Тавре дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия” таъкид шуддааст, ки коррупсия – кирдоре, шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар содир менамоянд, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартарият ва имтиёзҳои дигар бо мақсади моилкунӣ ё қадр кардани онҳо барои содир намудани чунин кирдорҳо ба манфиати шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ мебошад.
Муҳаққиқони коррупсия бар он ақидаанд, ки ягон мамлакат, ҳатто давлатҳои дорои таърихи бойи идоракунии ба меъёрҳои демократӣ асосёфта аз коррупсия озод нест. Аммо зуҳуроти он дар ҳар давлат гуногун буда, дар давлатҳое, ки дар давраи гузариш аз як низоми идоракунии давлатӣ ва иқтисодӣ ба дигар низом қарор доранд, зоҳиршавии коррупсия хавфи ҷиддиеро ба раванди ислоҳоти иқтисодӣ, рушди он ва дигар паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ба вуҷуд меорад. Тибқи маълумоти Созмони Миллали Муттаҳид ва Фонди байналмилалии асъор иқтисодиёти ҷаҳони имрӯза ба туфайли мавҷудияти коррупсия ҳамасола 1,5-2,6 триллион доллар зарар дида истодааст. Гарчанде, ки барои раҳоӣ аз ин падидаи номатлуб аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ тадбирҳои назаррас амалӣ гашта бошад ҳам он инсониятро ба доми худ кашида истодааст.
Решаҳои таърихии коррупсия аз давраҳои қадим сарчашма мегирад. Тахмин меравад, ки он ҳануз аз давраи қабилавӣ пайдо шуда, шахсони алоҳида ба мақсади ба даст овардани мавқеи хоса дар қабила ба сардори он туҳфаҳои гуногун пешниҳод менамуданд. Чунин муносибат дар он давра ҳамчун амалҳои маъмулӣ қабул мегардид. Аммо, пайдоиши нахустин давлатҳо, мураккабшавӣ ва мутамарказонида шудани сохтори давлатӣ нишон дод, ки коррупсия ба рушди бемайлони давлату ҷомеа таъсири манфии худро мерасонад.
Мувофиқи таҳқиқотҳои мутахассисон омилҳои зерин боиси зуҳуроти амалҳои коррупсионӣ мегардад: – қонунҳое, ки ду маъноро ифода менамояд, паст будани донишҳои ҳуқуқии шаҳрвандон, вазъи ноороми сиёсии мамлакат, Вайроншавии тамоюли ягонагии ҳокимияти иҷроия.
Дар мамлакатҳои ҷаҳон чунин роҳҳои муқовимат бо коррупсия мавҷуд аст: – назорати дохилӣ – роҳи мазкур бунёди сохторҳои назоратиро дар сохтори идоракуниро тақозо менамояд. Вазифаи асосии он пеш аз ҳама назорати риояи қоидаҳои этикети дохилӣ аз ҷониби кормандон. Назорати беруна – усули мазкур таъмини мустақилияти сохторҳои аз аппарати иҷроия мустақил ба ҳисоб рафта, яке аз воситаҳои пурсамари мубориза бо коррупсия мебошад. Таъмини дараҷаи максималии мустақилияти судҳо ва ВАО.
Мубориза бо роҳи интихобот – яке аз роҳҳои асосии ҷазо барои порахурӣ ба вакилон, ин овоз надодан ба ӯ дар интихоботҳои минбаъда. Гузоштани таъсир ба коррупсия бо воситаи интихобот воситаи самарабахш ба ҳисоб меравад. Швеция, Сингапур, Гонконг, Португалия давлатҳое мебашанд, ки дар мубориза бар муқобили коррупсия ба натиҷаҳои назаррас ноил гаштаанд. Ин кишварҳо бо бартараф намудани омилҳои коррупсия ба чунин дастовард расиданд.
Таҷрибаҳои давлатҳои пешрафтаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки дар мубориза бар муқобили коррупсия пурзӯр намудани ҷазо роҳи ҳалли мауаммо нест. Барои расидан ба натиҷаҳои назаррас пеш аз ҳама баланд бардоштани донишҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии шаҳрвандон ба воситаи корҳои таблиғотию ташвиқотӣ, пурзӯр намудани фаъолияти институтҳои шаҳрвандӣ зарур мебошад.
Бобоназарзода Санавбар,
Сардори шуъбаи муҳоҷирати меҳнатӣ Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе

