Бо ташаббуси Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Суғд, ташкилоти ҷамъиятии “Машваратчиёни ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва ширкати телевизион ва радиои “АЗИЯ” барномаи телевизионӣ дар мавзуи “Нақши давлат, ҷомеа ва ВАО дар пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ” сабт гардид.
Дар чорабинии мазкур Ҳабиба Ҳамидова – роҳбари Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Суғд, Ризозода Равшан – сармутахассиси Шубаи ҳуқуқи Дастгоҳи Раиси вилояти Суғд, Ҷамолов Рустам – сармутахассиси Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд, Гафуров Султонҷон – сардори шубаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳри Хуҷанд, директори Ташкилоти ҷамъиятии “Чашмаи ҳает” – Раҳимова Марҳабо, директори Ташкилоти ҷамъиятии “Шамс” – Ҳомидҷонова Муқаддас ва Фаррух Абдулло – адвокати коллегияи адвокатҳои Суғд бо маърӯзаҳои мухталиф баромад намуданд.
Инчунин, аҳли нишасти барномаро намояндагони ташкилотҳои ҷамъиятии маҳаллӣ, донишҷӯён ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ташкил намуданд.
Дар оғози чорабинӣ роҳбари Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар вилояти Суғд баромад намуда, ба ҳозирин маълумот оид ба “Нақши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи муҳоҷирон” маълумот пешниҳод намуд. Дар идомаи чорабинӣ, меҳмонон ва коршиносон бо маърӯзаҳои худ баромад намуда, оиди раванди фаъолияти худ вобаста ба муҳоҷират маълумотҳо пешниҳод намуданд.
Сипас сармутахассиси Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд Ҷамолов Рустам дар рафти барнома доир ба навовариҳои қонунҳои амалкунанда дар Федератсияи Россия ибрози андеша намуда, қайд кард, ки ҷиҳати қонунигардони дар Федератсияи Россия аз 30 декабри соли 2024, №1126 Фармони Президенти Федератсияи Россия ба тасвиб расидааст, ки аз 28 апрели соли 2025 ба он тағйирот ворид гардида, муҳоҷирони меҳнатӣ, ки мушкилот дар самти ҳуҷҷатгузории худ доранд метавонанд то санаи 10 сентябри соли 2025 вазъи ҳуқуқии худро ба танзим дароранд.
Дар фарҷоми чорабинӣ байни иштирокдорон саволу ҷавоб доир ба мавзуъ ташкил карда шуда, аз ҷониби масъулин ба саволҳои додашуда посухҳои конеъкунанда гардонида шуд.
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд