Баргузории корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати бехатарии муҳоҷирони меҳнатӣ дар хориҷи кишвар аз ҷониби кормандони Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе” пайваста роҳандозӣ мегардад.
Масъулин вобаста ба вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза, аз ҷумла терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ки башариятро ба ташвиш овардаанд ва масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон суханронӣ намуданд.
Зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ кӯшиш карда, барои гумроҳ сохтани сокинони мамлакат, бахусус, ҷавонон ва ба созмонҳои манъшуда ҷалб намудани онҳо аз шабакаҳои интернетӣ васеъ истифода мебаранд.
Мардуми шарифи Тоҷикистон, махсусан, ҷавонони бонангу номуси кишвар инро набояд фаромӯш кунанд ва бояд ҳамеша ҳушёру зирак бошанд.
Ҳамзамон, ба самъи шаҳрвандон расонида шуд, ки ҳар нафаре, ки бо мақсади фаъолияти меҳнатӣ ба Федератсияи Россия сафар мебарояд, ҳатман шиносномаи худро дар сохторҳои Хадамоти муҳоҷират, ки дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолият доранд, аз маҳзани манъшудагон санҷида, баъдан азми сафар намоянд, зеро назорат дар сарҳадоти қаламрави кишвари Россия пурзур карда шудааст.
Вобаста ба муҳоҷирати меҳнатии бехатар қайд гардид, ки пеш аз сафар муҳоҷири меҳнатӣ бояд аз қонуну қоидаҳои нави Федератсияи Россия дар самти муҳоҷират бохабар буда, забони давлатии кишвари қабулкунандаро ҳадди ақал бо тарзи муошират донад, дуруст пур намудани варақаи баҳисобгирии муҳоҷирати шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз худ намуда, ҳуҷҷати касбии худро дошта бошад ва қоидаҳои будубошро пурра риоя намояд.
Бо назардошти ин тавсия дода мешавад, ки ҳангоми дучор гардидан ба ҳар гуна ҳолатҳои шубҳаовар, бо мақомоти дахлдори Федератсияи Россия ё Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сафорату консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвари Россия, инчунин ташкилотҳои ҷамъиятии тоҷикон ва диаспораҳо ҳамкорӣ намоянд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба саволҳои сершумори муҳоҷирони меҳнатӣ ҷавобҳои қаноатбахш дода шуда, ба як қатор шаҳрвандон варақаҳои иттилоотӣ тақсим гардида, ба муҳоҷирони меҳнатии ба ватан баргашта, барои дарёфти ҷойи кор бо музди меҳнати арзанда дар ширкатҳои дохили кишвар, аз ҷумла ҶСК “НБО Роғун” тавсияҳои муфид дода шуданд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Душанбе