• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Рӯзи Модар дар Хадамоти муҳоҷират таҷлил гардид

Migration Service by Migration Service
11.03.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
Рӯзи Модар дар Хадамоти муҳоҷират таҷлил гардид
307
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Ҳамасола ба ифтихори ҷашни фархундаи Рӯзи Модар дар саросари кишварамон тантанаҳои идона баргузор мегарданд.

Дар арафаи соли нави аҷдодӣ, яъне Наврӯзи дилафрӯз якҷоя омадани Рӯзи Модар дар кишвари зебову офтобии мо рамзи нек аст.

Зан–Модар, ки ба мисли баҳор пурнакҳату муаттар, сабзу хуррам ва шодобу шукуфо аст, ба иди Наврӯз зебоиву файзу сахо мебахшад.

Ин нукта, 7 март бахшида ба Рӯзи Модар ва ба хотири арҷ гузоштан ба азамат ва бузургии зан -модар дар Хадамоти муҳоҷират ҷаласаи тантанавӣ баргузор шуд.

Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо занону бонувонро бо Рӯзи Модар табрик намуда, зикр кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадашон ба муносибати Рӯзи Модар иброз доштаанд: «Сухане, ки модар ба фарзанд мегӯяд, дӯстдориву меҳрубонӣ ва ғамхорие, ки нисбат ба фарзанд зоҳир мекунад, чунин суханонро ҳеҷ каси дигар намегӯяд ва чунин ғамхориву дӯстдориро ҳаргиз шахси дигар карда наметавонад».

Зан симои барҷастаи ҳайёт ва неруи тавонои он буда, бо муҳаббату самимият, меҳнату хайрхоҳии худ чун офтоб ҳамеша дар пеши назар аст. Дили ӯ дунёи ишқу муҳаббат ва лабрез аз накӯҳиҳост.

Занро беҳтарин офаридаи Худовандӣ мегӯянд. Ғамхорӣ дар ҳақи занон аз ҷониби Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба арсаи сиёсӣ ҷалб намудани онҳо ҳамеша дар мадди назар қарор дошта, дар як муддати кӯтоҳ дар ин самт занон ба комёбҳои назаррас ноил гардидаанд.

Бале, бисёре аз занҳои имрӯзаи мо дар паи солимии оила ва ватани худ ҳастанд.

Ба рӯйдодҳои ҷаҳони муосир бисёре аз занҳои тоҷик акнун бефарқ наменигарад. Ӯ худро узви фаъол ё як тан зан аз шумораи миллиёнҳо занони сайёра меҳисобад.
Акнун зан соҳиби давлату миллат аст ва пуштибони худро низ дорад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми қаблии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуданд, ки «Бо дарназардошти ин ва бо мақсади амалӣ намудани ҳадафҳои Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҷиҳати то 30 фоиз расонидани хизматчиёни давлатӣ ва то 25 фоиз расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони лаёқатманд дар муҳлати се моҳ «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувони болаёқат барои солҳои 2023-2030» таҳия ва ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад».

Баъдан, Сарвари давлат иброз намуданд, ки «Мо бояд як нуктаи муҳимро ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки зан-модар мавҷуди муқаддас мебошад ва ҳамаи сиёсатмадорону донишмандон ва бузургони олам, аз ҷумла Пайғамбари ислом аз домани поки модар ба дунё омадаанд ва бо шири ҷонбахши ӯ бузург шудаанд».

Бояд гуфт, ки таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намудани Ҳукумати кишвар аст, ки бонувон ба чунин дастовардҳои бемисл сазовор шуданд.

Бинобар ин, бонувонро мебояд, ки ба қадри ҳамаи ғамхориҳои падаронаи Пешвои маҳбуби миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расида, минбаъд низ дар рушди босуботи кишвар саҳми арзандаи худро гузоранд.

Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат занон тавонистанд бо неруи созандаи худ ба ҳайси аъзои Ҳукумати мамлакат ва парлумон, роҳбарони вазорату идора, ташкилоту муассиса ва шаҳру ноҳия фаъолият намуда, баҳри шукуфоии сарзамини офтобиамон саҳми шоистаи худро гузоранд, ки ин мояи ифтихору сарбаландист.
Модар! Оё калимае аз ин зеботар ҳаст! Дар олам аз модар дида муқаддастар мавҷудоте нест.

Дили модар чашмаи муҳаббатест, ки меҳри фарзанд дар он ҳамеша ҷӯш мезанад.

Хизмати модар ҳамто надорад. Бале маҳз дуои гирои модар аст, ки мо ба ин рӯзҳо расидаем.

Аз ин назар, ҳамаи моро, зарур аст, ки пайваста дар хизмати модар бошем ва дар ризояти ӯ бикӯшем. Осудагии модарро осудагии хеш, хушбахтии ӯро хушбахтии худ донем, – афзуд Нодирзода Иматшо.

Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав – экстремизм ва терроризм

Next Post

Табрикот ба муносибати Рӯзи Модарон

Next Post
Табрикот ба муносибати Рӯзи Модарон

Табрикот ба муносибати Рӯзи Модарон

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.