Радикализм ин вожаи хориҷӣ, аз калимаи лотинӣ гирифта шуда, маънои аслиаш реша мебошад. Ақида, назария ва амалҳое, ки ба ҳалли ягон масъала равона карда шудааст ва ё тағйир додани сохти иҷтимоию сиёсӣ, истилоҳи ҷудоиандозии анъанаҳои эътирофшуда мебошад.
Ҳамин тариқ, радикализм бо идеяҳои ҷомеъаи сиёсӣ ва дигар субъектони муносибатҳои ҷамъиятӣ барои тағйир додани сохти мавҷудаи давлат, куллан табдил додани тамоми низоми мавҷуда мебошад. Ин падида дар давраҳои таърихии буҳронӣ ва гузариш вусъат меёбанд, вақте ки таҳдид ба анъана, урфу одати миллӣ, фарҳанг ба миён меояд, радикалҳо хоҳиши овардани ақидаҳои сиёсӣ ё дигар ақидаро бе ягон созиш паҳн менамоянд.
Радикализм ин илеалогияи мубориза барои ҳокимият, ҳудуд мебошад, ки таҳаммулнопазирии динӣ дорад. Дар ҷомеъаи мо радикализм, ин падидаи нав мебошад ва дар кишварҳое рушд мекунад, ки дар давраи гузариш қарор доранд. Имрўз ҷомеаи ҷаҳониро радикализми динӣ хеле ба ташвиш оварда, дар ватани биҳиштосои мо низ ин падида рўз то рўз авҷ мегирад.
Боиси нигаронист, ки радикализми динӣ дар байни ҷавонони ноогоҳи дур аз фарҳанги миллӣ ва шахсоне, ки дониши кофи дунявӣ ва динӣ надоранд тез паҳн мешавад. Истифодаи ғайриоқилонаи интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ сабаби асосии ҷалб шудани ҷавонон ба ин гуна ҳаракатҳо мебошад. Радикализми динӣ барои расидан ба мақсади худ асосан аз ҷавононе, ки саводи диниву дунявӣ надоранд ва аз фарҳанги миллии худ дур истифода мебаранд. Онҳо тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ ақидаҳои динии бардурӯғи худро ба сари чунин ҷавонон ҷой медиҳанд.
Мусаллам аст, ки чунин амалкарди онҳо ба дини мубини ислом, ки ростиву ростқавлӣ, покӣ ва дустдории ватанро талқин месозад, ягон робитае надорад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аксарияти ҷавононе, ки ба ин намуд гурӯҳҳои тундгаро шомил мешаванд, муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар хориҷи кишвар хусусан, дар Федератсияи Россия қарор доранд мебошанд.
Дар суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо масъалаи пешгирӣ ва мубориза бар зидди ифротгароӣ таъкид шудааст: “Дар шароити тағйир ёфтани вазъи геополитикии ҷаҳон ва афзоиши таҳдиду хатарҳои нав, ки ба рушди давлатдории миллӣ ва манфиатҳои милливу давлатии мо низ монеаҳои ҷиддӣ эҷод мекунанд”
Барои мубориза зидди радикализм ва пайравони онҳо миёни мамлакатҳои дунё ягон муттаҳиди ё андешаи умуми вуҷуд надорад. Як давлат барои маҳв сохтан кӯшиш менамояд ва дигаре онро дастгирӣ намуда ба манфиати худ истифода менамояд. Радикализм, ки худ мафҳуми геопалитикӣ дорад, давлатҳои абарқудрат аксар вақт онро дасгирӣ менамоянд. Онҳо ниятҳои худро дошта ва тавассути ёрӣ расонидан, ба гурӯҳҳои алоҳидаи радикалӣ ҳадафҳои худро амалӣ менамоянд.
Бояд бар ҷаҳони муосир қонунҳое дар сатҳи байналмилалӣ рўи кор ояд, ки ҳадафи ягонаи мубориза зиди ин гуна ғояҳои ифротгаро дар тамоми олам муайян бошанд. Танҳо, фикри ягона ва дастаҷамъӣ метавонад онҳоро маҳв созад.
Бепарвоӣ ва бетарафӣ оиди ин гуна масъала хатари бузург ба фардои ҷомеъа дорад!
Урунбоев Б,
Мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Спитамен