Ҷиҳати амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ҷойҳои кории доимӣ ва мавсимӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, чораҳои судманд андешида мешавад.
Қобили қайд аст, ки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дастгирии шаҳрвандон ва таъмини онҳо бо ҷойҳои нави корӣ, дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо донистани забонҳои хориҷӣ диққати махсус дода, пешниҳодҳои шаҳрвандонро баҳри инкишофи Ватани азизамон доимо дастгирӣ менамоянд ва бунёди шароити мусоиди кору фаъолиятро барои шаҳрвандон пайваста таъмин месозанд.
Аз ин лиҳоз, аз ҷониби масъулин ба воситаи раисони ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳоти ноҳия, Кумитаи маҳаллаҳо, имомхатибон ва фаъолони ноҳия дар маркази деҳаҳо бахусус ҷойҳои серодам корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба ҷалби шаҳрвандон барои кор дар ҳудуди ноҳияи Варзоб ва ҶСК НБО «Роғун» ба роҳ монда шудааст.
Дар ин асно, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб якҷо бо бахши Хадамоти муҳоҷират ва шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, бахши кор бо ҷавонон ва варзиш, КВД БД ҶТ «Амонатбонк» филиали №22 дар ноҳия ва намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» дар назди варзишгоҳи марказии ноҳияи Варзоб ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод дар Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи Неругоҳи Барқи Обии «Роғун» баргузор намуд.
Мавриди зикр аст, ки дар ин ярмарка аз ҷониби ширкатҳои пудратии ҶСК НБО «Роғун» воҳидҳои корӣ пешниҳоди корҷӯён гардид.
Дар баробари ин, аз ҷониби масъулин дарҷ гардид, ки Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи Неругоҳи Барқи Обии «Роғун» ҳамчун иншооти бузурги аср ба дилу дидаи мардуми тоҷик ва ҳатто мардуми берун аз марзу буми кишвари азиз ҷой гашта, нест тоҷике, ки ин сохтмонро дастгириву мададгор нашуда бошанд.
Инчунин, масъулин иброз доштанд, ки имрӯз миллати сарбаланди тоҷик кохи нуру маърифати тоҷикистониёнро бо қувваи дасти хеш ва бозуву ақлу хиради худ бино карда истодаанд.
Дар ин маврид, масъулин қайд намуданд, ки сохтмони ҶСК НБО «Роғун» аз ҷиҳати иқтисодӣ, минтақавӣ ва глобалӣ аҳамияти муҳим дорад.
Зеро азхудкунии иқтидорҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон имконият медиҳад, ки минтақа бо неруи барқи арзону аз нигоҳи экологӣ тоза таъмин карда шавад.
Дар рафти вохӯрӣ аз ҷониби масъулин ба иштирокчиён ёддоштҳо дар мавзуъҳои «Ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод дар Ҷамъияти Саҳомии Кушодаи Неругоҳи Барқи Обии «Роғун» дастрас гардонида шуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки масъулини соҳа минбаъд низ ташкил ва баргузории ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ, паҳн намудани варақаҳои таблиғотӣ ва доир намудани корҳои фаҳмондадиҳиро ҷиҳати ҷалби сокинони бешуғл барои кор дар ҳудуди ноҳияи Варзоб ва ҶСК НБО «Роғун» ба роҳ мемонанд.
Орифҷон Олимзода,
мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар ноҳияи Варзоб