносу ватандӯст, инчунин, бо заҳмату талошҳои худ дар рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар саҳми арзанда доранд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои хеш оид ба муқаддас будани оила дар фарҳанги тоҷик чунин қайд карда буданд: “Оила дар фарҳанги куҳанбунёди тоҷик муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзиши инсонӣ, аз қабили муҳаббату саодат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ дар оила ташаккул меёбад”. Аз ин ру ҳар як зан модари тоҷик дар тарбияи насли замони ҷаҳонишавӣ бояд масъулияти бештар эҳсос намоянд. Зеро онҳо эҳёкунандаву нигоҳдоранда ва тарғибкунандаву посдорандаи беҳтарин сунату анъанаҳои миллӣ ва расму оинҳои асилу бостонии халқамон мебошанд.
Дар Паём ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум аз 1-уми сентябри соли 2026 иқдомҳои муҳими иҷтимоӣ пешбинӣ шуданд. Маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз ва маоши дигар муассисаҳои буҷетӣ, аз ҷумла соҳаҳои илм, фарҳанг, тандурустӣ, варзиш, мақомоти идоракунӣ, стипендияҳо ва музди меҳнати хизматчиёни ҳарбӣ, 20 фоиз зиёд карда мешавад. Ҳамзамон, ҳадди ақалли музди меҳнат барои тамоми соҳаҳо 1300 сомонӣ муқаррар гардида, нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ дар сатҳи таварруми соли 2025, вале на кам аз 15 фоиз, индексатсия ва зиёд карда мешаванд.
Олимзода Сироҷиддин,
Сардори Раёсати муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ Хадамоти муҳоҷират
