• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Паёми солона инъикоси принсипи демократии идораи кишвар

Migration Service by Migration Service
06.01.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Паёми солона инъикоси принсипи демократии идораи кишвар
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Ҳамасола баъди натиҷагирӣ аз дастовардҳои соли гузашта ва дар арафаи соли нав Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумон пешниҳод мешавад. Рамзист, ки Паём ба намояндагони мардумӣ пешниҳод шуда, дар симои онҳо ба ҳар як шаҳрванди кишвар ироа мегардад. Паёми солона инъикоси принсипи демократии идораи кишвар ва яке аз рукнҳои асосии давлати ҳуқуқбунёд маҳсуб гашта, дар заминаи он Президенти ҷумҳурӣ ба ҳар як интихобкунанда аз фаъолияти тамоми сохторҳои давлату ҳукумат, дастовардҳо ва иҷроиши нақшаҳои муайяншуда ҳисобот дода, барои рушди минбаъдаи кишвар дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ вазифаву нақшаҳои нав мегузорад. Пас, Паём ба қишри алоҳида ё муайяни аҳолӣ равона нашуда, балки ба тамоми шаҳрвандони кишвар пешниҳод мегардад.

Аз ҷониби дигар, Паёми Сарвари давлат суҳбати рӯ ба рӯ ва самимӣ бо мардуми кишвар, тантанаи давлатдории миллӣ ва татбиқи орзуву ормонҳои таърихии мардуми кишвар мебошад. Сухани Пешво ба ҳар як шаҳрванд ҳидоят ба роҳи нек, роҳнамоӣ ба ояндаи созанда, таъкиди ваҳдат ва дарёфти мақоми хоссаи Тоҷикистон дар саҳнаи ҷаҳонӣ мебошад. Барои расидан ба рушди устувор ва касби обруву нуфуз дар ҷаҳон масоили муҳимми ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ дар Паём таҳлил гардида, самтҳои асосӣ ва авлавиятҳо дар сиёсати хориҷӣ муайян мешаванд.

Дар Паём Пешвои миллат бо ифтихор зикр намуданд, ки ташаббусҳои Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ мавриди эътироф қарор гирифтанд. Қабули қатъномаҳо дар бораи ҳифзи пиряхҳо ва криосфера, нақши зеҳни сунъӣ дар рушди устувори Осиёи Марказӣ, ворид гардидани ёдгориҳои Хутали қадим ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО ва эълон гардидани соли 2027 ҳамчун Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ далели равшани нуфузи афзояндаи Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад. Президенти кишвар, ин дастовардҳоро ифодакунандаи дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз сиёсати сулҳпарварона ва ибтикороти созандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон маънидод намуданд.

Дар робита ба таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки соли 2026 ҳамчун “Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ” эълон карда шавад. Ин ташаббус дорои аҳамияти амиқи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ буда, ба таҳкими арзишҳои давлатдории миллӣ ва болоравии масъулияти шаҳрвандӣ равона гардидааст.

Эълон гардидани соли 2026 бо чунин унвон, пеш аз ҳама, идомаи мантиқии сиёсати созандаи давлат мебошад, ки ҳадафи он ободии Ватан, беҳбуди сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таҳкими пояҳои истиқлолият ба ҳисоб меравад. Корҳои ободониву созандагӣ на танҳо ҷанбаҳои инфрасохторӣ доранд, балки ҳамчун василаи муҳими ташаккули худшиносӣ, эҳсоси ифтихор аз Ватан ва масъулияти наслҳо дар назди таърих хизмат мекунанд.

Хулоса, Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2025 барномаи ҳамаҷониба ва дурнамодор буда, самтҳои асосии рушди соҳаҳои тандурустӣ, илм, иҷтимоӣ ва фарҳангиро ба таври равшан муайян менамояд. Амалисозии дастуру супоришҳои дар Паём зикршуда метавонад ба ташаккули ҷомеаи солим, рушди илми миллӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва болоравии нуфузи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат намояд.

Абдушаҳидов Ҳумоюн,

Сардори Раёсати ҳуқуқ, кадр ва корҳои махсуси Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм кори дастаҷамъист

Next Post

Вохӯрии судманд бо шаҳрвандони ҷумҳурӣ

Next Post
Вохӯрии судманд бо шаҳрвандони ҷумҳурӣ

Вохӯрии судманд бо шаҳрвандони ҷумҳурӣ

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.