• Тоҷикӣ
  • Русский
  • English

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Menu
  • АСОСӢ
  • ИТТИЛООТ
    • ХАБАРҲО
    • ГУЗОРИШҲОИ МАТБУОТӢ
    • ВОКУНИШ
    • ТАМОС БО РӮЗНОМАНИГОР
    • ГИРИФТАНИ ЁРИИ ҲУҚУҚӢ
  • ХАДАМОТ
    • РОҲБАРИЯТ
      • САРДОРИ ХАДАМОТ
      • МУОВИНИ АВВАЛИ САРДОР
      • МУОВИНИ САРДОР
    • СОХТОР
    • МУАССИСАҲОИ ХАДАМОТ
    • НИЗОМНОМА
  • МУҲОҶИРАТ
    • МУҲОҶИРАТИ ДОХИЛӢ
    • МУҲОҶИРАТИ ЭКОЛОГӢ
    • МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ
    • БА МУҲОҶИР
    • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “Муҳоҷир”
  • САНАДҲОИ МЕЪЁРӢ ҲУҚУҚӢ
    • КОНСТИТУТСИЯ
    • ҚОНУНҲОИ ҶТ
    • СОЗИШНОМАҲО
    • КОНВЕНСИЯҲО
    • ҚАРОРҲОИ ҲУКУМАТИ ҶТ
    • ЁДДОШТҲОИ ТАФОҲУМ
  • ҲАМКОРИҲО
    • ҲАМКОРӢ БО СОЗМОНҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
  • ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ҶАЛБИ ҚУВВАИ КОРИИ ХОРИҶӢ
    • ИҶОЗАТНОМА БАРОИ ИНТИҚОЛИ ҚУВВАИ КОРӢ БА ХОРИҶА
    • ИҶОЗАТ БАРОИ КОР БА ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ
  • ТАМОС ВА ҚАБУЛ
    • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
    • ТАМОС БО БАХШУ ШУЪБАҲОИ ХАДАМОТ ДАР НОҲИЯҲО
Home Хабархо

Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941 – 1945)

Migration Service by Migration Service
06.05.2025
in Хабархо, Хабарҳо
0
Саҳми фиристодагони Тоҷикистон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941 – 1945)
305
SHARES
2.3k
VIEWS
Share on FacebookShare on Twitter

Рӯзи Ғалаба ҳамчун — иди Ғалабаи бузурги халқи собиқ ИҶШС  дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 санаи 9-уми май муқаррар гаштааст.

Имсол аз ҷашни ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ 80-сол пур мегардад. Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамаи халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ иштирок намуда, барои мудофиаи мамлакати ягона мубориза бурдаанд ва дар ғалабаи Иттиҳоди Шӯравӣ саҳми бузурги хешро гузоштаанд. Аз ҷумла, дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон ҳудуди 300 ҳазор нафар сафарбар гардида, 92 ҳазори онҳо дигар ба Ватан бар нагаштанд.

Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги бузурги Ватанӣ (солҳои 1941-1945) аз ҷумлаи идҳои давраи Шӯравӣ мебошад, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол низ он ба таври тантанавӣ ҷашн гирифта мешавад.

Дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам бештар аён мегарданд. Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои фаромӯшнашуданӣ мақом дорад. Он барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо — Тоҷикистониён низ азиз ва гиромӣ аст. Ҳанӯз аз оғози ҷанг фарзандони тоҷик дар қатори аввалинҳо дар ҳайати ду дивизия ба ҷабҳаи ҷанг рафта буданд. Онҳо барои дифои Ватан ва шарафу номуси мардуми худ дар сангарҳо муборизаи шуҷоатнок ва корнамоиҳои бузург нишон додаанд.

Таҷлили ҳамасолаи ҷашни Ғалаба ҳамчун иди умумихалқӣ нишони арҷгузорӣ ба қаҳрамонӣ ва анъанаҳои пуршарафи ҷангии падарони шуҳратманд аст.

Ин ҷанги хонумонсӯз, ки дар таърихи башарият даҳшатноктарин ҷанг мебошад, беш аз 1418 шабонарӯз идома ёфта, тақрибан ҷони 26 миллион шаҳрванди собиқ мамлакати паҳновари Иттиҳоди Шӯравиро рабуд.

Дар солҳои бисёр ҳам вазнини Ҷанги Бузурги Ватанӣ мардуми ақибгоҳ, аз ҷумла меҳнаткашони Тоҷикистон бо заҳмату корнамоиҳои худ дар таъмини ғалаба саҳми муносиб гузоштанд. Он солҳо кор дар корхонаҳои саноатӣ, хусусан комбинати абрешими Ленинобод, фабрикаи бофандагии “Красний ткач” ва дигарҳо ҳама аз рӯи шиори “Ҳама чиз барои фронт, ҳама чиз барои Ғалаба” фаъолият мебурданд. Ҳар сокини ватандӯст мехост камтарин имконияти худро барои дастгирии Армияи советӣ ва аскарон қурбон кунад ва бо ҳамин рӯзу соати Ғалабаро тезонад.

Боиси ифтихор аст, ки ҷавонмардони тоҷик дар қатори дигар диловарписарони Ватан дар ҷабҳаҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ корнамоиҳои бемислу монанд нишон дода, сазовори ордену медалҳои зиёди ҷангӣ гаштаанд.

Эҳтироми собиқадорони ҷанг ва оилаҳои қурбониёни ҷангро ҳамеша ба ҷо меорем. Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба собиқадорони Ҷанги Бузургӣ Ватанӣ ва ақибгоҳи он ғамхориҳои хос зоҳир намуда, онҳо мудом таҳти сарпарастии доимӣ ва имтиёзҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.

Бахши робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷират

Previous Post

Корҳои фаҳмондадиҳӣ дар “Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе”  идома дорад

Next Post

Вохӯрии судманд бо сокинони Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара

Next Post
Вохӯрии судманд бо сокинони Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара

Вохӯрии судманд бо сокинони Ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара

Leave a Reply Cancel reply

Your email address will not be published. Required fields are marked *

Ба мо обуна шавед ва аз ҳама пеш аз навгониҳо хабардор гардед.

ХАДАМОТИ МУҲОҶИРАТИ ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Menu
  • УТОҚИ ШАХСӢ
  • ЭЪЛОНҲО
  • ҚАБУЛИ ШАҲРВАНДОН
  • БА МУҲОҶИР
  • ЗАМИМАИ МОБИЛИИ “МУҲОҶИР”
Яндекс.Метрика
  • Суроға: г.Душанбе, к. С Айни 121
  • Тел/факс:+992-225-05-75, 225-05-91, 225-05-89
  • sh.umumi@migration.tj
Instagram Facebook Twitter Youtube

Copyright © 2021

Навсози ва бозсозии сомона аз тарафи Иттиходи Аврупо дар чахорчубаи Лоихаи «Бехтаркунии
некуахволии мухочирони мехнати ва оилахои онхо дар Точикистон» маблаггузори карда шудааст.