• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Роғун – баёнгари миллати тамаддунофар ва ҷаҳонсоз

Migration Service by Migration Service
06.08.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Роғун – баёнгари миллати тамаддунофар ва ҷаҳонсоз
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ ва аҳли зиёи кишвар, ки санаи 23.12.2022 сол баргузор гардида буд, рушди соҳаи энергетикаро яке аз мақсадҳои аслии давлат ва таъмини амнияти энергетикиро яке аз чор ҳадафи стратегии роҳбарияти давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз намуда буданд ва маҳз сохтмони НБО “Роғун”-ро муҳим ва чун ҳаёту мамот барои ин миллат зарур шуморида буданд.

 Об, агар дар навбати аввал сарчашмаи ҳаёт бошад, инчунин аз нигоҳи иқтисодӣ аҳамияти ниҳоят зиёд дорад. Яъне дар ҳолати самарнок истифода бурдани захираҳои обӣ мо метавонем дар самти сохтани иншоотҳои гидроэнергетикӣ ҷаҳду талош намуда, аз фурӯши нерӯи барқе, ки аз Неругоҳҳои обӣ ба вуҷуд оварда мешавад, буҷаи кишварро ғанӣ гардонида, соҳаҳои хоҷагии халқ умуман ҷумҳуриро бо нерӯи барқ таъмин намоем ва ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат намуда бошем.

Самарнок истифода бурдани захираҳои обӣ дар ҳамон ҳолат натиҷаи воқеии худро ба бор оварда метавонад, ки агар мо ин неъмати бебаҳои табиатро муқаддас шуморем. Тоҷикистони азизу маҳбуби мо дорои захираҳои бузурги обӣ мебошад. Кишвари мо аз нигоҳи захираҳои обӣ дар миқёси Ҷаҳон мавқеи 8 (ҳаштум)-ро ишғол намуда, дар байни собиқ ҷумҳуриҳои Шуравӣ баъд аз Федератсияи Россия мақоми 2 (дуюм) ва дар байни ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ қарор доранд. Аз ин лиҳоз, моро зарур аст, ки тамоми кӯшиш ва заҳмати худро ба он равона намоем, ки ин боигариҳои табиатро ба манфиати давлату миллат самарнок истифода намоем. Дар ин замина сохтмони иншоотҳои гидроэнергетикиро ҳадафи хеш қарор диҳем. Яъне бо сохтану азнавсозии Неругоҳҳои обии барқӣ мо метавонем амнияти энергетикии кишварро пурра таъмин намуда, буҷети давлатро комил гардонем ва қисме аз онро ба кишварҳои ниёзманд фурӯшем. Ин дар самти ба “Иқтисоди сабз” расидани кишвари азизамон бешак такони ҷиддие хоҳад бахшид.

Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як баромадҳои хеш ин   нуқтаҳои дар боло зикргардидаро гуфта мегузаранд ва таъкид бар он менамоянд, ки таъмини амнияти энергетикии кишвар яке аз ҳадафҳои аслии давлату Ҳукумати Тоҷикистони азиз мебошад. Албатта, амалӣ гардидани ин ҳадафҳоро мо дар мисоли иншоотҳои бузурги гидроэнергетикӣ, ки дар даврони соҳибистиқлолии кишвар сохтаву мавриди истифода қарор гирифтаанд, гуфта метавонем. Ба мисоли Неругоҳи обии барқии “Сангтуда-1”, ки бо қисме сармояи худӣ аз ҳисоби буҷети давлат ва сармояи берунӣ аз ҷониби Федератсияи Россия сохта ва мавриди истифода қарор гирифт, “Сангтуда-2” бо сармоягузории берунӣ, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон суръат гирифт, ки ҳарду дар ҳудуди ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон воқеъ гардидаанд, сохтаву мавриди истифода қарор гирифтанд,

Иншооти бузурги аср, ки мо онро бо ифтихор “Роғун” ном мебарем, аҳамиятноктарин ва муҳимтарин иншооти стратегии давлат ба ҳисоб меравад. Аз нигоҳи ҷуғрофӣ мавқеи ҷойгиршавии ин иншооти бузурги аср қариб 90 (навад фоиз)-и корҳои сохтмонӣ дар зери кӯҳ амалӣ мегарданд. Ин объекти стратегӣ аз маркази ҷумҳурӣ шаҳри Душанбе дар масофаи 110 киллометр дар шоҳроҳи Душанбе-Рашт-Лахш сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон ҷойгир мебошад. Нерӯгоҳ аз 6 (шаш) агрегат (чарха), ки тавоноии ҳар кадоме аз онҳо 600 (шашсад) МВТ нерӯи барқ мебошад ва дар маҷмуъ иқтидори ин иншоот ба 3600 (се ҳазору шашсад) МВТ нерӯи барқ баробар мебошад. Сарбанди ин нерӯгоҳ дар ҷаҳон назир надорад ва аз ҳама баландтарин ҳисобида мешавад, ки баландияш ба 335 (сесаду сиву панҷ) метр мерасад.

