Бо ташаббуси шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, намояндагони КДАМ, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, раисони маҳаллаҳо ва оилаҳои муҳоҷирони меҳнатӣ дар деҳаи Гумбазии Ҷамоати Навгилем вохӯрии судманд баргузор гардид.
Зимни суханронӣ сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара Ахмедов М.оид ба масъалаҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон, алалхусус муҳоҷирони меҳнатӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, одамрабоӣ, зуроварӣ дар оила ва масъалаи муҳоҷирати дохилӣ баррасӣ гардида зикр кард, ки терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид намуда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.
Ҳамзамон иброз намуд, ки рӯз то рӯз терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, ҷаҳони муосирро ба ташвиш овардааст.
Терроризм ва экстремизм – яке аз чунин зуҳуроти номатлуби замони муосир ба шумор рафта, мубориза бар зидди он қарзи ҳар як инсони комил мебошад.
Терроризму экстремизм ҳамчун вабои аср ва дигар ҳодисаҳои номатлуб ба оромию амнияти сайёра ва пойдории давлат таҳдиду хатарҳо эҷод карда, амну осоиш ва ваҳдати халқу миллатҳоро барҳам мезанад.
Ҳол он ки ҳеҷ ҷомеае бидуни таъмини амнияти иҷтимоӣ рушду такомул нахоҳад кард.
Қайд кардан ба маврид аст, ки гузаронидани чунин вохӯриҳо дар дигар Ҷамоату деҳоти шаҳри Исфара мунтазам баргузор хоҳад шуд.
Шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Исфара