Сарчашмаи ин муҳити озода шахсияти шукӯҳманди Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, истеъдоду фазилати давлатдорӣ ва ҷаҳони андешаҳои сиёсии ўст, ки фазои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва маънавии кишвари моро аз чангу ғуборҳо пок сохт ва бо паёми сулҳу ваҳдат тавонмандиҳои инсон ва ҷомеаро ба офариниш ва пайкорҳои таърихии сарнавиштсоз ҳидоят бахшид.
Муҳимтарин пайомади Истиқлоли Тоҷикистон дар поёни қарни ХХ бунёди давлатдории миллӣ, маънои ростини худро дарёфтани ҷаҳоншиносӣ ва тафаккури миллӣ, фалсафаи нави давлатдории тоҷикон мебошад. Ҳамин ҳадафҳои муқаддаси миллӣ, ки дар мағзи сиёсати давлати соҳибистиқлоли мо қарор гирифтааст, эътибор ва шаъни миллати моро дар сатҳи ҷаҳон муҷаддадан эҳё намуд, давлатдории миллии тоҷиконро дар мувофиқат бо суннати шаҳриёрони бузурги Аҷам, дар мувофиқат ба вежагиҳои урфии мардум, ки рўзгорони ҳазорсоларо дар пушти сар доранд ва дар мувофиқат бо равандҳои бисёр тунди ҷаҳони имрўза умри дубораи таърихӣ ато намуд. Ба ин маънӣ, бузургтарин дастоварди миллати тоҷик дар тўли ҳазор соли охир бунёди давлатдории миллӣ ва мақоми ҷаҳонӣ дарёфтани он мебошад, ки бо пайкорҳои Президенти мамлакат иртиботи мустақим ва ногусастанӣ дорад.
Яке аз муҳимтарин таҳаввулоти фарҳангию сиёсии замони муосир руҷўъ ба маънавият ва инсонгароӣ дар умури давлатдорӣ аст, ки дар ҷараёни рушди худ дар ҳаёти иҷтимоиву маънавии инсоният, дар танзими одилонаи таносуби қавму миллатҳо ва эътиқодоту мафкураи онҳо нақши бузурге хоҳад гузошт. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз ҷумлаи ин сиёсатмадорони фарҳангсолор дар ҷаҳони муосир эътироф шудааст, дарёфти ин ҳадафи олиро камоли матлуби рисолати хеш шинохта, бузургдошти инсон, одамият ва маънавиятро меҳвари аслии давлатдории худ қарор додааст.
Дар партави барномаҳои дақиқу фарогир ва кору пайкори хастагинопазири Президенти мамлакат арзишҳои маънавӣ, суннатҳои ахлоқӣ ва вижагиҳои тафаккури миллии таърихӣ дар сиришти ҳокимияти сиёсӣ ва низоми давлатдорӣ авлавият пайдо намуданд. Эмомалӣ Раҳмон бо азамати тафаккур ва иродати худ бар воқеияти мураккаби нобасомон тасаллут ёфт, барои озодӣ ва касби Истиқлоли миллӣ сохтмони низоми нави сиёсиву иҷтимоӣ ва умури муносиб ба онро бо камоли кордониву ҷасорат оғоз намуд ва то ба фарҷоми мантиқӣ – бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муваффақ гардид.
Президент ҳалли масъалаҳои бунёди давлатдории миллиро аз оғозгоҳи таърих, аз андешаҳои ҳикматозини даврони бостон то ба назариёти замони нав ҷустуҷў намуда, бо ин чашмандози амиқбини моҳиятҷў асосҳои фалсафӣ ва роҳҳои амалии поягузории ҷомеаи нав, мизони озодӣ ва ихтиёри инсону ҷомеаро дар заминаи мутолиот, андеша ва пажўҳиши доманадори таърихӣ дарёфт кардааст. Ин диди пурғунҷоиши илмиву амалӣ робитаи гуногунҷиҳати гузаштаи таърихӣ ва имрўзи воқеъиро ҳаматарафа санҷида, барои фароҳам сохтани асосҳои маънавии рушди миллат, барои тавозун ва созгор овардани мабонии маънавиву моддии тараққии ҷомеа заминаи мафкуравию фалсафӣ муҳайё кард. Маънавияту фарҳанг, худогоҳии таърихиву маънавии шахсу ҷомеа рукни асосӣ ва аслии ягонагии миллӣ, зербинои низоми нави сиёсиву иқтисодӣ шинохта шуд. Бар асоси ин назариёт озодии инсон то ба озодии миллат, то ба эҳёи воқеии таърихи халқ, то ба дарёфти мақоми ҷаҳонӣ рушду таҳаққуқ ёфт.
Истиқлоли миллат, истеҳкоми асосҳои моддӣ ва маънавии он мазҳари тарбият ва зуҳури инсонҳои озод, инсонҳои кўшову пўё, инсонҳои раҳҷўву созандае гардид, ки ғуруру озодагӣ, миллатпарварӣ, номуси ватандорӣ, ҳақҷўӣ, ҳақгўӣ ва ҳақпарастӣ, ростиву покравӣ ва шаффофияти пиндору гуфтору кирдори Сарвари худро бо камоли иродатмандӣ пайравӣ намуданд. Дар ҳикмати пешгузаштагон мазкур аст, ки: “Ҳар киро фикрате саҳеҳ бувад, нутқи ў аз сидқ бувад ва амали ў аз ихлос”. Иқтидори маънавӣ ва иродати сиёсии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳосили фикрати саҳеҳ, сидқи сухан ва ихлос дар амал буд, фазилатҳои хуҷастаи миллат, давлатдорони муаззами гузашта ва орзуву ормонҳои кунунии тоҷиконро дар шахсияти Президент муҷтамеъ ва муҷассам гардонид. Давлатдории Эмомалӣ Раҳмон, ки дар пайвандгоҳи вежагиҳои зиндагиву тафаккури мардум, сабақандўзии милливу таърихӣ, асолатҷўии фарҳангиву маънавӣ ва бозандешии омўзаҳои мактабҳои ҷаҳондории Шарқу Ғарб тамомияти назариву амалии худро дарёфт намудааст, бо се сифати бориз имтиёз мекунад: инсонгароӣ дар тасмиму ибтикор, мардумгароӣ дар умури иҷтимоӣ ва хирадгароӣ дар сиёсат.
Аз қадим миллати тоҷикро суннате буд, ки дар сомон додани ҳар амале бо беҳтарин ва хуштарин ниятҳо дасти дуо мекушоданд. Имрӯз мардуми тоҷик бо шукргузорӣ аз зиндагонии осоишта ва шоистаи худ, ки аз овони сӯгу мусибат ба фасли оромишу сурур расидааст, дар ҳаққи давлат ва Сарвари муаззами худ пайваста дасти дуо мебардоранд, то Худованд ояндаи рӯшантару зеботаре барои тоҷикон ато фармояд, миллату Ватан ва Пешвои фаррухқадами онро ҳофизу нигаҳбон бошад, бо саодату сарбаландӣ ба сўи ҷовидонаҳо раҳнамоӣ кунад. Ин дасти дуои халқ, ки тафсири пуштибониву дастгирии эшон аз сиёсати давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон аст, номаи ҳидоятест, ки Пешвои оламшумули тоҷикон, миллати куҳанбунёд ва тамаддунофарини моро ба сарманзили мақсуд хоҳад расонид.
Хайридинзода Исфандиёр,
Сардори раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон
 
								 
								

