Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳимми сиёсӣ -давлатиест, ки охири ҳарсол дар ҳузури вакилони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарони мақомоту сохторҳои давлатӣ, намояндагони тамоми қишрҳои аҳолӣ ироа гардида, самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҳукумати кишварро фаро мегирад. Воқеан, Паёми Сарвари давлат як дарси худшиносӣ барои ҳар як фарди ватандӯсту хештаншинос мебошад. Зеро ҷавҳари худшиносии миллӣ аз дӯст доштани Ватан, модар, забон, таърих ва арзишҳои таърихиву фарҳангӣ сарчашма мегирад.
Дар Паём, Пешвои муаззами миллат оид ба пешбурди фаъолият дар самтҳои таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва дигар соҳаҳои асосии давлатдорӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд. Яъне, Паёми Сарвари давлат аз оғоз то охир ба масъалаҳои рушди ҳамаҷонибаи кишвари азизамон нигаронида шуда буд. Масалан, агар ба ҷанбаҳои иқтисоду иҷтимоии Паёми Пешвои миллат таваҷҷуҳ кунем, дар меҳвари он баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди иқтисоди “сабз” ва таҳкими иқтидори саноатии кишвар равона карда шуд.
Ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, боло бурдани сатҳи зиндагии аҳолӣ, аз ҷумла зиёд кардани музди меҳнат ва нафақа дар Паём мавқеи асосӣ дошта, таъкид гардиданд. Боиси қаноатмандист, ки дар Паём 25 фоиз зиёд гардидани ҳаҷми маоши муаллимони мактабҳои миёна ва кормандони муассисаҳои томактабӣ, 20 фоиз зиёд шудани маоши кормандони соҳаҳои дигар ва стипендияҳо, 15 фоиз афзоиш ёфтани нафақа эълон шуд. Ин иқдом барои болоравии сатҳи зиндагии мардум татбиқ мегардад.
Тавре аз ин санади муҳим бармеояд аз тарафи Ҳукумати кишвар барои боз ҳам паст кардани сатҳи камбизоатӣ тадбирҳои муассир андешида мешавад. Масъалаи беҳтар гардидани сатҳи зиндагии мардум, таъмини аҳолӣ бо ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани музди меҳнат, нафақа ва стипендияҳо тақрибан дар ҳамаи Паёмҳои Сарвари давлат аз ҷумлаи масъалаҳои асоситарин ва марказианд. Гузашта аз ин, “Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад”. Ин меъёр ҳанӯз дар оғози давлатдории навини мо дар моддаи 1 Конститутсияи кишвар муқаррар гардида, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳанг ҳамчун самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати давлатӣ дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор доранд.
Президент таъкид доштанд, ки ҳадафи чоруми стратегӣ – саноаткунонии босуръат воситаи асосии таъмини устувории иқтисодӣ мебошад. Дар Паём дастур дода шуд, ки коркарди ниҳоии ашёи хоми ватанӣ (пахта, пилла, сангҳои қиматбаҳо ва металлҳо) дар дохили кишвар пурра ба роҳ монда шавад.
Ба рушди иқтисоди рақамӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, дар ин замина супориш дода шуд, ки то охири соли 2026 тамоми хизматрасониҳои давлатӣ ва пардохтҳо пурра ба шакли электронӣ гузаронида шаванд, то таъсири омилҳои инсонӣ дар хизматрасониҳои давлатӣ кам гардад. Барои дастгирии соҳибкорӣ, ки омили ба рушди кишвар мусоидаткунанда аст, низ чораҳои зарурӣ татбиқ мегарданд. Рушди “Иқтисоди сабз” ва энергетика низ барои Тоҷикистон аҳамиятнок боқӣ мемонад.
Дар Паём ба масъалаи сохтмони НБО Роғун низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Президент таъкид намуданд, ки соли 2026 барои ин иншооти аср соли ҳалкунанда хоҳад буд ва маблағгузории он пурра таъмин мегардад.
