Пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, дар тули солҳои Истиқлоли давлатӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии мухталиф қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон пешгирӣ ва мубориза бар зидди терроризмро ҳамчун вазифаи муҳимтарини таъмини амнияти миллии худ ва тамоми ҷаҳониён зери таваҷҷӯҳи махсус қарор дода, барои тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои муштарак дар ин самт чораҳои таъхирнопазир ва заруриро меандешад.
Имрӯз терроризм ва ифротгароӣ пеш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри ХХ1 табдил ёфтааст ва яке аз хатарҳои аср низ ба шумор меравад. Ҳамзамон пешгирӣ кардани ҷиноят нисбат ба ошкор намудан ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахс барои давлат ва ҷомеа ҳамеша манфиатовар мебошад.
Ба ақидаи аксари муҳақиқон, ҳуқуқшиносон, сиёсатшиносон, рӯзноманигорон экстремизм пештар аз ҳама ва бештар аз ҳама дар соҳаи дин дучор мегардад ва ин падида дар тамоми гӯшаву канори сайёра ба амал меояд. Махсусан экстремизми динӣ дар замони муосир байни пайравони дини ислом бештар ба назар мерасад, ки мубаллиғони он аз муқарраротҳои дини ислом сӯистифода намуда, тибқи дастуру нақшаҳои хоҷагони хориҷии худ, ки душманони ин дин ҳастанд амал менамоянд.
Ҳамин тариқ, новобаста аз он, ки дар қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шомил шудан ба гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ҷазоҳои ҷиноятӣ дар шакли маҳрум сохтан аз озодӣ муқаррар карда шудааст, шумораи содиркунандагони ҷиноят коҳиш намеёбад. Аз ин рӯ бояд ҷазоҳои ҷиноятӣ барои содир намудани ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистидошта бояд пурзӯр карда шавад ва шахсони бо ҷурми ин ҷиноятҳо маҳкумгардида, зери назорати махсуси мақомоти иҷрои ҷазо қарор гиранд.
Имрӯз мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва шомилшавии ноболиғон ва ҷавонон вазифаи дастаҷамъонаи тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва шаҳрвандони кишвар ба шумор меравад. Бетарафӣ нисбати ин падидаи номатлуб барои рушди минбаъдаи кишвар халали ҷиддӣ ворид намуда, ба ваҳдати миллӣ, истиқлоли давлатӣ ва бехатарии кишвар таҳдид менамояд.
Мақсади асосии террористон ва ҳар гуна ҳизбу ҳаркатҳои ифротӣ халалдор сохтани вазъи ороми ҷомеа, низоъ андохтан дар байни табақаҳои мухталиф, қатлу ғорати бегуноҳон аст.
Асоси шомил шудани ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб ин надонистани сарнавишти таърихии миллати худ, фориғболию бехабарӣ ва носипосӣ нисбати мероси маънавӣ-фарҳангии хеш, бегонапарастию қадр накардани қимати дастовардҳои истиқлолияти миллӣ оварда мерасонад.
Шарипов Тоҳир,
Сармутахассиси шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе