Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд.
Эмомалӣ Раҳмон.
Имрӯз ифротгароии ҷавонон дар беэътиноӣ бо қоидаҳои дар ҷомеа амалкунандаи рафтор, дар умум бо қонун ва ба вуҷуд омадани иттиҳодияҳои ғайрирасмии характери зиддиқонунӣ доштаи ҷавонон ифода меёбад.
Эмиссарҳои гурӯҳҳои тундрав ва ифротӣ бештар ба сафи худ ҷавононеро ҷалб менамоянд, ки зудбовар ва дорои усулҳои заифи ахлоқӣ ва ақидавӣ буда, хоҳиши қавии худзоҳиркунӣ ё худнишондиҳӣ доранд, аз нигоҳи иҷтимоӣ камолнаёфта, онҳое, ки ба таври содда идеологияеро қабул мекунанд, ки тамоюл (ба ақидаи онҳо) ба бунёди тартиботи ҷаҳонии «воқеан боадолат» бар асоси дин доранд.
Сабабҳои шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои тундрав;
- Аз ҷониби гурӯҳҳои экстремистӣ интихоб ва мавриди омӯзиш карор гирифтани ҷавононе, ки дорои сатҳи пасти дониши динӣ, дунявӣ ва маърифати ҳуқуқӣ мебошанд;
- Таъсири фасодангез ва ҷудоандозандаи ВАО, тарғиби зуроварӣ ва ҷинояткорӣ.
- Ҷалб намудани ҷавонони зудбовар, дорои усулҳои заифи ахлоқӣ ва ақидавӣ, хоҳиши қавии худзоҳиркунӣ ё худнишондиҳидошта, ва аз нигоҳи иҷтимоӣ камолнаёфта;
- Фаъолияти динии эмиссархои хориҷӣ дар давраи адои хаҷ;
- Истифодаи донишҷӯёни муассисахои динии хориҷӣ;
- Дар сатҳи паст қарор доштани фарҳанги иттилоотии ҷавонон;
Роҳҳои пешгирии ҷалби наврасону ҷавонон ба гурӯҳҳои экстремистӣ ва ҳизбу ҳаракатҳои тундрав;
- Ҷалби ҷавонон ба ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсии ҷомеа;
- Вусъат додани иттиҳодияхои ҷавонон;
- вусъат додани ҳаракати волонтёрӣ;
- фароҳам овардани шароит барои фаъолшавии ҷавонон;
- Дастгирии ташаббусҳои ҷавонон;
- Тарбияи ҳисси ватандӯстӣ дар ҷавонон;
- Тағйири тамоили субкултураи ҷавонон;
- ба вуҷуд овардани механизмҳои пурмаҳсули таъсир ба раванди сотсиаликунонии ҷавонон ва ворид намудани онҳо ба фазои иҷтимоӣ-фарҳангии ҷомеа;
- баланд бардоштани ҳамкории мақомоти давлатӣ бо ҷавонон;
- таъсис додани марказҳои ёрии равонӣ ба ҷавононе, ки бо мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд;
- баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҷомеаи шаҳрвандӣ.
- ташаккули шахсияти таҳаммулпазир, пурмасъул, бомуваффақият, ки ба пос доштани арзишҳои миллӣ, шаҳрвандӣ ва ватандустӣ нигаронида шудааст;
- ташаккули малакаи таҳаммулпазирии рафтор, баромадан аз пайравӣ ба динҳо ва созмонҳои харобиовар;
- баланд бардоштани таъсири шуури иҷтимоии зиёиёни пешқадам, боистеъдод, асарҳои бадеӣ ва мустанад, ки моҳияти одамбезории табиати экстремизм (ифротгароӣ)-ро ошкор сохта, барои ташаккули муносибатҳои дӯстона ба муҳити сермиллат таъсири мусбат мерасонанд;
- бештари ҷиноятҳои сиришти ифротгароидошта аз тарафи ноболиғон, аксаран, дар ҳайати гурӯҳҳо содир карда мешаванд. Дастаҳо ва гурӯҳҳои сершумори беназоратмондаи ҷавонон аксар вақт ба гурӯҳҳои ифротгаро табдил меёбанд.
- Коркарди барномаҳои иттилоотонӣ-фаҳмондадиҳӣ дар байни волидайн;
- Баланд бардоштани сатҳи маҳорати тарбиявӣ ва донишхои равонии волидайн;
- Фаҳмонда додани хатари таҳдиди ифротгароӣ, радикализм, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлуби иҷтимоии замони муосир;
- Зарурияти баррасӣ намудани ин масъала бо фарзандон.
- пешкаш кардани маълумот оид ба гурӯҳҳои ифротгароӣ, радикалӣ, террористӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби иҷтимоии замони муосир;
- додани маълумот оид ба ғайриқонунӣ будани иштироки ҷавонон дар тарғиби ифротгароӣ, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлуби иҷтимоии замони муосир.
- додани маълумот оид ба хатари муошират бо аъзоёни гурӯҳҳои ифротгаро, радикалӣ, террористӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби иҷтимоии замони муосир.
- омода намудан ва бо шумораи зиёд нашр намудани мавод доир ба моҳияти хатари ифротгароӣ ва терроризм барои волидайн аз ҷониби мактабҳо ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ.
- Истифода намудани имконияти мактабҳо дар гузаронидани корҳои иттилоотонӣ-фаҳмондадиҳӣ. Омода намудани омӯзгорон барои гузаронидани машваратҳои инфиродӣ ва гурӯҳӣ бо волидайн;
- Иттилоотонии волидайн аз тариқи ВАО, бо истифода аз шаклхои гуногуни он (барномахои маърифатӣ, филмҳо, мизҳои мудаввар, форумҳо ва ғ).
Барои муборизаи босамар бар зидди мафкураи экстремистии динӣ, тундгароӣ ва даҳшатафканӣ оила, ҷомеа ва давлатро зарур аст, ки дар ташаккул ва тарбияи шахсияте, ки дар ҳама ҳолат ба манофеи миллию давлатӣ авлавият диҳад, сатҳи баланди ахлоқ, ҷаҳони ғановатманди маънавӣ дошта, масъулиятшиносу созанда ва таҳаммулпазиру худогоҳ бошад, якҷоя саҳми арзанда гузоранд.
Давлат танҳо бо неруи қавии зеҳнӣ, идеяи миллӣ ва афроди пешоҳанги худ, яъне равшанфикрон, донишмандон ва ҷавонони таҳсилдидаю навовараш рушд мекунад. Барои комёб шудан ба рушди устувор, таҳкими ғояи миллӣ ва идеологияи давлатӣ муҳим аст.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)», ки таҳти №69 аз 8 декабри соли 2003 ба имзо расидааст, аз нигоҳи мазмун хатари ифротгароиро кушода дода, давлат ва ҷомеаро барои мубориза бо ин падида омода менамояд. Вазифаи ташкили ҳамаи қувваҳои ҷомеа ва давлат бобати муқовимат бо фаъолияти ифротгарои талаб менамояд, ки субъекти дар ин муқовимат махсусгардонидашуда таъсис дода шавад.
Ҳарчанд мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, ҳамзамон дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ зарур аст.
Барои он, ки гароиш аз тарафи ҷавонон ба ин гуна равияҳои ифротгаро аз байн бардошта шавад, бояд эҳсоси ватандӯстӣ, донишандӯзӣ ва муҳаббати касбу ҳунар дар байни насли ҷавони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ васеъ ба роҳ монда шавад.
Ҳамин тариқ, барои мубориза бурдан бо экстремизм, радикализм ва терроризм бояд ҳамаи қишрҳои ҷомеа масъулиятшинос бошанд, бо сохторҳои қудратӣ ҳамкорӣ намоянд ва мардумро аз таъсири ин вабои аср эмин нигоҳ доранд.
Абдушаҳидов Ҳумоюн,
Сардори шуъбаи таҳлил ва маълумотдиҳӣ Хадамоти муҳоҷират