Пешвои муаззами миллат самти афзалиятноки сиёсати Ҳукумат будани соҳаҳои илму маорифро бори дигар таъкид намуданд. Тавре ки мусаллам аст, маориф соҳа ва самти калидии мафкурасозӣ ва ҳувиятмадории миллӣ маҳсуб мешавад ва беҳуда нест, ки Сарвари давлат омӯзгорро ба унвони шахсияти мафкурасоз ва самти маорифро самти мафкурасозӣ муаррифӣ карда, нақши маорифро дар болоравии сатҳи таҳаввулоту тараққиёти иҷтимоию сиёсӣ ва иқтисодию мадании миллату давлат бузург нишон дода, натиҷаи ҷолибе ироа карда буданд: “Ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки ҳамаи пешравию пирӯзии ҳар як давлат ва ҷомеаро мактабу маориф ва илму дониш таъмин мекунад”. Барои ҳамин, мо бояд фарзандони худро ба омӯхтани илму дониш ҳидоят кунем ва тамоми шароитро дар ин замина муҳайё намоем. Фарзандони мо бояд, пеш аз ҳама, забони тоҷикиро дар сатҳи баландтарин донанд, инчунин забонҳои русӣ ва англисиро аз худ намоянд. Донистани технологияи муосир, истифода карда тавонистани дастовардҳои навини илм, аз ҷумла зеҳни сунъӣ тақозои замон аст.
Пешвои маорифпарвари миллат барои сохтмони мактабҳои нав ва дигар муассисаҳои соҳаи маориф ҳамеша таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамоянд. Барои боло бурдани сатҳи донишу маърифатнокии аҳолӣ, хусусан, ҷавонону наврасон ва кудакон як қатор озмунҳо ва дигар иқдомоти наҷибона аз тарафи Роҳбари давлат роҳандозӣ гардидааст. Мо бояд ба қадри ин ғамхориҳо расида, бештар барои таълиму тарбияи фарзандонамон ва ободии кишвар кӯшиш намоем.
Дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат ба масъалаи худшиносию худогоҳӣ ва ҳифзи мероси фарҳангию таърихии миллат таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, масьулин ва тамоми қишрҳои ҷомеаро барои анҷом додани фаъолияти пурмасъул дар ин замина дастур доданд.
Хурсандиовар аст, ки бо дастури Роҳбари давлат 3 миллиону 200 ҳазор нусха китоби “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва “Шоҳнома”-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ чоп ва ба аҳолии мамлакат ройгон туҳфа карда шуд. Ин амал барои болоравии худшиносии миллӣ ва маърифати мо ниҳоят зарур аст.
Ифтихор бояд кард, ки соли равон бо саъю талошҳои кишвари мо 11 ёдгории мероси фарҳангии Хуттали қадим, дар ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Данғара, Восеъ, Фархор ва Ховалинги вилояти Хатлон, ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид карда шуд. Ҷиҳати ҳифзи мероси таърихӣ Роҳбари давлат ба Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иқроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур доданд, ки ҷиҳати дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе бунёд намудани Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ чораҷуйӣ намоянд.
Ғайр аз ин, бо дастури Пешвои миллат бо дарназардошти фалсафаю ҳикмати ҷовидонаи Наврӯз, суннату анъанаҳои башардӯстонаи он ва истифодаи онҳо барои тарбияи наслҳои оянда, дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалии Наврӯз бунёд карда мешавад.
Бо назардошти 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ, Сарвари давлат бо мақсади боз ҳам ободтару пешрафтатар гардонидани Тоҷикистони азиз ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ соли 2026-ро соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон намуданд. Барои ҳамин мо бояд ҳамаамон барои ободу зебо гардонидани Ватан, боло бурдани эҳсоси худшиносии миллӣ кӯшиш дошта бошем.
Масъалаи зарурати муқовимат бо ифротгароӣ ва хурофоти динӣ яке аз мавзуъҳои меҳварии Паём буда, таъкид гардид, ки мо бояд дар ин росто фаъол бошем. Нагузорем, ки ақида ва идеологияи бегонаи зараровару хатарнок ба кишвар роҳ ёбад. Наврасону ҷавононро барои омӯзиши илму дониш ҳидоят намуда, онҳоро аз таъсири ифротгароию хурофот эмин нигоҳ дорем.Боиси ифтихор аст, ки ташаббусҳои Пешвои миллат дар соҳаҳои ҳифзи пиряхҳо, обу иқлим ва даҳсолаи сулҳи пойдор аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфта, дар сатҳи ҷаҳонӣ татбиқ мегарданд. Аз ҷумла, соли 2025 бо пешниҳоди Тоҷикистон ва бо қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва солҳои 2025 – 2034 “Даҳсолаи илмҳои криосфера” эълон гардиданд.
Тавре ки дар Паём бори дигар таъкид гардид, Тоҷикистон дар самти сиёсати хориҷӣ “сиёсати дарҳои боз”’-ро идома дода, омодаи тақвият додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо тамоми кишварҳост. Имрӯз мо дар даврае зиндагӣ дорем, ки ҷаҳони муосир бо суръати тез тағйир меёбад. Дар ин шароит, ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мо на танҳо роҳнамо, балки кафолати амнияту пешрафт мебошанд.
Ахмедов М,
Сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара

