Дар ҷомеаи кунуни бархе аз ҷавонону наврасон бинобар сабаби каммасъулиятиву оворагардӣ ва надоштани маълумоти пурра аз таъсири оқибатҳои ноустувори шабакаҳои иҷтимоӣ побанди раванди зуҳуроти гуногуни номатлуби ҷомеа мегарданд.
Аз ин рӯ, насли калонсол-падару модарон, омӯзгорон, ходимони дин, кормандони ҳифзи ҳуқуқ, васоити ахбори омма ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакатро зарур аст, ки бо ҷавонон ва наврасон ҳамаҷониба ҳамкорӣ намуда, ба онҳо роҳи дурусти ба камолрасӣ ва муваффақ шуданро дар соҳаҳои мухталифи зиндагӣ нишон диҳанд.
Ба онҳо собит намоянд, ки маҳз ҷавононе, ки аз таҳсил дур мондаанд ва касби муайян надоранд аз ҳама бештар бо роҳи осон ба доми афроди тундрави беватан ва ифротгаро гирифтор мешаванд.
Созмону гурӯҳҳои тафриқаангез низ бештар бо истифода аз ин омил байни ҷавонон ихтилофи мазҳабӣ паҳн намуда, ба ин васила низоъу нофаҳмиҳоро ба вуҷуд меоранд.
Ин тоифа, ки асосан ташкилотчӣ ва саркардаҳои гурӯҳҳои ифротгаро мебошанд, аз бетаҷрибагии ҷавонон истифода бурда, онҳоро шомили ҳар гуна гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ мегардонанд.
Онҳо бо ҳар гуна ваъдаҳои бардурӯғ ва беасос “ба даст овардани савоби бисёр”, “шаҳиди мутлақ гаштан” ва “дар биҳишт ҷойи аз ҳама волотаринро соҳиб шудан” ҷавононро ба ҳар гуна роҳҳои барғалат мебаранд, онҳоро аз меҳри падару модар ва Ватани азизи худ дур карда, вазъи ҷомеаро ноором мегардонанд.
Муваффақият дар мубориза бо терроризм ва экстремизм фаъолияти ҳамоҳангшудаву босамари мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тақвияти заминаҳои ҳуқуқии танзимкунандаи фаъолияти онҳо дар ин самт мебошад.
Дар ҳама давру замон, дар ҳаёти инсоният ду қувваи ба ҳам муқобил амал мекунад, ки ҳамеша миёнашон ихтилофот ҳукмрон аст.
Аз ҷумла, некиву бадӣ, рӯзу шаб, сафеду сиёҳ, хайру шар ва дигар мафҳумоти зидмаъно.
Дар замони муосир низ чунин зиддиятҳо зиёд ба назар мерасад.
Агар нафаре, гурӯҳе ва ё миллате ба ягон муваффақияту комёбие ноил шавад, ҳатман нотавонбине зуҳур мекунад, то пеши роҳаш санг гузорад.
Мисоли возеҳи ин гуфтаҳо амалҳои террористиву экстремистист, ки ҳамарӯза дар кишварҳои ҷаҳон анҷом дода мешавад ва мо тариқи васоити ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ шоҳиди он мегардем.
Ин амали ноҷавонмардонаи террористон ҳикояи машҳури «Сангпушт ва каждум»-ро пеши назар меоварад.
Яъне, муқтазои табиати ин тоифа неш задан асту ноором сохтани давлатҳову миллатҳои ором.
Муродов Фирузҷон
Корманди бахши робита бо ҷомеа