Бо ибтикори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара дар ҷамоати деҳоти Сурх бо раисони маҳаллаҳо, фаъолон, сокинони ҷамоат, инчунин муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаи онҳо мулоқоти судманд баргузор намуд.
Зимни мулоқот ба ҳозирин оид ба масъалаҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон, бахусус муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, одамрабоӣ, зуроварӣ дар оила ва масъалаи муҳоҷирати доҳилӣ баррасӣ гардид.
Инчунин, баромадкунандагон қайд карданд, ки имрӯз хатари экстремизм ва терроризм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид намуда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Рӯз то рӯз экстремизм ва терроризм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст.
Ин зуҳурот на танҳо ба сиёсати дохилии кишварҳои алоҳида, балки дар муносибатҳои давлатҳои ҷудогона роҳандозӣ шуда истодааст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин радиф қайд намуда буданд: “Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Истифодаи “сиёсати дугона” нисбат ба терроризм ва экстремизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад. Ман чандин маротиба аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид карда будам, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад”.
Ифротгароӣ ва терроризм – яке аз чунин зуҳуроти номатлуби замони муосир ба шумор рафта, мубориза бар зидди он қарзи ҳар як инсони комил мебошад. Экстремизм ва терроризм ҳамчун вабои аср ва дигар ҳодисаҳои номатлуб ба оромию амнияти сайёра ва пойдории давлат таҳдиду хатарҳо эҷод карда, амну осоиш ва ваҳдати халқу миллатҳоро барҳам мезанад. Ҳол он ки ҳеҷ ҷомеае бидуни таъмини амнияти иҷтимоӣ рушду такомул нахоҳад кард.
Бояд тазаккур дод, ки гузаронидани чунин мулоқотҳо бо сокинони чамоату деҳоти шаҳри Исфара мунтазам баргузор хоҳад шуд.
Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара