Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 16 декабри соли 2025 ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид, ҳамчун як санади муҳими сиёсиву стратегӣ марҳилаи нави рушди давлатдорӣ, иқтисод, иҷтимоиёт ва фарҳанги миллиро муайян намуд. Дар паём натиҷаи таҳлили ҳамаҷонибаи вазъи имрӯза ва дурнамои рушди кишвар мушаххас арзёбӣ гардида, он роҳнамо барои тамоми сохторҳои давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ба шумор меравад.
Дар Паёми имсола яке аз масъалаҳои муҳим рақамикунонии соҳаи энергетикаи кишвар ба ҳисоб мерафт. Гуфта шуд, ки “Пешрафти босуръати технологияҳои рақамӣ ва тавсеаи имкониятҳои зеҳни сунъӣ дар ҷаҳони муосир тақозо менамояд, ки ин дастовардҳо дар ҳама соҳаҳо самаранок истифода гардида, ба манбаи иловагии рушди иқтисодӣ ва содироти хизматрасонӣ табдил дода шаванд”.
То ҷорӣ намудани технологияҳои муосири ҳисоб ва пардохти неруи барқ – низоми рақамии биллингӣ дар ҳисоботи шабакаҳои барқ як қисми аҳолӣ ҳаққи истифодаи неруи барқро пардохт намекард. Бо ҷорӣ гардидани низоми рақамии биллингӣ, ҳисобу пардохти неруи барқ дақиқ, шаффоф ва автоматикӣ гардид. Ин низом имконият фароҳам овард, ки истеъмоли неруи барқ ба таври воқеӣ сабт шуда, пардохтҳо сари вақт анҷом дода шаванд. Дар натиҷа, 100 фоизи аҳолӣ ҳамчун пардохткунандагони ҳаққи истифодаи неруи барқ ба қайд гирифта шуда, интизоми пардохт беҳтар гардид. Ин иқдом ба баланд шудани самаранокии соҳаи энергетика, коҳиши талафот ва таҳкими суботи молиявии он мусоидат намуд.
Пешвои миллат зарурати сарфаю сариштакорона истифода бурдани неруи барқ аз ҷониби ҳамаи гурӯҳҳои истеъмолкунандагонро таъкид намуданд. Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла роҳбарияти Вазорати энергетика ва захираҳои об вазифадор карда шуданд, ки ҳамкориро бо сармоягузорони ватанӣ ва хориҷӣ ҷиҳати бунёди неругоҳҳои барқи офтобӣ тақвият бахшанд ва барои татбиқи саривақтии лоиҳаҳо тадбирҳои фаврӣ андешанд.
Ин таҳлилҳо нишон медиҳад, ки Паёми Пешвои миллат танҳо изҳори ният нест, балки барномаи мушаххаси амал мебошад. Дар он рақамикунонӣ ҳамчун омили асосии рушди иқтисодӣ, беҳтар намудани идоракунӣ ва баланд бардоштани самаранокии соҳаҳои калидӣ, аз ҷумла энергетика арзёбӣ карда мешавад. Дастуру супоришҳои ба вазорату идораҳо додашуда масъулияти онҳоро дар татбиқи сиёсати рақамикунонӣ бештар намуда, заминаи мусоидро барои рушди устувор ва пешрафти кишвар фароҳам меоранд.
Абдулфайз Сафаров,
Мутахассиси пешбари шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Кӯлоб

