• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Пешгирӣ аз терроризм ва экстремизм – вазифаи ҳар як шаҳрванд

Migration Service by Migration Service
01.11.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Пешгирӣ аз терроризм ва экстремизм – вазифаи ҳар як шаҳрванд
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Дар ҷаҳони муосир яке аз мушкилоти ҷиддӣ ва хавфноктарин барои амнияти миллӣ ва суботи ҷомеа зуҳури зуҳуроти терроризм ва экстремизм мебошад. Ин падидаҳои хатарнок на танҳо оромиву осоиштагии давлатҳоро халалдор месозанд, балки ба маънавият, фарҳанг ва арзишҳои инсонӣ низ зарбаи ҷиддӣ мерасонанд.

Экстремизм ва терроризм аз як реша бармеоянд – аз таассуби фикрӣ ва ҷаҳолати динӣ, аз беэҳтиромӣ ба қонун ва ҳуқуқи дигарон. Агар экстремизм бештар дар шакли андешаҳои радикалӣ ва амалҳои ғайриқонунӣ бидуни истифодаи зӯроварӣ зоҳир гардад, пас терроризм марҳилаи аз ҳама хатарноки он буда, бо истифодаи зӯроварӣ ва тарсофарӣ мехоҳад ҷомеаро дучори бесуботӣ намояд. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ таъкид намудаанд: “Терроризм ва экстремизм вабои асри XXI мебошанд.     Онҳо ба ҳеҷ дин, мазҳаб ва миллат тааллуқ надоранд. Ҳар касе, ки дасти худро ба хун меолояд ва ҷони бегуноҳонро мегирад, аз инсоният ва аз арзишҳои динӣ дур аст”. Ин суханони пурҳикмат моро ба андеша водор месозанд, ки мубориза бо ин зуҳурот танҳо бо роҳи қонун, ваҳдат, таҳкими маърифат ва баланд бардоштани сатҳи шуури шаҳрвандӣ имконпазир аст.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи давлатӣ барои пешгирии терроризм ва экстремизм як қатор барномаҳо ва қонунҳои миллӣ қабул кардааст. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” ва “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм” заминаи ҳуқуқии мустаҳками амалкарди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҷомеаро фароҳам меоранд. Аммо, тавре таҷриба нишон медиҳад, мубориза танҳо бо қонун кофӣ нест.

Барои решакан намудани ин зуҳуроти хатарнок бояд ҳар як шаҳрванд, махсусан ҷавонон, бо масъулияти шаҳрвандӣ ва ҳисси баланди ватанпарварӣ амал намоянд. Пешгирии ин офат аз оила оғоз меёбад – тарбияи дурусти фарзанд, баланд бардоштани саводи ҳуқуқӣ ва маърифатӣ, истифодаи дурусти шабакаҳои иҷтимоӣ ва эҳтиром ба қонун роҳест, ки ҷомеаро аз чунин хатари бузург эмин медорад. Пешвои миллат борҳо таъкид намудаанд: “Мо бояд ба ҷавонон илму маърифат, ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси худогоҳиро омӯзонем, то ҳеҷ гоҳ ба доми гурӯҳҳои ифротгаро наафтанд”. Ҳар як шаҳрванд бояд дарк намояд, ки терроризм ва экстремизм на танҳо амали зидди давлат, балки амали зидди инсон аст. Он на танҳо ҷони одамонро мегирад, балки субот, оромӣ ва рушди ҷомеаро аз байн мебарад.

Дар ниҳоят, вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд, корманди мақомоти давлатӣ ин аст, ки бо тамоми масъулият дар роҳи муқовимат бо ин зуҳуроти хатарнок амал намуда, барои таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон саҳми арзанда гузорад. Тавре ки Пешвои миллат таъкид менамоянд: “Мо бояд сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллии худро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем, зеро танҳо дар фазои субот давлат рушд мекунад ва мардум хушбахт мегардад”.

Борониева Сакина,

Мутахассиси пешбари шуъбаи қабул ва маслиҳатдиҳӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе 

Previous Post

Терроризм ва экстремизм – хатар ба ҷаҳон

Next Post

Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ва сарнавишти Тоҷикистон

Next Post
Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ва сарнавишти Тоҷикистон

Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олӣ ва сарнавишти Тоҷикистон

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.