Бо фарорасии фасли зебои баҳор, бедоршавии табиат, дар саросари Тоҷикистон яке аз ҷашнҳои зебову пурнишоти баҳорӣ, – Рӯзи Модар фаро мерасад. Рӯзи модар аз муҳаббату самимият, покиву садоқат ва эҳтироми беандоза нисбат ба зан-Модар маншаъ мегирад. Модар, воқеан, сарчашмаи меҳру садоқат, вафодорию меҳрубонист.
Модар барои ҳар як шахс азизу муқаддас аз ҳама мавҷудоти рӯи олам аст. Ҳар як модар барои фарзанд гиромитарин ва наздиктарин инсон аст. Модар арзандаи ҳамагуна эҳтирому дӯстдорӣ аст. Зеро меҳрубонтарин инсони рӯи олам аст ва фарзандро дар ҳама ҳолат дастгиру, дилсӯзу бахшанда аст.
Модар бузург аст. Бузургии модар дар он аст, ки ӯ бузургтарин неъмати дунё – фарзандро ба дунё меорад. Новобаста аз синну сол барои фарзанд навозиши дастони модар беҳтарин оромиш аст. Ӯ шабу рӯз дар фикри он аст, ки фарзанд бузург, донишманд, ҳунарманд шавад ва барои ҷомеа инсони саҳмгузор гардад. Ҳамеша ва дар ҳама ҳолат мекӯшад фарзанди хешро ба роҳи рост ҳидоят намояд, то ӯ дар оянда шарафёби рӯзгори хушу бахти сафед гардад.
Дар ҳақиқат, модар ба ҳама ранҷу заҳмат омодааст, то фарзандаш одобу ахлоқ, одамию одамгарии нахуст аз муҳити хонавода касбкардаро то ба дараҷаҳои камолот бирасонад.
Нигоҳи пурмеҳри Модар баҳори зиндагии фарзанд, манбаи илҳому неруи ҳаёт, малҳами захмҳои рӯзгори ӯст. Ҳамин аст, ки шахс баъди соҳибфарзанд шудан, бештару бештар ба бузургиву фидокориҳои модар пай мебарад, қадри заҳматҳои лаҳза ба лаҳза, тапиданҳои дили модарро дарк мекунад, мехоҳад кулли ганҷи дунёро ба пеши пойи Модар бирезаду дуову ризоияти ин Фариштаи Меҳрро дарёбад, то ба саодати ҷовидонаву хуррамии ҳамешагии рӯзгор бирасад.
Аз ин рӯ, ба қадри Модар расидан, эҳтироми ин нигини офаринишро ба ҷо овардан аз як тараф агар қарзи ҷонию виҷдонии ҳар як фарзанд бошад, аз тарафи дигар мояи саодату комгории насли башар, пойдории назми ҷомеаи мутамаддин мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд:“Модар барои фарзанд ҳам умеду орзу, ҳам қалбу руҳ, ҳам дармони ҷисму ҷон, яъне меҳрубонтарину ғамхортарин ва муқаддастарин шахс мебошад”.
Бузургии зан-Модар аз ҷумла дар он таҷассум меёбад, ки ӯ посдори рукнҳои асосии мавҷудияти халқу миллат – забон ва таъриху фарҳанги миллӣ мебошад. Ин масъулияти бузург водораш месозад, ки дар баробари нигоҳубину парасторӣ ва камолоти ҷисмонии фарзандон, онҳоро дар руҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳисси баланди миллӣ тарбия намояд. Зеро нақши модар, махсусан, дар раванди таълиму тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг ва умуман, камолоти маънавии фарзанд бисёр бузург аст. Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, пас ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифат ва тандурустии зан – Модар вобаста аст. Модари тоҷик дар тӯли тамоми таърих тарбиятгари фарзандони нобиғаву хирадманд, солеҳу поктинат, бофазлу соҳибмаърифат, ватандӯсту ватанпарвар ва ҳунарманду созанда буда, ин рисолати муқаддаси худро имрӯз низ бо меҳру садоқати афзун идома медиҳад.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2009 дар Тоҷикистон 8 март Рӯзи Модар эълон гардидааст ва ҳар сол дар арафаи ин ҷашни меҳру муҳаббат, ҳусну тароват, иффату садоқат Сарвари муаззами кишвар бо занону бонувони мамлакат вохӯрда, нақши занро дар рушду пешрафти ҷомеа, тарбияти насли нав муҳим арзёбӣ ва қадрдонӣ мекунанд. Дар сатҳи давлатӣ ҷашн гирифтани Рӯзи Модар нишонаи эътибору эҳтироми зиёди давлат ва Ҳукумати кишвар нисбат ба модарону занон ва гувоҳи равшани мақому манзалати хоссаи онҳо дар даврони соҳибистиқлолии кишвар мебошад.
Ҳукумати мамлакат, бо назардошти нақши муассири занону бонувон дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар, таъмини ҳуқуқу манфиатҳои занону модаронро яке аз самтҳои муҳимтарини сиёсати худ қарор дода, ба хотири ҳимояи ҳуқуқи занон, ҳамакнун, тамоми заминаву имкониятҳои муосири қонунӣ фароҳам аст. Аз ҷумла дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 60 санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул карда шуд, ки амалисозии онҳо боиси бамаротиб беҳтар шудани вазъи иҷтимоии занону духтарон гардид.
Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030 ва Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030 мавриди амал қарор доранд, ки ба таҳкими мавқеи занону бонувон дар ҷомеа равона шудаанд.
Ба ин маънӣ, занону модарон ҳамеша дар тарбияи фарзандони соҳибмаърифату хайрхоҳ ва дорои ахлоқи ҳамида кӯшиш намуда, онҳоро ба ҳаёти мустақилона омода месозанд. Зеро фарзанди аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва маънавӣ солим ба қадру манзалати падару модар, Ватан ва таъриху тамаддуни миллат мерасад ва барои давлату миллати худ хизмат мекунад.
Ин масъулияти бузург модаронро вазифадор месозад, ки дар баробари нигоҳубину парасторӣ ва камолоти маънавию ҷисмонии фарзандони худ онҳоро дар рӯҳияи худогоҳиву худшиносӣ, ҳувияту ифтихори миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳомии марзу бум тарбия намоянд.
Агар ободиву суботи ҷомеа аз осоишу оромии ҳар як оила вобаста бошад, дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз рӯҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифатнокӣ ва тандурустии зан-модар вобаста аст. Нақши модар махсусан дар тарбия, омӯхтани забон, таъриху фарҳанг, донишҳои муосир ва умуман камолоти маънавӣ ва ҷисмонии фарзанд хеле барҷаста мебошад.
Имрӯз зани тоҷик дар раванди таҳкими давлатдории миллӣ рисолати нигаҳдории фарҳанг, забон, урфу одат ва анъанаҳо, рисолати ҳифзкунандаи муқаддасоти оила ва тарбияи фарзанд ва рисолати ходими фаъоли ҷамъиятию давлатиро адо намуда истодааст. Ва таҷрибаи беш аз 30 соли соҳибистиқлолӣ собит намуд, ки роҳбарияти давлату ҳукумат, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи таъмини баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалинамоии онҳо диққати ҷиддӣ медиҳанд.
Маҳмадуллозода Фирӯза,
Сардори шуъбаи ташкил ва умумӣ Хадамоти муҳоҷират

