Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент дар якҷоягӣ бо намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, бахши кор бо чавонон ва варзиш, раисони маҳаллаҳо ва оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар ҷамоатҳои дурдасти шаҳр вохӯрӣ баргузор гардид.
Дар рафти суханронӣ намояндаи шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент оид ба масалаҳои мубрами рӯз, яъне терроризм ва экстремизм дар замони муосир, ки пур аз таззод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, доир ба афзудан ва густариши экстремизм, терроризм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо зиёд ҳарф мезананд ва менависанд. Маънои аслии «экстремизм» чист ва он чӣ гуна падида аст? Экстремизм – (аз калимаи франсузии «ехtrеmismе» ва лотинии «eхtrеmus») гирифта шуда, маънои аслиаш ифротгароӣ, тундравӣ, фикру андешаҳо ва амалҳои тундравона, аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст.
Экстремист шахсест, ки дар фаъолияти худ ҷонибдори амалҳои якравию тундравӣ аст. Ин амалу зуҳурот метавонад, дар тамоми соҳаҳои фаъолияти инсон – дар дин, сиёсат, идеология, илм ва ҳатто дар варзиш низ ба миён ояд.
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2013 чунин таъкид шудааст: «Мутаассифона, дар олами ислом равияҳое низ арзи вуҷуд кардаанд, ки баъзе амалҳояшон ба фитнакориву тафриқаандозӣ равона гардидаанд. Ин ба моҳияти дини мубини ислом мухолиф аст ва ба он иснод меорад». Аввалан, афзудан ва густариши ҳисси адами итминон ба фардо (ҳисси маъюсӣ, нобоварӣ, парешонӣ аз зиндагӣ).
Бояд зикр кард, ки шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент оиди гузаронидани чунин вохӯриҳо бо сокинон фаъолияти худро хубтару беҳтар ба роҳ мемонад.
Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Панҷакент