Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамқадами соҳибистиқлолии ватанамон буда, дар баробари Конститутсия, забони давлатӣ, Нишон, Суруди Миллӣ ва асъори миллӣ аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ маҳсуб мешавад, ки дар иҷлосияи таърихии XVI – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида буд.
Ҳамасола дар ҷумҳурӣ 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи соҳибистиқлолӣ, соҳибдавлатӣ ва рамзи ҳастии миллат бо шукуҳу шаҳомоти хоса таҷлил мегардад.
Имрӯз 24 ноябри соли 2025 дар қатори дигар вазорату идораҳои ҷумҳурӣ кормандони дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират ва ниҳодҳои зертобеи он ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ, ки аз Майдони Истиқлол то Майдони Парчами давлатӣ сурат гирифт фаъолона ширкат варзиданд.
Воқеан ҳам Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони соҳибистиқлолии кишвар бо шарофати сиёсати оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чун рамзи давлату давлатдорӣ, нангу номуси миллӣ, ҳаёти осоишта, бахту иқболи нек ва умед ба ояндаи шукуфон шинохта шуда, зери ливои худ аҳли ҷомеаро муттаҳид сохтааст. Тавре Пешвои муаззами миллат таъкид кардаанд: “Парчами давлатӣ барои мо – тоҷикон нишонаи бақои давлат, ваҳдату ягонагӣ, ҳувияти миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ифтихор аз давлатдории миллӣ ва ҳифзи арзишҳои таъриху фарҳанги халқамон мебошад”.
Маркази матуботи Хадамоти муҳоҷират
