• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВАЛИ САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Роҳҳои пешгирии экстремизм ва терроризм

Migration Service by Migration Service
12.01.2026
in Хабархо, Хабарҳо
0
Роҳҳои пешгирии экстремизм ва терроризм
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Дар охири асри XX ва ибтидои садаи XXI инсоният ба хатари ҷиддие мисли терроризм ва экстремизм рӯ ба рӯ шуд, ки ба бақои одаму олам таҳдид мекунад. Албатта, онҳое, ки мегӯянд экстремизм (ифротгароӣ) ва терроризм (даҳшатафканӣ) падидаҳое мебошанд, инсониятро дар тамоми тӯли таърих ҳамроҳӣ намудаанд, беасос нест. Решаҳои онҳо хеле чуқуранд. Дар аҳди қадим, асрҳои миёна ва давраи нав одамони алоҳида ва ҳам гурӯҳҳои муташаккили сиёсию мазҳабие буданд, ки ба воситаи тарсонидану даҳшатофаринӣ мехостанд мақсадҳои худро ба дигарон бор кунанд ва зимни ин одамони бегуноҳ қурбон мешуданд.

Махсусан, ибтидои ҳазораи нав амалҳои ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ бештар характери сиёсӣ гирифтанд ва доираи фаъолияти террористон васеъ гардид. Бо инкишофи техникаву технологияи муосир шаклу намудҳои нави террористӣ ба вуҷуд омаданд, ки аз рӯи иқтидори харобиовариашон ба амалиёти калони ҷангӣ шабоҳат доранд.

Агар мо аз рӯи ақлу хиради худ техника ва технологияро дуруст ва бомаврид истифода намоем, пас мо бурд мекунему ин муваффақияти мост ва агар баръакс бошад, пас моро хатари ҷиддие таҳдид менамояд. Ба шакли мисол, аз як ҷониб рушди технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ  ба пешрафти фаъолияти инсонӣ таъсири мусбат расонида, тараққии он муаррифии тамоми соҳаҳоро дар ҷаҳон хеле боло бурд ва аз ҷониби дигар гаравиши аҳолиро, алалхусус ҷавононро,  ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ зиёд намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамқадам бо давлатҳои дигари ҷаҳонӣ, пайи тараққӣ ва рушдёбии тамоми соҳаҳои басо ҳам муҳим тадбирандешӣ намуда истодааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ оид ба вазъи имрӯзаи бархе аз мамлакатҳо, ки дар он ҷо терроризму экстремизм реша давондааст, бо изҳори нигаронӣ чунин қайд намуданд: “Бо дарназардошти воқеияти мавҷуда, мо дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон пурзӯр кардани ҳамкориву шарикиро барои таъмини суботу амнияти фарогир тавассути андешидани иқдомҳои муштарак дар ҷодаи мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва аз байн бурдани омилҳои дастгирии сиёсӣ, низомӣ ва молиявии онҳо ҳамчун самти амалии раҳоӣ аз ин вартаи хатарнок муҳим арзёбӣ мекунем”.

Имрӯзҳо як вирус ҷомеаи ҷаҳонро нороҳат намуда истодааст, ки аз он башарият чашм пӯшида наметавонад ва ҳама  якҷоя аз пайи нест намудани решаи он ҳастанд. Ҳамин аст, ки пайваста дар ҳар як гӯшаи олам ҳар гуна семинарҳо, конфронсҳо, мизҳои мудаввар ва суҳбатҳою вохӯриҳо дар мавзӯъҳои мухталиф, ба монанди “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар соҳаи мубориза бар зидди тундгароӣ ва ифротгароии хушунатомез: таҳдидҳо, чолишҳо ва имкониятҳои ҳамкорӣ”, “Хусусиятҳои истифодаи забони душманӣ дар кори тарғибот ва зидди тарғиботи тундгароӣ”, “Нақши воситаҳои ахбори омма дар мубориза бар зидди идеологияи тундгароӣ”  доир гардида истодааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон низ яке аз мамлакатҳое мебошад, ки дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешида, онҳоро амалӣ намуда истодааст.   Соли 2016 бо Фармони Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм  барои солҳои 2016-2020” тасдиқ гардид.

Дар воқеъ, ба мо маълум аст, ки роҳи давлатдорию давлатсозӣ пур аз монеаҳои сарпечида, хатарҳои сиёсӣ, бозиҳои сиёсӣ, мухолифатҳои сиёсии пӯшида, таҳаввулоти ногаҳонӣ, сӯиқасдҳо ва мушкилоти дигар аст. Ҳамаи ин монеаҳоро мо танҳо бо доштани ҳамон “силоҳ”-и пуриқтидор – зиракии сиёсӣ гузашта метавонем. Имрӯз яке аз шартҳои асосии пойдории давлат, таҳкими истиқлолият, сулҳу ваҳдат ва ягонагӣ дар кишвар ин сатҳи баланди зиракии сиёсии ҳар як сокини мамлакат, махсусан мо, шаҳрвандон, мебошад.

Камолзода Саид,

Сардори раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд

Previous Post

Паёми Пешвои миллат ва вазифаҳои мо шаҳрвандон дар ростои ин ҳидоятҳо

Next Post

Хатари терроризм ва экстремизм дар замони муосир

Next Post
Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм – вазифаи ҳар фарди ҷомеа

Хатари терроризм ва экстремизм дар замони муосир

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.