Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми табрикиашон ба ифтихори Рӯзи истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 8 сентябри соли 2019 таъкид дошта буданд: “Истиқлол барои мардуми шарафманди тоҷик имконият фароҳам овард, ки ихтиёри давлатдориро ба дасти худ гирифта, ба сӯйи зиндагии осуда, эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ роҳи васеъ кушояд… Тайи даврони соҳибистиқлолӣ миллати куҳанбунёди мо бо таҷрибаву собиқаи давлату давлатдорӣ марҳалаи тақдирсози расидан ба сулҳу ваҳдати миллиро паси сар кард ва дар шоҳроҳи амалӣ намудани нақшаҳои азими созандагӣ, ки ҳадафашон бо тақдири наслҳои имрӯзаву оянда пайванди мустақим дорад, қадамҳои устувор гузошт”.
Дар ҳақиқат ҳам, дар даврони Истиқлоли давлатӣ дар самти рушди миллат, ҳувияти он, миллатсозӣ ва ташаккули давлатдории миллӣ бо сарварии Пешвои миллат тадбирҳои зиёде андешида шуда, миллати куҳанбунёди тоҷик ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид ва ба ин васила мақоми худро дар байни миллатҳои дигари олам хеле устувор сохт.
Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бо рӯҳи баланд, эҳсоси амиқи миллӣ ва муҳаббати самимӣ ба таъриху фарҳанги ниёгон ироа гардид. Ин Паём на танҳо баррасии вазъи иқтисодию иҷтимоии кишвар ва дурнамои рушди он мепардозад, балки ҳамчун ҳуҷҷати фалсафию ҳувиятсоз таъкиди вижае бар ҳифзи мероси фарҳангӣ, худшиносии миллӣ ва масъулияти наслҳо дар назди таърих дорад.
Дар ҷаҳони муосир, ки саршор аз даргириҳои геосиёсию танишҳои фарҳангист, ҳифзу тарғиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ на танҳо вазифаи ахлоқӣ, балки ба ниёзи ҳаётӣ барои бақову пойдорӣ табдил мешавад. Баъзе кишварҳо талош мекунанд мероси таърихию фарҳангии дигар миллатҳоро таҳриф намоянд ё онро мутааллиқ ба худ бидонанд. Дар чунин шароит, ҳифозат аз ҳувияти миллӣ ҳам барои давлат ва ҳам барои мардуми он бисёр муҳим мешавад.
Мардуми тоҷик дар тӯли таърихи чандҳазорсолаи худ ҳамчун миллати тамаддунсоз шинохта шудааст. Ҳанӯз аз даврони қадим ниёгони бузурги мо ормонҳои наҷиби ориёиро, ки дар се арзиши ҷовидонае чун пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори нек инъикос ёфтааст, таҷассум кардаанд. Ин арзишҳо танҳо шиори ахлоқӣ нестанд, балки пояи тафаккури миллӣ, ҷаҳонбинӣ ва фарҳанги зиндагии тоҷикон ба шумор мераванд..
Бесабаб нест, ки Роҳбари давлат дар Паёми худ ба ин асли бунёдии тамаддуни миллӣ ишора намуда, таъкид карданд, ки ҷомеаи солим, давлатдории устувор ва рушди босубот танҳо дар заминаи андешаи солим, сухани масъулона ва амали созанда шакл мегирад. Имрӯз, дар ҷаҳони пур аз чолишу бархӯрдҳои тамаддунӣ, маҳз ҳамин арзишҳои асил метавонанд ҷомеаро аз парокандагӣ, бегонапарастӣ ва гум кардани худшиносӣ муҳофизат намоянд.
Ҳамаи ин дастовардҳо дар самти рушди миллат, миллатсозӣ ва ташаккули давлатдории миллӣ натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ба миллати хеш эътимоди комил дошта, гуфтаанд: “Тоҷикон аз ҷумлаи миллатҳои хушбахтанд, ки тақдири имрӯзу фардои давлату ватани худро дар ихтиёр доранд”. Дар ҳақиқат ҳам, маҳз ҳамин хушбахтии миллати тоҷик – Истиқлоли давлатӣ доштани он имкон дод, ки дар ин даврон мо ба рушди миллӣ ва таҳкими нишонаҳою ҳувияти миллати хеш ноил гардем ва устувории онро ҳамчун миллати соҳибдавлат барои садсолаҳои оянда ва барои наслҳои минбаъдаи ин миллати куҳанбунёд таҳти сарварии Пешвои муаззами миллат таъмин созем.
Қурбонов Ҳоким,
Сардори шуъбаи молия ва хоҷагидорӣ Хадамоти муҳоҷират
