Бахшида ба Рӯзи модар имрӯз, 6-уми марти соли равон дар Хадамоти муҳоҷират бо иштироки роҳбарият ва кормандони дастгоҳи марказии Хадамот ва МД “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” дар шаҳри Душанбе чорабинии идона баргузор гардид.
Сардори Хадамоти муњољират Нодирзода Иматшо ҳозиринро бо фарорасии Рӯзи Модар табрик намуда, иброз намуд, ки занону модарони мо ҳанӯз дар оғози даврони истиқлоли давлатӣ ба хотири ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои худ ва ба эътидол овардани вазъи кишвар азму талош карда, дар роҳи расидан ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ саҳми арзишманд гузоштанд. Ҳоло ҳазорҳо нафар занону бонувони қавиирода ва ҷасуру далери мо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хизмати Модар – Ватанро адо карда, дар ҳифзи марзу буми кишвар ва тартиботу оромии ҷомеа баробари мардон адои вазифа карда истодаанд. Мо бо чунин занону бонувони матиниродаи миллат ифтихор мекунем ва ба садоқати онҳо ба Ватан аҳсан мехонем.
Сипас сардори Раёсати ҳуқуқ, кадр ва корҳои махсуси Хадамот Абдушаҳидов Ҳумоюн, ҳозиринро бо фарорасии Рӯзи Модар табрик намуда, зикр кард, ки занон аз оғози соҳибистиқлолии мамлакат дар меҳвари сиёсати ҳукумат қарор доранд ва давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Чӣ тавре, ки дар Паёми имсолаи Роҳбари давлат дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ироа гардид “Ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоизи кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоизи олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд”, – қайд кард ӯ.
Дар идома Сардори Хадамоти муҳоҷират Нодирзода Иматшо баромад намуда, қайд кард, ки занон дар тарбияи сармояи инсони саҳми намоён доранд. Нақши зан дар ҷомеа аз оила маншаъ мегирад. Чунки зан фарзандонро дар рӯҳияи инсондӯстию некбинӣ, ватандӯстию меҳанпарастӣ, ростиву росткорӣ, зебоипарастиву ҳақиқатнигорӣ тарбия намуда, ҳамчун як инсони комил ба воя мерасонад. Саҳми занону бонувони соҳибҳунар дар эҳё намудану тараққӣ додани ҳунарҳои мардумӣ ва бо ҳамин роҳ муҳайё кардани ҷойҳои корӣ барои дигар бонувони хонашин басо арзишманду назаррас аст. Бинобар ин, масъалаи беҳбудии зиндагии занону духтарон ҳамеша дар меҳвари сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад ва Роҳбари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни баромаду вохӯриҳояшон ба масоили дастгирии занону бонувон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд, – иброз доштанд Нодирзода Иматшо. Дар анҷоми чорабинӣ бонувони Хадамоти муҳоҷират бо “Ифтихорнома”, “Сипоснома” ва тӯҳфаҳои пулии таъсиснамуда қадрдонӣ шуданд.
Марази матбуоти Хадамоти муҳоҷират