Дар сохтмони ин нерӯгоҳ наздик ба 20 (бист) ҳазор мутахасиссон фаъолият мебаранд, ки аз ин 90 (навад) дарсадашро мутахассисони кишвар ташкил медиҳанд. Истифодаи техникаҳои мухталиф бошад, дар ин нерӯгоҳ ба 4 ҳазор номгӯ мерасад. Барои сохтану побарҷо намудани ин иншооти бузурги таърихӣ саҳми бевоситаи Қаҳрамони ҷонфидои Миллат Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон басо бузург ва рамзист. Агар мо ба замони Шӯравӣ назар афканем мебинем, ки давлати бузурги Шӯравӣ бо вуҷуди дорои имкониятҳои бузурги моддию башарӣ доштанашто ба интиҳо сохтмони ин иншоотро расонида натавонист, дар ҳоле ки наздики аз 6 (шаш) 2 (ду) ҳиссаи қитъаи ҷаҳонро зери роҳбарии худ нигоҳ медошт. Аммо аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омадани ин марди наҷиб ва бо азму иродаи қаввии ин марди майдон Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии миллати тамаддунофару фарҳангсолори тоҷик ин иншооти бузурги аср соҳиби азалии хешро дарёфт ва ин аст, ки мавриди сохтмон ва баҳрабардорӣ қарор дорад. Албатта, суханони ибратомӯз ва ба таърих мондаи Пешвои миллат, ки мавриди сохтан ва баҳрабардории яке аз нақбҳои Шимоли кишвар, ки қисмати Ҷанубро бо Шимол мепайваст ширкатҳои хориҷӣ, ки масъулияти онро бар дӯш доштанд, мушкилӣ мекашиданд ва ба таҳалукка афтида буданд, ҳеҷ гоҳ аз хотир фаромӯш намегардад, дар ҳамон вақт нерӯи Рустамонаи ин марди некӯсиришт, ки сар то по ору номус, мебошад, гуфта буд: “Монеаи шикофтани ин нақб ҳатто куҳе, ки аз санги хоро иборат бошад ҳам, истодагарӣ карда наметавонад, чунки мо бо нохунҳои худ ин куҳро шикофта нақбро ба ин миллат месозем!”. Воқеан ҳам дар пешбурду рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ нақши калидии Пешвои муаззами миллат ниҳоят бузург аст.

Санаи 16.11.2018 сол, ки агрегат (чарха)-и аввали НБО “Роғун” бо ташабусси Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба азму иродаи халқи тоҷик ва ҷавонмардони ин миллат боварӣ ва ифтихор дорад. Ҳангоми суханронии пурмуҳтавои хеш, ки дар ба истифода додани чархаи аввали иншоот гуфта буд, ки: “Тоҷикистон ба пеш!”. Яъне, Пешвои муаззами миллат будани ин шахсияти таърихӣ бори дигар барои ҷомеаи Тоҷикистон тасдиқи хешро дарёфт ва ба ин созандагони Ватан неруву нишоти тоза бахшид.

 Бинобар ин ҳар фарди солимфикру дурандеши миллатро зарур аст, ки дар пайравӣ ба Пешвои муаззами миллат саъю талош намоем, то ин кишварро нурафкани тамоми рӯи замин гардонем ва ҳар бор, ки номи тоҷику Тоҷикистон дар дилхоҳ гушаи дунё ва ё минбарҳои бузурги ҷаҳонӣ гирифта шавад, чун миллати зиндакунандаи тамадуни ҷаҳонӣ ва созандаву арҷгузорандаи ниёгони ифтихорманди хеш эътироф гардида бори дигар шинохта шавем ва душманоне, ки то ба имрӯз борҳо теша ба решаи ин миллату ин кишвар мезаданд ва тирашон хок мехурд, ангушти ҳасрат газидаву қоил ва таслим ба ин миллат ва абармандони он гарданд.  

Саторова Манзурат,

Сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Хуҷанд                                                                                         

Previous Post

Рафти ободонии ҷамоати деҳоти Тахти Сангин ноҳияи Қубодиён

Next Post

Идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ  дар “Истгоҳи роҳи оҳан” ва терминали мусофиркашонии “Роҳи Абрешим”-и шаҳри Хуҷанд

Next Post
Идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ  дар “Истгоҳи роҳи оҳан” ва терминали мусофиркашонии “Роҳи Абрешим”-и шаҳри Хуҷанд

Идомаи корҳои фаҳмондадиҳӣ  дар “Истгоҳи роҳи оҳан” ва терминали мусофиркашонии “Роҳи Абрешим”-и шаҳри Хуҷанд

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.