Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ яке аз муҳимтарин руйдодҳои сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар ба шумор меравад. Ин санади муҳими стратегӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ муайян месозад.
Дар Паём масоили калиди, аз ҷумла таъмини рушди устувори иқтисодӣ, дастгирии соҳибкорӣ, ҷалби сармоягузорӣ, рушди саноат ва энергетика мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Таваҷҷуҳи махсус ба татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз қабили таъмини истиқлоли энергетикӣ, раҳои аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ зоҳир мегардад.
Соҳаи иҷтимоӣ низ дар меҳвари Паём қарор дорад. Беҳтар намудани сатҳи зиндагии мардум, баланд бардоштани маошу нафақа, рушди соҳаи маориф ва тандурӯстӣ, дастгирии ҷавонон ва занон аз ҷумлаи самтҳои афзалиятнок мебошанд. Президенти кишвар ҳамеша таъкид менамоянд, ки сармояи асосии давлат инсон аст ва рушди ҷомеа аз маърифат ва дониш оғоз меёбад.
Дар Паём масъалаҳои таҳкими қонуният, мубориза бар зидди коррупсия, таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи сулҳу субот низ мавқеи муҳим доранд. Зеро суботи сиёсӣ заминаи асосии пешрафти давлат мебошад.
Ҳамзамон, сиёсати хориҷии кишвар ҳамчун сиёсати “дарҳои боз” арзёби гардида, таҳкими ҳамкориҳо бо кишварҳои минтақа ва созмонҳои байналмилалӣ барои рушди иқтисод ва таъмини амният муҳим дониста мешавад.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санади роҳнамоест, ки рушди минбаъдаи кишварро муайян месозад. Иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои он вазифаи ҳар як шаҳрванд ва сохторҳои давлатӣ мебошад. Танҳо бо меҳнати содиқона ва ҳамбастагии миллӣ метавонем Тоҷикистони ободу пешрафтаро бунёд намоем.
Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026 ҳамчун роҳнамо барои идомаи рушди устувор, таҳкими низоми давлатдорӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон нақши муҳим мебозад. Санади мазкур вазифаҳои мушаххасро барои идораи давлат ва ҳукумати кишвар дар соли оянда муайян менамояд ва татбиқи он ба рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа мусоидат мекунад.
Ахмедҷонова Волида,
Мутахасси пешбари шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд

