• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

РОҲНАМОИ МУҲОҶИР:ТАЪМИНОТИ ИТТИЛООТӢ МУҲИМ АСТ!

Migration Service by Migration Service
31.01.2024
in Хабархо, Хабарҳо
0
РОҲНАМОИ МУҲОҶИР:ТАЪМИНОТИ ИТТИЛООТӢ МУҲИМ АСТ!
308
SHARES
2.4k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Дар шароити зиёдшавии бомароми шумораи муҳоҷирон дар дунё ва пешгӯинашаванда гардидани раванди муҳоҷират масъалаи ҳимояи ҳуқуқ ва манифатҳои муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳо муаммои асосии мақомоти муҳоҷират боқӣ монда, ҳамкории дастаҷамъонаи сохторҳои марбутаи кишварҳои содиркунанда ва қабулкунандаи қувваи кориро тақозо менамояд. Дар чунин вазъ, албатта, иттилоърасонии дуруст ва саривақтӣ ба ҳамаи категорияҳои муҳоҷирон, аз ҷумла муҳоҷирони меҳнатӣ, дохилӣ ва экологӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

Таъминоти иттилоотӣ ба муҳоҷирон маънои пешниҳоди маълумоти муфассал дар бораи ҷанбаҳои ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва хусусиятҳои фарҳангии кишвари қабулкунандаро дошта, огоҳонидани муҳоҷирон дар бораи ҳуқуқ ва уҳдадориҳои онҳо барои мутобиқшавии муҳоҷирон дар шароити мавҷудаи кишвари зист ниҳоят муҳим аст. Муҳоҷирон махсусан дар бораи нуктаҳои ҳуқуқҳои меҳнатӣ, ҳуқуқ ба таҳсил, ҳифзи саломатӣ ва дигар паҳлӯҳои муҳими ҳаёти ҳаррӯза маълумуот дошта бошанд. Дастрас набудани чунин маълумот метавонад боиси осебпазирӣ гардидани муҳоҷирон, сӯйистифода ва истисмори онҳо аз ҷониби корфармо гардад, махсусан дар сурате, ки муҳоҷир забон ва нозукиҳои фарҳанги кишвари иқомотро дар сатҳи зарурӣ надонад.

Бо вуҷуди ин, танҳо пешниҳоди маълумот кофӣ нест. Муҳим аст, ки маълумоти мазкур бо забони модарии муҳоҷир ва дар услуби фаҳмо таҳия ва пешниҳод карда шавад. Асри нав ва рушди босуръати технологияи иттилоотӣ шароит фароҳам овардааст, ки маълумоти барои муҳоҷир зарурӣ тавассути захираҳои интернетӣ ва порталҳои иттилоотӣ пешниҳод гардида, дар ҳама шароит барои муҳоҷирон дастрас бошад.

Бо назардошти аҳамияти ҳамин масъала ва таъмини муҳоҷирон бо маълумоти саҳеҳ торномаи расмии Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суроғаи migration.tj фаъол буда, маълумоти барои муҳоҷирон махсусан зарурӣ дар саҳифаи “Роҳнамои муҳоҷир” (дар суроғаи https://migration.tj) ва суроғаи http://tajmigration.ru/ Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ФР ҷой дода шудааст.

Аммо бояд қайд намуд, ки талошҳо барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои муҳоҷирон тавассути таъминоти иттилоотӣ танҳо дар сурате натиҷаи дилхоҳ медиҳанд, ки худи муҳоҷирон аз ҳуқуқҳои барояшон пешбинӣ намудаи қонунгузорӣ хабар дошта бошанд ва пайваста дар бораи ҷанбаҳои гуногуни раванди муҳоҷират иттилоъ дастрас намоянд.

Илова бар ин, омӯзиши асосҳои қонунгузории муҳоҷирати кишвари иқомат ва хусусиятҳои фарҳангии маҳалле, ки муҳоҷир иқомати муваққатӣ дорад, шарти аввалиндараҷаи интегратсияи муҳоҷирон мегардад. Донистан ва дарк намудани қоидаҳо ва тарзу усули зисти иқоматкунандагони доимии кишварҳои қабулкунандаи қувваи корӣ, инчунин, хатари сар задани нофаҳмӣ ва муноқишаҳоро коҳиш дода, ба муҳоҷирон кӯмак мекунад, ки бо сокинони маҳаллӣ муносибат барқарор кунанд.

Дар маҷмуъ, таъсири мақсаднок ва гуногунҷабҳаи иттилоотӣ дар ташаккули ҷомеаи устувор нақши муҳим дошта, муҳоҷирон (эммигрант ва иммигрантҳо) дар сурати мусаллаҳ будан бо иттилои дуруст дар бораи ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худ бе миёнараваҳо метавонанд аксар мушкилотеро, ки ҳамарӯза дучор меоянд, бартараф созанд. Ба ҳамин хотир, аз муҳоҷирон даъват ба амал оварда мешавад, ки аз порталҳои иттилоотии мақомоти муҳоҷират васеъ истифода бурда, дар раванди ҳифзи ҳуқуқ ва манифатҳои муҳоҷирон, худ низ фаъол бошанд.

Абдуллоев Некруз,
мудири бахши робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Корҳои иттилоотӣ-маърифатӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ

Next Post

Мулоқоти судманд дар Ҷамаоти шаҳраки Баҳманруди ноҳияи Темурмалик

Next Post
Мулоқоти судманд дар Ҷамаоти шаҳраки Баҳманруди ноҳияи Темурмалик

Мулоқоти судманд дар Ҷамаоти шаҳраки Баҳманруди ноҳияи Темурмалик

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.